Маълумотномаи кафедра

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ аз ибтидои таъсисёбӣ кафедра бо номҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи иқтисодӣ, ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ амал мекард. Ҳоло кафедра бо номи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ фаъолият дорад.

Фаъолияти кафедра дар омода намудани мутахассисони равияи ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодиёт равона карда шудааст. То соли 2014 роҳбарии кафедраро Арбоби хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Исмоилов Шавкат Маҳмудович ва аз соли 2014 то соли 2017 н.и.ҳ., дотсент Ҳаистов С.П. ба уҳда доштанд. Аз моҳи апрели соли 2017 то ҳол роҳбарии кафедраро д.и.ҳ., профессор Бобозода  Ҷамрод Қурбон бар дӯш доранд.

Ҳоло кафедра яке аз кафедраҳои пешсафи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, мутахассисони соҳаҳои зеринро омода менамояд:

• 1– 240103 02 «Танзими ҳуқуқии молия ва қарз», мутахассисонро дар самти менеҷменти молиявӣ, муомилоти пулӣ ва қоғазҳои қиматнок, ҳуқуқшиноси биржаҳои фурӯши қоғазҳои қиматнок, ҳуқуқшинос-молиячӣ дар соҳаи бонк ва ташкилотҳои хурди молиявӣ-қарзӣ.

• 1-240103 «Ҳуқуқи иқтисодӣ», ҳуқуқшинос–иқтисодчӣ дар соҳаи иқтисод, ҳуқушиноси соҳаи соҳибкорӣ ва хизмат, ҳуқуқшинос дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ  ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт.

 ҲАЙАТИ КАФЕДРА

Ҳайати кафедраро 11 нафар омӯзгор ташкил медиҳад, ки аз онҳо 2-нафар доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, 5-нафар номзади илм, дотсент, 1– нафар муаллимони калон, 3-нафар ассистент ва 1 нафар корманди техникӣ мебошанд.

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ КАФЕДРА

Кафедра бо тамоми муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи наздики илмӣ дошта дар таҳияи маводҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва омода намудани муттахассисон дар ҳамкории зич қарор дорад.

Ҳамзамон кафедраи мазкур бо Институтҳои таҳқиқотӣ ва таълимии давлатҳои ИДМ ҳамкории зичро ба роҳ мондааст.

Устодони кафедра пайваста ба ҳайси муқаррази расмӣ ва кафедра ба сифати муассисаи пешбар аз рӯйи самтҳои 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат; 12.00.03 – Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ; 12.00.07 – Ҳуқуқи корпоративӣ; ҳуқуқи энергетикӣ; 12.00.08 – Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар интехоб мегардад.

Дар муддати 5 соли охир кафедра 3 китоби дарсӣ ва зиеда аз 10 монография ва 10 васоити таълимӣ рӯйи чоп овардааст.

Дар назди кафедра маҳфили «Ҳуқуқдони замон муосир» фаъолият дорад, ки дар машваратҳои он масъалаҳои назариявии фанҳои ҳуқуқ баррасӣ ва муҳокима карда мешаванд.

Дастовардҳои кафедра

Кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ 3 маротиба пайдар пай яке аз кафедраҳои беҳтарини донишгоҳ эътироф гардидааст. Устодони кафедра дар номинатсияи устоди беҳтарин, сарпарасти беҳтарин ва мудири беҳтарин аз ҷониби раёсати донишгоҳ эътироф гардидаанд.


Фанҳои таълимӣ

РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Фанҳои тадрисшавандаи кафедра ба тамоми ихтисосҳои донишгоҳ омӯзонида мешаванд. Дар кафедра аз рӯйи 13 фанни таълимӣ дарсҳо гузаронида мешаванд. Аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ барномаи таълимӣ ва барномаи корӣ (силлабус) таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Аз рӯйи 8 фанни таълимӣ маводҳои таълимӣ рӯйи чоп омадаанд, ки барои азхудкунии донишҷӯён кӯмак менамоянд.

 Фанҳои таълимӣ:

 1.     Ҳуқуқ

2.     Муқаддимаи ихтисос

3.     Ҳуқуқи иқтисодӣ

4.     Ҳуқуқи  молиявӣ

5.     Танзими ҳуқуқи молия ва қарз

6.     Ҳуқуқи  шартномавӣ

7.     Ташкили  ҳуқуқи молия ва қарз

8.     Ҳуқуқи меҳнат

9.     Танзими ҳуқуқии молиявӣ

10. Ҳуқуқи гражданӣ

11. Танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисодӣ

12. Ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ

13. Танзими ҳуқуқии муносибатҳои иқтисодӣ


Ҳайати кормандони кафедра