Маълумотномаи кафедра

Давлатов Хуршед Маҳмадович
Вазифа: Мудири кафедра
Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
| +992 99 999 9999 | |
ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ»
Бо мақсади тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси мақомоти гумрук соли 1998 дар назди факултети «Ҳуқуқшиносӣ» - и Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ кафедраи «Умури гумрук» таъсис дода шуд ва роҳбарии кафедраро полковники хадамот гумрук Насриддинов Ф. Б. ба ӯҳда дошт, ки бевосита ташкилкунандаи кафедра буд. Соли 2004 дар заминаи кафедра факултети «Умури гумрук» таъсис дода шуд ва собиқ кафедраи «Умури гумрук» ба кафедраи «Ташкили назорати гумрукӣ» (мудири кафедра дотсент Насриддинов Ф. Б.) ва кафедраи «Пардохтҳои гумрукӣ ва назорати асъор» (мудири кафедра Мирзоев И. Қ.) ҷудо карда шуд. Соли 2008 бо сабаби тағйироти сохторӣ дар Донишкада дар заминаи ҳарду кафедра кафедраи «Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ» таъсис дода шуд. Соли 2010 кафедраи «Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ» ба кафедраи «Пардохт ва назорати гумрукӣ» (мудири кафедра дотсент Насриддинов Ф. Б.) ва кафедраи «Ташхис ва ҳуқуқи гумрукӣ» (мудири кафедра генерал – майори хадамоти гумрук, н.и.ҳ. Ҳасанов К. Ҳ.) ҷудо карда шуд. Аз 1-уми сентябри соли 2011 роҳбари кафедраи «Пардохт ва назорати гумрукӣ» н.и.и. дотсент, Раҳимов Нуриддин Наъимович таъин гардид. Моҳи сентябри соли 2012 дар заминаи кафедраҳои «Пардохт ва назорати гумрукӣ» ва «Ташхис ва ҳуқуқи гумрукӣ» кафедраи «Фаъолияти гумрукӣ ва логистика» таъсис дода шуд ва роҳбарии онро то моҳи августи соли 2014 н.и.и., дотсент Раҳимов Н.Н. ба уҳда дошт. Аз охири моҳи августи соли 2014 иҷрокунадаи вазифаи мудири кафедра дотсент Мираков Қ. М. таъин гардид. Аз моҳи сентябри соли 2018 рохбарии кафедраро дотсент Муминов А Б ба уҳда дорад.
Ҳоло дар кафедра устодони соҳибунвони ботаҷриба фаъолият мекунанд, ки саҳми бисёрии онҳо дар тайёр намудани мутахассисони баландпояи мақомоти гумрук назаррас мебошад. Аз ҷумла, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Мираков Қ. М., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Неъматов И. У., аълочии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хадамоти гумрук, устоди калон Шомудинов О. Д., устодони калон., Иматчоев З. Х., ассистентон Давлатов Ф.Ҳ., Давлатов Ф.С., Абдуллоев С.И., Ҳалимхонов З.А.,Махмадбекова Н.Сайдиев А .Акбаров С ва Давлатова Т.С., оператор – ҳуҷҷатнигор Гоибова Ф., ҳамкорони дохила н.и.и., дотсент Попов Н.А., н.и.и., дотсент Содиқов М. С., устодони беруна н.и.и., полковники хадамоти гумрук Маҳмадзода Ҳайдар, нозири калони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук лейтенанти калони хадамоти гумрук Нозимов А. Х., Инчунин дар кафедра солҳои тӯлони мутахассисони шинохтаи соҳаи гумрук Устодони кафедра ба донишҷӯён зиёда аз 40 - фанни таълимӣ дарс мегӯянд. Яке аз мақсади аввалиндараҷаи устодони кафедра ин бо маводҳои таълимӣ таъмин намудани донишҷӯён мебошад.
Ҳамзамон оид ба фанҳои таълимие, ки аз ҷониби устодони кафедра аз рӯйи ихтисосҳои 1 – 960101 – «Хадамоти гумрук» ва 1 – 96010102 – «Таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ» таълим дода мешаванд, барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ, силлабус барои бахшҳои низоми таҳсилоти кредитӣ, тестҳо барои қабули санҷишу имтиҳонот, мавзӯҳо дар шакли слайд, мавзӯҳои корҳои курсӣ ва хатм, барномаи таҷрибаомӯзӣ, нақшаи дурнамои корҳои илмию амалии устодони кафедра дар солҳои 2012 - 2018 нақшаи дарсҳои амалию тарбиявӣ ва дигар маводҳои таълимӣ – методӣ таҳия намуда мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Кафедра бо кафедраҳои бисёр муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ робитаи зичи ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла, бо кафедраи “Хадамоти гумруки Донишгохи давлатии хукук бизнес ва сисати Точикистон, кафедраи “Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумрук” – и Фаъолияти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, мудири кафедра н.и.и., дотсент Нодиров О.Ф., Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инчунин, бо мақсади мубодилаи таҷриба ва дар ин замина баланд бардоштани савияи тахассусии устодони кафедра бо як қатор Барномаҳои хориҷӣ ҳамкориҳои зич дорад.
Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва суръати баланди рушди мақомоти гумрук талаботро ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи гумрук дучанд баланд намудааст. Бинобар ҳамин, дар назди кафедра масъалаи баланд бардоштани сифати таълим ва дониши донишҷӯён ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани онҳо гузошта шуд. Корҳои илмию тадқиқотии кафедра тибқи нақшаи перспективии 5-сола ба роҳ монда шудааст "Низоми гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат"
Ҳоло кафедраи «Фаъолияти гумрукӣ» яке аз кафедраҳои асосии тахассусии факултети Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ буда, барои тайёр намудани мутахассисони мақомоти гумрук саҳмгузор мебошад. Устодони кафедра муаллифи чандин асарҳои илмӣ, аз ҷумла 8 монография, 14 китоби дарсӣ, зиёда аз 210 мақолаҳои илмӣ мебошанд. Мавзӯи тадқиқотҳои илмии устодони кафедра асосан ба масъалаҳои нақши мақомоти гумрук дар таъмини бехатарии иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили механизми ташкилию иқтисодии идоракунии мақомоти гумрук тавассути роҳу усулҳои нави фаъолияти гумрукӣ равона карда шудааст. Инчунин дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои фаннӣ амал мекунанд. Кафедра дорои заминаи пуриқтидори зеҳниву моддӣ - техникӣ ва кадрӣ буда, аз рӯи ихтисосҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир мутахассис тайёр мекунад.
Фанҳои таълимӣ
ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ «ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ»
- Этикаи касбӣ – фанни таълимиест, ки ба донишҷӯён принсипҳои этикаи кории кормандони мақомоти гумрукро меомӯзонад. Дар ин фан омӯхтани тарзи муносибати мардон ва занони корчалон, этикаи муоширати кори хатӣ, этикети роҳбар, техникаи гузаронидани суҳбатҳои корӣ хеле муҳим мебошад.
- Иқтисодиёти умури гумрук – яке аз шохаҳои илмҳои иқтисодӣ буда, омӯзиши он зарурияти хосае дорад, чунки фаъолияти гумрукӣ – қисми асосии фаъолиятнокии иқтисоди хориҷӣ ва таъиноти он дар рушди хоҷагии халқ, сиёсати гумрукӣ ва усулҳои танзими ФИХ мебошад. Омӯзиши ин фан ба донишҷӯён маълумот оиди барномаҳои проблемавии мақсаднок дар фаъолияти гумрук, заминаҳои моддӣ-техникӣ ва кадрӣ, фондҳои асосӣ, сохтмонҳои асосӣ ва таъминоти моддӣ-техникии дар фаъолияти гумрукӣ, музди меҳнат ва таъмини иҷтимоии кормандони мақомоти гумрукро медиҳад, ки дар шароити муосир бисёр муҳим аст.
- Андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ – фанни таълимие мебошад, ки мақсади омӯзиши он шинос намудани донишҷӯён бо асосҳои назариявии андозҳо, принсипҳои асосии он, аз ҷумла ба шакли муайян даровардани системаи андоз, андози даромад аз шахсони воқеӣ, андоз аз даромади муассисаҳо, аксизҳо, андози замин ва намудҳои дигари андозҳо, пардохтҳои гумрукӣ, таснифоти умумӣ ва таъиноти онҳо, боҷҳои гумрукии содиротӣ ва воридотӣ, хироҷҳои гумрукӣ барои ба расмиятдарории гумрукӣ, истифодабарии AAUS ҳангми барасмиятдарории гумрукӣ мебошад. Фанни мазкур имкон медиҳад, ки онҳо дониши назариявии худро дар амалия оид ба истифодабарии пардохтҳои гумрукӣ оиди молҳое, ки тавассути сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқол дода мешаванд ба амал бароранд.
- Таърихи фаъолияти гумрукӣ ва сиёсати гумрукӣ - фанни таълимие мебошад, ки донишҷӯёнро бо фаъолият ва сиёсати гумрукӣ, ташаккулёбии онҳо шинос менамояд. Омӯзиши ин фан ба донишҷӯён оиди фаъолияти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муосир, проблемаҳои актуалӣ ва меёркунонии сиёсати гумрукӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва самтҳои асосии ҳамкории байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрук маълумот медиҳад.
- Ташкили назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт – фанни таълимиест, ки дар қатори асосҳои назариявии омӯзиши принсипҳои умумии танзими мол ва воситаҳои нақлиёт, шакл ва вазифаҳои назорати гумрукӣ, хусусиятҳои хоси амалисозии амалҳои пешакӣ, пур намудани ҳуҷҷати назорату интиқол (ДКД) ва китобчаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути роҳҳо (МДМ), назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёт ҳангоми боркашонии нақлиёти ҳавоии байналмилалиро меомӯзад. Фанни ташкили назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт ҳамчун фанни тахассусӣ технологияи барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт бо истифода аз ЭБГ, тартиби пуркардани эъломияи бори гумрукӣ (ГТД) ва тартиби назорату барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиётиро низ меомӯзонад.
- Коргузории гумрукӣ – фанни таълимие мебошад, ки донишҷӯёнро бо омӯзонидани ягонакунии системаи ҳуҷҷатгузорӣ, ҷори кардани системаи ягонаи коргузорӣ, ташкили гардиши ҳуҷҷатҳо, усулҳои ҳозиразамонии қабул ва фиристонидани ҳуҷҷатҳо, тартиб додани ҳуҷҷатҳои хизматӣ нигаронида шудааст.
- Практикум оид ба декларатсиякунонии молу воситаҳои нақлиёт – фанни таълимӣ аст, ки ба донишҷӯён омӯзонидани шаклҳои деклоратсия кардани мол ва воситаҳои нақлиёт барои мақсадҳои гумрукӣ, тартиби махсуси декларатсияи мол ва воситаҳои нақлиёт, иҷозати мол, амалҳои шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳангоми қабул, назорат ва иҷозати ДГБ нигаронида шудааст. Бояд қайд кард, ки ҳангоми омӯзиши ин фан донишҷӯён бо қоидаҳои пур кардани сутунҳои ДГБ аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук, хусусиятҳои декларатсия кардани категорияҳои алоҳидаи молҳо вобаста ба хосият, таъинот ва кишварҳои истеҳсолкунандаи мол шинос мешаванд.
- Бехатарии иқтисодӣ – омӯзиши фанни мазкур зарурияти хоса дорад, чунки он бо бехатарии иқтисодии давлат вобаста мебошад. Дар фанни мазкур ба донишҷӯён таснифи бехатарии иқтисодии мамлакат, мафҳуми “хатар” ва “бехатарӣ” дар замони муосир, бехатарии иқтисодӣ дар низоми амнияти миллии мамлакат, хатари иқтисодии дохилӣ ва беруна, самтҳои асосии таъмини бехатарӣ дар хоҷагии миллӣ омӯзонида мешаванд. Ғайр аз ин дар фанни мазкур таъмини бехатарии иқтисодӣ дар хоҷагии миллии Тоҷикистон таҳлил карда мешавад. Умуман азхуд намудани фанни бехатарии иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти калонро пайдо мекунад.
- Ташкили мубориза алайҳи вайронкуниҳои қоидаҳои гумрукӣ ва қочоқ – фанни таълимие мебошад, ки дар он моҳият ва намудҳои гуногуни вайронкуниҳои ҳуқуқи гумрукӣ, намудҳо ва субъектҳои қочоқ ва дигар ҷиноятҳо дар доираи фаъолияти гумрукӣ, иҷро намудани қарорҳо оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо омӯзонида мешаванд.
- Танзими гумрукию тарифии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва арзиши гумрукӣ – моҳияти фанни мазкур дар он мебошад, ки донишҷӯён бо мақсад, самтҳои асосӣ ва усулҳои танзими гумрукию таърифии ФИХ, проблемаҳои ҳуқуқии таъмини танзими гумрукию тарифӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши гумрукии мол, боҷ ҳамчун олоти танзими гумрукию тарифӣ шинос мешаванд.
- Асосҳои воситаҳои техникии назорати гумрукӣ – омӯзиши он барои донишҷӯёни ихтисосӣ хадамоти гумрук хеле зарур мебошад. Дар ин фан донишҷӯёнро бо нақшу мавқеи воситаҳои техникии назорати гумрукӣ дар фаъолияти мақомоти гумрук, воситаҳои техникие, ки барои ҳалли вазифаҳои оперативии назорати гумрукӣ истифода мешаванд, таснифоти воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ва принсипҳои истифодабарии онҳо омӯзонида мешаванд.
- Низоми танзими ғайритарифии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – фанни таълимие мебошад, ки ба донишҷӯён омӯзонидани системаи чораҳои ғайритарифӣ дар тиҷорати хориҷӣ, литсензиякунонӣ ва квотакунонӣ дар соҳаи тиҷорати хориҷии молҳо, намудҳои литсензия ва квота, тартиби иҷозатномавии интиқоли категорияҳои алоҳидаи мол тавассути сарҳади гумрукии ҶТ, тартиби ба қаламрави гумрукии ҶТ ворид намудан ва аз ин қаламрав содир кардани маҳсулоти дорои таъиноти ҳарбӣ нигаронида шудааст.
- Барасмиятдарории гумрукӣ ва назорат дар гардиши ғайрисавдо – фанни талимиест, ки донишҷӯёнро бо тартиби иҷозатномавии интиқолӣ намудҳои алоҳидаи мол тавассути сарҳати гумрукии ҶТ аз ҷониби шахсони воқеӣ, интиқоли мол аз тарафи категорияҳои алоҳидаи шахсони хориҷӣ, назорати гумрукии пул ва арзишҳои пулие, ки тавассути сарҳади гумрукии ҶТ аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқол дода мешаванд, тартиби ба расмиятдарории гумрукии моли ба сифати кӯмаки башардӯстона ба ҳудуди гумрукии ҶТ воридшаванда омӯзонида мешаванд. Аз ҳамин сабаб омӯхтани фанни мазкур барои мутахассисони мақомоти гумрук зарур мебошад.
- Инфраструктураи гумрукӣ – дар фанни «Инфраструктураи гумрукӣ» моҳият ва вазифаҳои инфраструктураи гумрукӣ, нақши он дар инкишофи фаъолияти гумрук, намудҳои инфрасохтори гумрукӣ, инфраструктураи истеҳсолӣ, техникӣ ва иҷтимоӣ, баҳодиҳии самаранокии объектҳои инфраструктураи гумрукӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода мешаванд.
- Низомҳои гумрукӣ – фанни таълимиест, ки дар он ба донишҷӯён намудҳои низомҳои гумрукӣ, тартиби интихоб ва тағйир додани он, тартиби арзкунӣ ва анҷоми амали низоми гумрукӣ, низоми гумрукии содирот, низоми гумрукии иқтисодӣ, коркард барои муомилоти озод омӯхта мешавад. Фанни мазкур ва азхуднамоии он ба мутахассисони оянда имкон медиҳад, ки низомҳои гумрукии воридоти муваққатӣ, анбори гумрукӣ, минтақаи озоди гумрукӣ, хотимавӣ ва реэкспортро ба амал бароварда тавонанд.
- Номгуи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – фанни таълимие мебошад, ки ба донишҷӯён омӯзонидани таъинот ва соҳаи истифодабарии номгуи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё, сохтори номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии ИИАО, қоидаҳои асосии шарҳ додани номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии ИИАО нигаронида шудааст.
- Ташкил ва идоракунӣ дар мақомоти гумрук – яке аз қисмҳои асосии илмҳои иқтисодӣ буда, ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки мафҳуми идоракунӣ, субъект ва объектҳои идоракунӣ, принсипҳо, вазифаҳо ва усулҳои идоракунӣ, ташкили раванди идоракунӣ дар системаи мақомоти гумрук, ташкили фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро омӯзанд ва таҳлил намоянд.
- Таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ дар мақомоти гумрук – фанни таълимие мебошад, ки мақсади асосии омӯзиши он шинос намудани донишҷӯён бо аҳамият ва вазифаҳои таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти гумрук мебошад. Фанни мазкур усулу равишҳои таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, усулҳои ҳисобкунии таъсири омилҳо ба фаъолияти молиявию хоҷагидориро меомӯзад, ки он дар муайян намудани захираҳои оқилона истифода бурдани маблағҳои молиявӣ хеле зарур мебошад.
Ҳайати кормандони кафедра

Мамадбекова Насаб Алибековна
Муаллими калон
| +992 99 999 9999 | |

Маҳмадов Эҳсонҷон Алиевич
Ассистент
| +992 99 999 9999 | |

Абдуллоев Мирзо Муллоевич
номзади илмҳои фалсафа, дотсент
| +992 99 999 9999 | |

Абдуҷабборзода Саидислом
Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
| +992 99 999 9999 | |

Шомудинов Олим Давлатович
Муаллими калон
| +992 99 999 9999 | |

Назаров Абдураҳим Иброҳимович
Асситенти кафедра
| +992 918777735 | |

Абдуллоев Сулаймон Исмонович
Ассистент
| +992 99 999 9999 | |

Давлатов Фаридун Сунатуллоевич
Муаллими калон
| +992 99 999 9999 | |

Муминов Абдукарим Бегович
Номзади илмҳои иқтисод, дотсент
| +992 99 999 9999 | |
Тоҷ
Рус
Eng