Маълумотномаи кафедра

Кафедраи бехатарии иқтисодӣ» дар асоси  Фармоиши Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани кафедраҳо дар зерсохторҳои таркибии факултетҳо ва мансубнмоии равияю ихтисосҳо ба он» аз 7 моҳи июли соли 2025   дар зерсохтори  факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ таъсис дода шудааст. Дар асоси фармоиши мазкур ба кафедраи бехатарии иқтисодӣ  равияю ихтисосҳои 1 96010103 бехатарии иқтисодӣ ва 1 25 010409 молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ вобаст карда шудаанд.

Шароити муосир тақозо менамояд, ки барои давлати соҳибистиқлол  таъмин амнияти миллӣ аҳамияти авалиндараҷа пайдо намудааст. Мафҳуми бехатарӣ  (амният) маънои васеъ пайдо намуда самтҳои гуногунҷабҳаро дар бар мегирад ва яке аз масоили мубрам ва муҳим арзёбӣ карда мешавад. Дар сами мазкур пеш аз ҳама зарур аст, ки дар иқтисодиёти кишвар дар асоси рушди босубот ва суръати баланди тараққиёти иқтисодӣ сатҳи баланди зиндагонии мардум таъмин гардад, фазои сармоягузории дохилию хориҷӣ ва навгониҳо фаъол гашта,бозори дохилт ва мавқеи молитеҳсолкунандагонӣ ватанӣ ҳамаҷониба ҳифз карда шавад.

Тағийротҳои иҷтимоию сиёсие,ки дар минтақа даҳсолаи охир ба амал омаданд, ташакули консепсияи нави аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи бехатарии миллю иқтисодиро аз мавқеи мухталифи рушди ҳамгироии минтақавӣ ва манфиатҳои миллӣ талаб менамояд ва тайёр намудни мутахассисони варзида дар низоми бехатарии иқтисодӣ, ҷавобгӯй ба талаботҳои имрӯзаи бозори меҳнат яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Аз ҷониби дигар, мақомоти гумруки кишвар дар доираи салоҳияти худ ҳимои соҳибихтиёрӣ ва амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда назорати андоз, асъор, содирот ва дигар намудҳои назоратро дар доиаи салоҳияташ анҷом медиҳад. Дар таъмини бехатариии иқтисодӣ, молиявӣ, экологӣ, саёҳӣ ва шохаҳои ғайраи он саҳми арзанда ва мустақим дорад. Дар ғани гардонидани буҷаи давлат саҳмгузор буда, дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқи моликияти зеҳниро ҳимоя менамояд, дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории тероризм, тероризми байналмилалӣ,  қочоқи молу маҳсулот аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти гумрук муоидат менамояд.

Дар кафедра ҳамчуни устодони варзида, собиқадорони  мақомоти гумрук, поковники хадамоти гумрук, номзади илмҳои иқтисод профессор Нсриддинов Ф.Б., поковники хадамоти гумрук, номзади илмҳои фалсафа дотсент Абдуллоев М.М. номзади илмҳои иқтисод дотсент Пираков Р.М. ва асисентҳои кафедра Курбонов А.В. ва Маҳмадшарипова Г.М. ифои вазифа доранд.


Фанҳои таълимӣ

Аз ин лиҳоз дар кафедраи бехатарии иқтисодӣ аз рӯи равияҳо ва ихтисосҳои  зерин машғулияҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешавад:

Муккадимаи ихтисос барои ихтисоси1 96010103 бехатарии иқтисодӣ;

Фаълияти гумрукӣ барои ихтисоси1 96010103 бехатарии иқтисодӣ;

Бехатарии иқтисодӣ барои ихтисосҳои 1 960101 хадамоти гумрук, 196010102А, 1 240103А, 125010407 ва1 25010305 гурӯҳҳои (тоҷикӣ ва русӣ);

Бехатарии сайёҳи барои ихтисоси 196010103

Иқтисодиёти фаъолияти гумрукӣ барои ихтисоси1 25 010409 молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ;

Муқаддимаи ихтисос барои ихтисоси1 25 010409 молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ;

Гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор барои ихтисосҳои 1 96 0101 хадамоти гумрук ва1 96010102 таъмини иҷтисодии фаъолияти гумрукӣ;

Воситаҳои техникии назорати гумрукӣ барои ихтисосҳои 1 960101 хадамоти гумрук, 196010102А, 1 25010407, А ва 1 25010305;

Инфрасохтори гумрукӣ барои ихтисосҳои 1 960101,гурӯҳҳои (тоҷикӣ ва русӣ);

Бехатарии озуқаворӣ барои ихтисоси 1 25 010201;

Иқтисоди фаъолияти гумрукӣ барои ихтисосҳои 125010409; 1960101гурӯҳҳои (тоҷикӣ ва русӣ)

Фаъолияти иқтисоди гумрукӣ барои ихтисосҳои 1960101 гурӯҳҳои (тоҷикӣ ва русӣ); 1 250103,А

 Асосҳои  бехатарии иқтисодӣ барои ихтисосҳои  196010103 гурӯҳҳои (тоҷикӣ ва русӣ); 1 250103,А гурӯҳҳои (тоҷикӣ ва русӣ ва англисӣ);

Коргузорӣ дар мақомоти гумрук196010103 гурӯҳҳои (тоҷикӣ ва русӣ); 1 250103,А гурӯҳҳои (тоҷикӣ ва русӣ ва англисӣ);


Ҳайати кормандони кафедра