Маълумотномаи факултет

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти №169 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд. Факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бо қарори Шӯрои олимони донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон) таҳти рақами №1 аз 30 майи соли 2012 ва фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 39 аз 31 майи соли 2012 таъсис дода шудааст. Бинобар сабабаи талаботи замони муосир, бо суръати баланд рушд ёфтани технологияҳои информатсионӣ ва рақамикунонии фаъолияти соҳаҳои алоҳида, татбиқи бандҳои алоҳидаи “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 30 декабри соли 2019 таҳти № 642, “Консепсияи таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042” аз 31 августи соли 2022 таҳти № 439, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)” аз 30.07.2020 таҳти №427, инчунин, эълон гардидани солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28.12.2024 тибқи қарори Шурои олимони донишгоҳ аз санаи 06.02.2025 таҳти № 06/5.3 номи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ба факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ иваз карда шуд.

Аз соли таъсисёбии факултет то моҳи феврали соли 2016 вазифаи декани факултетро д.и.и., профессор Кошонова Манзура Раҳматҷоновна ба ӯҳда дошт. Аз моҳи феврали соли 2016 то моҳи феврали соли 2018 н.и.и., дотсент Нурализода Амрулло Назрулло роҳбарии факултетро ба ӯҳда дошт, ки дар ин давра факултет ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи феврали солаи 2022 вазифаи декани факултетро н.и.и., дотсент Неъматов Илҳомиддин Усмонович ба ӯҳда доштанд.

Аз 15 – уми феврали соли 2022 то инҷониб вазифаи декнаи факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ н.и.ф.-м., дотсент Темурбекова София Давронбековна ба ӯҳда дорад.

Факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣмутахассисони баландихтисосро мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат омода менамояд. Айни замон дар факултет кафедраҳои тахассусии иқтисоди рақамӣ ва логистика, информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт ва низоми иттилотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёт фаъолият намуда, мутахассисонро мутобиқ ба шароити имрӯзаи бозори меҳнат аз рӯйи ихтисосҳои зерин омода менамоянд:

  • 1-3103060104-технологияҳои иттилоотии идоракунӣ дар иқтисодиёт;
  • 1-26020323-логистика;
  • 1-31030407-технологияҳои иттилоотии низомҳои молиявӣ;
  • 1-40010202 -технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт;
  • 1-25 0112 00-информатикаи иқтисодӣ;
  • 1-4001020201- технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ;
  • 1-98010101- амнияти компютерӣ;
  • 1-25011026 - иқтисодиёти рақамӣ;
  • 1-31030602 - кибернетикаи иқтисодӣ.

Аз рӯйи ихтисосҳои дарҷгардида кадрҳо барои соҳаҳои иқтисодиёти миллии кишвар бо дараҷаи маълумоти олӣ-бакалавр тайёр карда мешаванд. Солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи раёсати донишгоҳ дар факултет қабули донишҷӯён аз рӯйи ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт ба магистратура ба роҳ монда шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки аз давраи таъсиси таълимгоҳ то ба имрӯз факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсиноӣ аз рӯйи ихтисосҳои мавҷудаи шуъбаи рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ  мутахассисони зиёд хатм намуда, хатмкунандагон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар фаъолият доранд.

Базаи моддию техникии факултет низ сол то сол беҳтар гардида истидоааст. Дар синфхонаҳо тахтаҳои электронии ҳозиразамон насб гардида, устодон усулҳои бо усулҳои муосири таълим (слайдҳо) ба донишҷӯён дарс мегузаронанд. Дар факултет 4 синфхонаи компютерӣ бо тахтаи электронӣ ва проектор мавҷуд аст, ки он барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ-лаборатории фанҳои тахассусӣ мусоидат мекунад. Бояд иброз дошт, ки 60%-и ҳайати устодони факултетро омӯзгорони дараҷаи илмидошта ташкил медиҳанд. Факултет ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ диққати ҷиддӣ дода, ҳамасола натиҷаи тадқиқоти илмии онҳо дар маҷаллаҳои тақризшавандаи дохил ва хориҷи кишвар, маҷмӯаи корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ ва конфронсҳои сатҳи байналхалқӣ ва маҷаллаҳои дохилию хориҷӣ ба нашр мерасанд.

Қобили зикр аст, ки донишҷӯёни факултет дар озмунҳои сатҳи гуногун фаъолони ширкат варзида сазовори ҷойҳо намоён гардиаастонаанд. Дар ин баробар таҳи 3- сол дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” иштирок намуда  аз руйи наминатсияи математика ва технология сазовори ҷойҳои 2-юм ва 3-юм гардиданд.

Ҳайати кормандони факултет