Маълумотномаи кафедра

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия дар заминаи кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ ва бо мақсади иҷрои нақша чорабиниҳое, ки аз Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 барои давраи то соли 2030 бар меояд бо Қарори Шўрои олимони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз соли 2025 таъсис ёфтааст. Ҳоло кафедра бо номи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия фаъолият дорад.

Фаъолияти кафедра дар омода намудани мутахассисони равияи ҳуқуқшиносӣ аз ҷумла идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқ ва таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ равона карда шудааст. Аз оғози таъсисёбии кафедра, яъне моҳи сентябри соли таҳсили 2025-2026 то ҳол роҳбарии кафедраро н.и.ҳ., дотсент Мирзоев Субҳонали Аҳтамҷонович бар дӯш доранд.

Ҳоло кафедра яке аз кафедраҳои пешсафи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, мутахассисони соҳаҳои зеринро омода менамояд:

 Ихтисоси 1-26 01 02 – «Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ» мутахассисонеро омода мекунад, ки дорои дониши ҳамзамони идорӣ ва ҳуқуқӣ, тафаккури таҳлилӣ ва қобилияти қабули қарорҳои қонунӣ мебошанд.

 Ихтисоси 1-96010101 – «Таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ» ихтисоси тахассусии ҳуқуқӣ буда, мутахассисонро барои таъмини ҳуқуқии фаъолияти мақомоти гумрук ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат омода менамояд.

 Ихтисоси 1-24 01 02 21 – «Танзими ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия» ихтисоси махсуси ҳуқуқӣ-идоракунӣ буда, мутахассисонро барои пешгирӣ, ошкор, тафтиш ва танзими ҳуқуқии зуҳуроти коррупсионӣ дар низоми идоракунии давлатӣ омода менамояд.

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ КАФЕДРА

Кафедра бо тамоми муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи наздики илмӣ дошта дар таҳияи маводҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва омода намудани муттахассисон дар ҳамкории зич қарор дорад.

Умед ва боварӣ дорем, ки устодони кафедра пайваста ба ҳайси муқаррази расмӣ баромад намуда ва кафедра ба сифати муассисаи пешбар аз рӯйи самтҳои 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат; 12.00.03 – Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ; 12.00.07 – Ҳуқуқи корпоративӣ; ҳуқуқи энергетикӣ; 12.00.08 – Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва 12.00.04 – Ҳуқуқи молиявӣ; ҳуқуқи андоз; ҳуқуқи буҷетӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) интихоб хоҳад гардид.

Устодони кафедра муаллифи китобҳои дарсӣ ва зиёда аз 10 монографияю васоити таълимӣ мебошанд.

Нашрҳои илмӣ:

Ҳуқуқи зиддикоррупсионӣ. Васоити таълимӣ / Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Исмаилов Ш.М. ва н.и.ҳ., дотсент Бобоев Ҷ.Қ. Душанбе, 2020 с.

Ҳуқуқи андоз андоз: китоби дарсӣ. Нашри сеюм / муҳаррири масъул доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ш.М. Исмоилов. – Душанбе: Полиграф-групп. – 2022. – 536с.

Ғафорова Ш.А. Хусусиятҳои криминологии зуроварӣ дар оила ва роҳҳои пешгирии он (монография). Душанбе, 2025 с.

Ҳуқуқи мурофиавии иқтисодӣ. Китоби дарсӣ. / Муҳаррири масъул: Ҷ.Қ. Бобоев. – Душанбе 2023. – 312с.  

Налоовое право: учебник. – 2-е изд., перераб./ под. общ.ред. Ш.М. Исмоилов. – Душанбе, 2018. – 604с.

Мирзоев С.А. Танзими шартномавии таъмини барқ. / Монография: Душанбе, ДДМИТ, 2021. – 165с.

Шарипов У.А. Танзими шартномавии хизматрасонии муздноки машваратӣ./ Монография: Душанбе, ДДМИТ, 2022. – 163с.

Бобоев Ҷ.Қ. Уҳдадорӣ дар натиҷаи расонидани зарар / Васоити таълимӣ: Душанбе, ДДМИТ, 2023. – 124с.

Бобоев Д.К. Теоретические проблемы обязательства вседствие причинения вреда в гражданском праве/ Монография: Душанбе, 2024с. – 272с.

Оралбаев Х.Х. Уголовно-правовая и криминологическая характеристика бандитизма. / Монография: Душанбе, 2023. – 175с.

Шарифзода Т. Ҳуқуқи андоз. / Васоити таълимӣ: Душанбе, 2023. – 164с.

Гафорова Ш.А. Таҳқиқоти криминологии зуроварӣ дар оила./ Монография: Душанбе, 2023. – 205с.

Ҳаитов С.П. Финансово-правовая политика Таджикской государственности. Монография. – Душанбе: Издательство «Ирфон», 2024. – 266 с.

                 Дар назди кафедра маҳфили «Қонундон» фаъолият дорад, ки дар машваратҳои он масъалаҳои назариявии фанҳои ҳуқуқ баррасӣ ва муҳокима карда мешаванд.

Фанҳои таълимӣ

РАВАНДИ ТАЪЛИМ

                 Фанҳои тадрисшавандаи кафедра ба тамоми ихтисосҳои донишгоҳ омӯзонида мешаванд. Дар кафедра аз рӯйи 19 фанни таълимӣ дарсҳо гузаронида мешаванд. Аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ барномаи таълимӣ ва барномаи корӣ (силлабус) таҳия ва тасдиқ гардидааст.

                Аз рӯйи бештари фанҳои таълимӣ маводҳои таълимӣ рӯйи чоп омадаанд, ки барои азхудкунии донишҷӯён кӯмак менамоянд.

 Фанҳои таълимӣ:

  • Муқаддимаи ихтисос
  • Ҳуқуқи замин
  • Ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ
  • Ҳуқуқи  бонкӣ ва асъор
  • Ҳуқуқи ҷиноятӣ дар муносибатҳои иқтисодӣ
  • Ташкили  ҳуқуқи ташкилотҳои молиявию қарзии мамлакатҳои  хориҷӣ
  • Муқовимат бо коррупсия
  • Танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
  • Ҳуқуқи гумрукӣ
  • Ҳуқуқи андоз
  • Ҳуқуқи мурофияи суди иқтисодӣ
  • Ҳуқуқи ҷиноятӣ
  • Ҳуқуқи маъмурӣ
  • Ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ
  • Ҷиноятҳои иқтисодӣ ва усулҳои тафтиши он
  • Фаъолияти оперативии ҷустуҷуи дар мақомоти гумрукӣ
  • Назарияи давлат ва ҳуқуқ
  • Масъалаҳои назарияи ҳуқуқ ва давлат
  • Мурофиаи суди иқтисодӣ (магистратура)



Ихтисосҳо

Image
Image

Корҳои илми тадқиқоти

Семенарҳо

Ҳайати кормандони кафедра