Маълумотномаи кафедра

КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ЛОГИСТИКА

Кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт мутобиқи қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 07.12.2022 №102/и дар пояи собиқ кафедраҳои моделсозии математикӣ ва технологияҳои иттилотӣ (2003), информатикаи амалӣ (2006), технологияҳои иттилоотӣ (2009), технологияҳои иттилоотӣ ва логистика (2012)-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва кафедраи математика ва технологияи иттилоотӣ (2010)-и Донишкадаи молияи Тоҷикистон, моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ (2012)-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъсис ёфтааст.  

Роҳбарии кафедраро омӯзгорони зерин ба уҳда доштанд:

1. [Мирзоахмедов Ф.М.], д.и.т., профессор - солҳои 2003-2012;

2. Раҷабов Ф.С., н.и.ф.м., дотсент- солҳои 2012-2018;

3. Наҷмиддинов А.М., н.и.ф.-м., дотсент – солҳои 2018-2020;

4. Ғафуров П.Ҷ., н.и.и., дотсент – аз моҳи марти соли 2020.

5. Воҳидов У.М  н.и.и., дотсент – аз моҳи октябри соли 2025.

Мақсади ташкил намудани кафедра аз тайёр намудани мутахассисони ҳирфавии замони муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аз рӯи ихтисосҳои технологияҳои иттилоотии идора дар иқтисодиёт, логистика, технологияҳои иттилоотӣ низомҳои молиявӣ, иқтисоди рақамӣ ва  кибернетикаи иқтисодӣ (технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт) иборат мебошад. Донишҷӯёни ихтисосҳои зикргардида баъд аз хатми донишгоҳ соҳиби тахассуси дусоҳавии «математик-иқтисодчӣ», «маркетолог-иқтисодчӣ», «математик-барномасоз», «иқтисодчӣ-информатик» ва «кибернетик-иқтисодчӣ» гашта, метавонанд дар сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ аз ҷумла марказҳои таҳлилӣ, молия, бонк, андоз, гумрук, суғурта ва ғайра кору фаъолият намоянд.

Ҳайати устодони кафедра 10 нафарро ташкил медиҳад, ки  аз инҳо 5 нафар номзадони илм, 1-нафар доктор (PhD) аз рўйи ихтисос 2-нафар муаллимони калон ва 2-нафар ассистентон мебошанд: Ғафуров Парвиз Ҷурахонович –мудири кафедра, аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент; Мирзоабдуғафуров Каримҷон Иброҳимҷонович – барандаи Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар бахши илмҳои бунёдӣ (2010), номзади илмҳои физика-математика, дотсент; Фозилова Давлатбахт Миралибековна -номзади илмҳои физика-математика, дотсент; Турахонзода Шаҳриёр Нурулло-доктор (PhD) аз рӯйи ихтисос; Воҳидов Умар Маҳмадиевич- аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент; Гулов Акобир Баҳронович - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент; Фезалиев Абдураҳим Султонкаримович-муаллими калон; Саъдонов Алидод Ғуломович-муаллими калон; Ҳамзаев Толибшо Сироҷиддинович-ассистент; Бахтоваршоҳи Асомуддин-ассистент.

Самти илмӣ-тадқиқотии кафедра барои солҳои 2018-2022 бо унвони “Қонуниятҳои рушди рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ дар шароити ҳамгироии иттилотии молиявӣ ва иқтисодӣ” дар Маркази миллии патенту иттилоот ба қайд гирифта шуда буд ва натиҷаи он дар шакли маколаҳои илмӣ, китоби дарсӣ, васоити таълимӣ, дастури методӣ-таълимӣ ва монографияҳо  ба чоп расонида шуд. Нақшаи перспективии корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика барои солҳои 2023–2027 дар самти “Рушди рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ бо ҷорӣ намудани технологияи муосир” дар Маркази миллии патенту иттилоот ба қайд гирифта шуда, устодони кафедра тибқи мавзӯҳои интихобнамуда,  кор ва фаъолияти худро идома дода истодаанд.

Дар назди кафедра маҳфилҳо аз ҷумали маҳфили илмии донишҷӯён бо унвонии “Моделсозони ҷавон”, семинари илмӣ-методӣ ва зермаҳфили “Зеҳн” амал мекунанд, ки ҳармоҳа тибқи нақшаҳои тасдиқшуда, аз тарафи донишҷӯёни тахассусӣ, устодон ва олимону мутахассисони соҳа даъватшуда таҳқиқоти илмии худро баромад менамоянд.

Аз тарафи устодони кафедра дар давоми солҳои 2022-2024 142- маводҳои илмӣ-методӣ аз ҷумла, 1-китоби дарсӣ, 8 васоити таълимӣ, 3 дастури методӣ, 5- монография, зиёда аз 126-мақола ва тезисҳо ба чоп расонида шудааст, ки аз он 20 мақолаи тақризшаванда аз ҷониби КОА ва 2 мақолаҳо дар маҷаллаҳои бонуфуз  (Web of Science) ба табъ расонида шуданд.

Устодони кафедра дар омода намудани донишҷӯён ба олимпиада ва озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», саҳми назаррас доранд. Соли 2021 донишҷӯ Ҳасанов Муҳаммадфирӯз таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғафуров П.Ҷ. дар олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни математика сазовори ҷойи дуюм гардид. Худи ҳамон сол дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар давраи ноҳиявӣ, шаҳрӣ сазовори ҷои якум ва дар давраи ҷумҳуриявӣ бошад сазовори ҷои дуввум гашт. Соли 2022 донишҷӯ Панявин Михаил таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғафуров П.Ҷ. дар озмуни мазкур аз фанни технологияҳои иттилоотӣ дар ҳамаи марҳилаҳо — ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ — сазовори ҷойи аввал гардид. Соли 2024 донишҷӯ Раҳматов Сунатулло Парвизович таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғафуров П.Ҷ. дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз фанни математика дар давраи ноҳиявӣ ҷойи аввал, дар давраи шаҳрӣ ҷойи дуюм ва дар давраи ҷумҳуриявӣ ҷойи сеюмро соҳиб гашт.

Ҳамзамон, устодони кафедра ба сифати коршиносони соҳаи иқтисод фаъолият намуда, бо мақсади баланд бардоштани маҳорати педагогӣ ва ихтисоси худ дар дохил ва хориҷи кишвар тахассуси худро такмил дода, соҳиби сертификатҳо ва дипломҳо гардиданд.

Устоди кафедра н.и.и., дотсент Ғафуров П.Ҷ. ба ҳайси эксперт оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (моделсозии (макро)иқтисодӣ ва дурнамо, идоракунии молияи давлатӣ) дар лоиҳаҳои ширкатҳои консолтингии SOFRECO ва LOUIS BERGER-и Франсия, WYG International & CIPFA - Британаи Кабир, Business & Strategies in Europe бо кумаки Иттиҳоди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ (World Bank), GIZ, UNDP ва UNFPA  дар вазорату ташкилотҳо аз ҷумла взорати молия ва вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Ҳамчун коршинос оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар таҳияи Стратегияи милли рушд то давраи солҳои 2030, Барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, саҳми арзанда дорад.

Аз соли 2020 то соли 2023 лоиҳаи дигар бо номи “Рақамсозии иқтисодиёт ҳамчун унсури рушди устувори Украина ва Тоҷикистон/DigEco 618270-EPP-1-2020-1-LT-EPPKA2-CBHE-JP” бо дастгирии иттиҳоди Аврупо (Erasmus+: КА2 CBHE) ба мақсади баланд бардоштани иқтидори таҳсилоти олӣ дар самти иқтисоди рақамӣ амал мекунад. Дар доираи ин лоиҳа барои як гурӯҳи устодони кафедра мувофиқи нақшаи муайян мунтазам онлайнӣ-тренингҳо бо мақсади ҷори намудани таҷрибаи ин мамлакатҳо дар самти иқтисоди рақамӣ гузаронида шуд. Ин боиси он гардид, ки барномаи таълимии ихтисоси «иқтисоди рақамӣ», ки айни замон дар донишгоҳ фаъолият мекунад, мутобиқи талаботи байналмилалӣ таҳия карда шавад.


Дар раванди омўзиш ба ихтисосҳои номбаршуда устодон донишҷуёнро бо тамоми ҷанбаҳои ҳалли масъалаҳои проблемавии гуногун шинос намуда, роҳу усулҳои муосири мушкилоти соҳаро меомўзонанд. Вобаста ба сатҳу сифати таълим дар назди кафедра 2-озмоишгоҳ муҷаҳҳаз бо компютерҳои замонавӣ ва тахтаи электронӣ ва синфи методӣ вуҷуд дорад, ки донишҷӯён ҳамарӯза барои сайқал додани донишҳои амалии худ аз онҳо истифода мебаранд. Яке аз ин синфхона - озмоишгоҳи таълимию таҷрибавии “Иқтисоди рақамӣ” дар бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини пешрафти рушди иқтисодиёти рақамӣ таъсис дода шудааст, ки дар асоси талаботи муосир, сифат ва самаранокии фанҳои таълимии марбут ба иқтисоди рақамӣ ба маротиб баланд бардошта мешавад. Дар ин озмоишгоҳ таҷҳизоти муосири информатсионию коммуникатсионӣ, дастгоҳҳои сабти видео ва аудиолексияҳо насб карда шуда, аз нигоҳи технологӣ ва методӣ маркази мукаммалу замонавии таълимию таҷрибавӣ ба шумор меравад. Таъсиси ин озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки минбаъд раванди рақамикунонии фанҳои таълимӣ, таҳияи наворҳои иттилоотию иртиботӣ, аудио ва видеолексияҳо тақвият бахшида шуда, ин усули самарабахш дар раванди таълим васеъ ҷорӣ карда шавад. Дар баробари ин таъминоти барномавӣ ва таҷҳизоти озмоишгоҳ барои донишҷӯён ва магистрантон ҷиҳати ташкил ва амалӣ намудани тадқиқоти илмӣ, аз ҷумла таъсиси гурӯҳҳои илмӣ мусоидат менамояд. Вобаста ба ин, самти таҳлилии озмоишгоҳи «Иқтисоди рақамӣ» ба лоиҳаҳои таҳлилӣ ва тадқиқотӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, иқтисод, таҷрибаи байналмилалӣ ва сиёсати танзимкунанда равона карда шудааст. Дар ин озмоишгоҳ барномаҳои таҳлилӣ ва маводҳои таълимию амалӣ насб шудаанд, ки аз тарафи омӯзгорону таҳлилгарон, унвонҷӯёну магистрантон ва донишҷӯён мавриди истифода қарор гирифта шудаанд.


Фанҳои таълимӣ

ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ «МОДЕЛСОЗИИ МАТЕМАТИКӢ ВА ИТТИЛООТӢ»

  • Эконометрика. Мақсади фан дар асоси маълумотҳои оморӣ дуруст интихоб намудани роҳҳои объективии пешравии равандҳои иқтисодиёт тавассути усулҳои оморӣ ва риёзӣ мебошад. Дар асоси моделҳои эконометрикӣ таҳлили ададӣ, сифатӣ ва пешгуикунии объекти тадқиқшавандаро меомӯзад.

  • Моделсозии имитатсионии равандҳои иқтисодӣ. Мақсади фанни мазкур аз омӯзиши равандҳои иқтисодӣ ва маънидоди пайдарпайи идеаҳои умумӣ ва методҳои компютерии моделсозии системаҳои мураккаби таиноти гуногундошта бахшида шудааст, ки онҳо дар шароити таъсири омилҳои тасодуфӣ, амалӣ мегардаанд. Асосан моделсозии имитатсионии равандҳои иқтисодӣ ҳангоми гузаронидани таҷрибаҳои иқтисодӣ, техникӣ, биологӣ ва ғайра истифода бурда мешаванд, ки арзиши воқеии ин таҷрибаҳо хело гарон мебошанд.

  • Менеҷменти информатсионӣ. Мақсади фан аз истифодаи система ва технологияҳои иттилоотӣ, телекоммуникатсионӣ, идоракунии базаи маълумотҳо, идоракунии корхонаву муассисаҳо бо ёрии барномаҳои компютерӣ, таҳлили молиявию иқтисодӣ, қабули қарорҳо дар шароити хатарҳо ва номуайянӣ иборат мебошад. Дар инҷо ба роҳ мондани пардохтҳо дар низоми вақти ҷорӣ, банақшагирии динамикии манбаъҳои моддӣ ва молиявӣ ҳангоми идораи корхона, ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ пиёда мегардад.

  • Сохт ва таҳлили системаи иттилоотӣ. Фани мазкур ин аз бунёди дониш оиди воситаҳои гузориши масъалаи лоиҳасозии системаҳои иттилоотӣ, автоматикунонии фаъолияти идоракунӣ ва методҳои таҳлили сохтории комплексҳои ташкилӣ-техникии мураккаб иборат мебошад.

  • Методҳои математикӣ дар иқтисодиёт. Мақсади фан аз бунёд ва истифодабарии намудҳои гуногуни моделҳо ва методҳои математикӣ дар самтҳои мухталифи иқтисодӣ-иҷтимоӣ иборат мебошад. Дар инҷо ҳисоббаробаркунӣ дар асоси технологияи компютерӣ гузаронида мешавад.

  • Моделсозии системаи иттилоотӣ. Мақсади фанни мазкур аз бунёди дониш оиди методҳои муосири воситаҳои моделсозии системаи иттилоотӣ, ташаккули малака ва маҳорати истифодабарии амалии он дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ-иҷтимоӣ иборат мебошад.

  • Асосҳои муҳандисӣ – иқтисодӣ. Фани мазкур аз бунёди дониши назариявӣ ва амалиявии системаҳои техникӣ – экономикӣ, баҳодиҳи ва пешгуии воқеӣ, тавсифи сатҳи истеҳсолот, ҳисоби арзиши аслии маҳсулот ва ҳуҷҷатҳои нормативӣ иборат буда барои таҳлили ҷараёни маблағгузорӣ дар таҳия ва тадбиқи лоиҳаҳо бахшида шудааст.

  • Асосҳои лоҳиабанди ва конструкторӣ. Фани мазкур барои бунёди дониш оиди лоиҳабандӣ ва асосҳои конструктории объектҳои идоракунӣ, воситаҳои илмӣ-техникӣ ва татбиқкунӣ равона карда шудааст.

  • Системаи иттилоотӣ ва технологияҳо дар логистика. Фанни мазкур аз бунёди дониш оиди моделҳои системаи иттилоотӣ дар логистикаи муосир, идоракунии занчирҳои таҳвил, истифодаи самарабахши захираҳои иттилоотии ташкилотҳо ва принсипҳои асосии логистикаи иттилоотӣ бахшида шудааст.

  • Методҳои иқтисодӣ-метематикӣ ва моделҳо дар логистика. Мақсади фан аз бунёди дониш оиди таҳия ва методҳои моделҳои математикӣ дар логистика ва истифодаи технологияи компютерӣ аз ҳалли масъалаҳои логистикӣ иборат мебошад.

  • Лоиҳасозии системаи иттилоотии иқтисодӣ. Фанни мазкур барои бунёди дониш оиди лоиҳасозии системаи иттилоотии иқтисодӣ ва истифодаи пакети барномаҳои компютерии махсусгардонидашуда дар ситемаи иттилоотии идоракунии иқтисодӣ равона карда мешавад.

  • Назарияи системаҳои информатсионии иқтисодӣ. Фани мазкур барои бунёди дониш оиди мавқеи равандҳои равандҳои иқтисодӣ, системаи иттилоотии иқтисодӣ, асоси назариявии сохтани системаҳои информатсионии функсионалӣ ва таъминкунандаи зерсистемаҳо равона карда мешаванд.

  • Програмометрика. Фанни мазкур барои бунёди дониш оид ба омӯзиши методҳо ва методикаҳои баҳодиҳии сифати моли интелектуалӣ-барномавӣ, ташкили равандҳои сертификатсия ва нархмуайянкунӣ равона карда мешавад.

  • Методҳои иқтисодӣ-метематикӣ ва моделҳо дар нархмуайянкунӣ. Фанни мазкур барои бунёди дониш оиди моделҳо ва методҳои иқтисодӣ-математикӣ, ва истифодабарии онҳо дар ҳалли масъалаҳои амалии нархмуайянкунӣ иборат мебошад.

  • Назарияи системавӣ ва таҳлили системавӣ. Фанни мазкур барои бунёди дониш оиди муносибати системавӣ дар идоракунии объектҳои иқтисодӣ автоматикакунонидашуда ва таҳлилу синтези системаҳои иқтисодии муосир бахшида шудааст.

  • Этикаи касбӣ. Фанни мазкур барои бунёди дониш оиди этикаи (одоби) касбии тахассуси математик-иқтисодчӣ, ки ҳангоми муносибати байни хамдигарии донишҷу ва устод, рафтору кирдори донишҷу дар чараёни бунёди дониш байни ва иштироки онҳо дар корҳои чамъиятии дохили донишкадавӣ ва берун аз он муайян карда мешавад.

  • Муқаддимаи тахассус. Фани мазкур барои бунёди дониш оиди тахассуси математик-иктисодчӣ, мазмун ва мундаричаи тахассӯс, сохтори барномаҳои таълимӣ ва мавқеи ҳар яке аз фаҳои омӯхташаванда дар ҷараёни таълим, дарки аниқи ихтисоси интихобкарда онҳо, аниқ намудани хусусиятҳо, методология ва доираи масъалаҳои ҳалталабе, ки аз худ кардани онҳо, донишу малакаи донишҷӯёнро мувофиқи стандарти давлатии таълим таъмин мекунад, баён менамояд.

  • Математикаи молиявӣ. Фанни мазкур барои бунёди дониш барои усулҳои таҳлили миқдории амалиётҳои молиявӣ, тавассути пул, қоғазҳои қиматнок ва амалиётҳои гуногунро дар бозори молиявӣ тавассути барномаҳои компютерӣ баён менамояд.

  • Усулҳои риёзиёт ва тадқиқи амалиётҳо дар иқтисодиёт. Фани мазкур барои бунёди дониш оиди моделҳои ва методҳои математикии ҳалли масъалаҳои самтҳои тадқиқоти иқтисодӣ-математикӣ доштаи соҳаҳои мухталиф иборат мебошад.

  • Математика дар иқтисодиёт. Фанни мазкур барои бунёди дониш оиди истифодабарии методҳои замонавии таҳлили математикии ҳалли масъалаҳои мухталифи равандҳои иқтисодӣ дар сатҳи микро ва макроиқтисодиёт иборат мебошад.

Ҳайати кормандони кафедра