Маълумотнома

Ҳабибов Сиёвуш Иззатуллоевич
Сардори раёсати ташкилию тарбиявӣ
| +992 985 25 35 24 | |
Раёсати ташкилию тарбиявӣ сохтори таркибии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Он фаъолияти худро дар асоси Оинномаи Донишгоҳ ва Низомномаи Шурои олимони Донишгоҳ ба роҳ монда, дар ҳамаи масъалаҳое, ки ба соҳаи тарбия вобастагӣ доранд, амал менамояд ва ҳамчун сохтори асосии танзимкунандаи муносибатҳои тарбиявӣ дар Донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Кормандони Раёсати ташкилию тарбиявӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати
иҷро ва дар амал татбиқ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи
миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», инчунин Низомномаи намунавӣ оид
ба муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи ДДМИТ, қарорҳои
Шурои олимон, фармоишҳои ректор ва супоришҳои раёсати Донишгоҳ фаъолияти худро
ба роҳ монанд.
Бо мақсади таҷлил намудани санаҳои муҳими таърихӣ, ҷалби ҳайати
устодону донишҷӯён ба чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, Раёсати ташкилию тарбиявӣ
нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, иҷрои онро дар ҳамаи зерсохторҳои қисми тарбиявии
Донишгоҳ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.
Инчунин, Раёсат ҷиҳати татбиқи амалии Консепсияи миллии
тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Омӯзиши мунтазами он
дар дарсҳои тарбиявии гурӯҳҳои академӣ ба роҳ монда шуда, ҷараёни баргузории ин
дарсҳо мувофиқи нақшаи тасдиқшуда назорат карда мешавад.
Солҳои охир дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, баробари
корҳои таълимӣ ва илмӣ, ба раванд ва мазмуни корҳои тарбиявӣ низ таваҷҷуҳи хоса
зоҳир мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ нақши аҳли зиёро дар таҳкими
давлатдории миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва ташаббускории шаҳрвандон таъкид намуда,
иброз доштаанд, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бояд на танҳо ба ҷараёни таълим,
балки ба корҳои тарбиявӣ низ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.
Аз ин рӯ, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва
Раёсати ташкилию тарбиявӣ сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ
намуда, дар фаъолияти гуногунҷабҳаи худ дастуру супоришҳои хирадмандона ва бунёдкоронаи
Пешвои миллат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва қарорҳои Шурои олимонро сармашқи кори
худ қарор медиҳанд.
Кормандони Раёсат тамоми кӯшишу ғайрат ва масъулияти касбии худро
барои амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати
таълим, тарбияи мутахассисони баландихтисосу рақобатпазир дар бозори меҳнат ва воридшавии
муассиса ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ равона месозанд.
ҲАЙАТИ КОРМАНДОН
Ҳабибов Сиёвуш Изатуллоевич- сардори раёсати ташкилию
тарбиявӣ
Давлатова Маҷуда Давроновна- сармутахассиси раёсати ташкилию
тарбиявӣ
Пиракова Шаъмигул Ҷалиловна
– мутахассиси раёсати ташкилию тарбиявӣ
ВАЗИФАҲОИ РАЁСАТИ ТАШКИЛИЮ ТАРБИЯВӢ
Ташкил намудани сохторҳои ибтидоии тарбиявӣ ва мусоидат ба фаъолияти
судманди онҳо;
Муайян сохтани самтҳои асосии фаъолияти тарбиявӣ дар донишгоҳ;.
Назорати иҷрои ҳуҷҷату асноди меъёрии ҳуқуқӣ оид ба самти тарбия
ва фарҳанг дар сохторҳои донишгоҳ;
Назорати татбиқ ва амалишавии унсурҳои Консепсияи миллии тарбия
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ ва ба танзим даровардани мазмуну мундариҷаи
корҳои тарбиявӣ дар кафедраҳо ва факултетҳо;
Назорати иҷрои қарорҳои Шӯрои олимон, ки ба масоили тарбия вобастагӣ
доранд;
Назорат ва саҳмгузорӣ дар таҳия ва амалисозии нақшаву барномаҳои
тарбиявӣ-фарҳангии донишгоҳ ва зерсохторҳои он;
Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ, сиёсию маърифатӣ,
фарҳангию фароғатӣ ва дигар чорабиниҳое, ки ба рушди ҳисси худшиносӣ ва ифтихори
миллии донишҷӯён мусоидат менамоянд;
Таҳияи лоиҳаҳои фармоишҳои ректор ва қарорҳои Шӯрои олимон, ки
ба фаъолияти тарбиявӣ алоқаманданд;
Таҳти назорат қарор додани фаъолияти кории муовинони деканҳо
оид ба корҳои тарбиявӣ;
Назорат ва натиҷагирӣ аз иҷрои реҷаи соатҳои тарбиявӣ ва пешниҳод
намудани маълумот ба муовини ректор оид ба корҳои тарбия;
Ба роҳ мондани тарғиби фаъолияти донишгоҳ тавассути воситаҳои
ахбори омма;
Баргузории санҷишу рейдҳо дар факултетҳо оид ба ҳолати иҷроиши
фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2007 дар
бораи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ, ҳолати навбатдорӣ дар биноҳҳои таълимӣ,
пешгирии ҳозиршавии донишҷўён бо нақлиёти хусусӣ ба дарс, пешгирии
истифодабарии телефонҳои мобилӣ ва
истифодабарии тамоку зимни баргузории машғулиятҳо
Суроға: ш. Душанбе, кўчаи Нахимов 64/14, Донишгоҳи давлатии молия
ва иқтисоди Тоҷикистон, бинои 4-ум, ошёнаи 2-юм, утоқи №204
Телефони корӣ: (785253534) (+992) 985253524
E_mail:
Ҳайати кормандон

Ному Насаб
Вазифа
| +992 99 999 9999 | |

Давлатова Мавҷуда Давроновна
Сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ
| +992 909295656 | |

Пиракова Шаъмигул Ҷалиловна
Мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ
| +992 988616182 | |
Тоҷ
Рус
Eng