Маълумотнома

Азизулло Исматуллозода
директори китобхонаи илмии ДДМИТ
| +992 99 999 9999 | |
БЕ КИТОБ, ЭЙ ДЎСТОН, БУНЁДИ МО НОРАВШАН АСТ…
“Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ўро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Китоб муҳимтарин воситаи ташаккулдиҳандаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва омили баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум, хосса насли ҷавон дар ҷомеаи башарӣ маҳсуб мешавад. Он метавонад дар камолоти маънавию рушди арзишҳои ахлоқиву равонии ҷомеа нақши муассир гузорад. Китоб ба ҳайси шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани арзишҳои волои миллӣ ва аз як насл ба насли дигар интиқол додани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Маҳз китоб аст, ки тавассути он мо ба таъриху тамаддун ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти гузаштагони худ ва осори безаволи онҳо шинос шуда, омӯзиши онро барои рушду такомули ҳаёти маънавии ҷомеа пайваста тарғиб менамоем.
Солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи китобдорӣ дар мамлакат рушду такомул ёфта, даҳҳо китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дарҳои худро ба рўи хонандагон боз карданд, ки бозгўи сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбарияти Олии мамлакат мебошад. Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи китобдорӣ лаҳзае аз мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонда, пайваста дар ҳолати рушд қарор дорад, ки дар баробари эъмору рушди иқтисоди миллӣ ба масъалаи китобу китобдорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, китобу китобхониро роҳи ягонаи аз ҷаҳолат раҳонидани шаҳрвандони кишвар арзёбӣ кардаанд.
Дар робита ба ин масъулинро низ муваззаф сохтанд, ки минбаъд фаъолияти хуби китобхонаҳоро дар мақомот, ташкилот, муассисаю корхонаҳо ва ҷамоатҳои деҳот таҳти назорат гирифта, китобхона бунёд созанд ва онҳоро бо китобҳои бадеӣ ва дигар адабиёт, инчунин, осори адибони ватанию ҷаҳонӣ таъмин намоянд.
Дар ростои татбиқи ин иқдоми наҷиб Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ҳар сол озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурўғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» миёни таълимгирандагони муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои ибтидоӣ-миёна, муассисаҳои олӣ доир ва ба ин восита онҳо ба китобу китобхонӣ ҷалб карда шаванд. Хушбахтона, тули чанд сол аст, ки ин ташаббуси Президенти мамлакат ҷиҳати дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор мегардад.
Ҳадафи ин амал баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими худшиносӣ ва ҷаҳони маънавии ҳар сокини мамлакат мебошад. Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омўзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои миллат ба ҳар оилаи мамлакат ҳадя намояд.
Мусаллам аст, ки бе китоб илму маърифат ҳосил нахоҳад шуд, бе илму адаб мансабу давлат чизе нест, табиати инсон ниёз ба дороии маънавӣ - ба китоб дорад. Яъне, ҳар оилаи бофарҳанг бояд китобхонаи худро дошта бошад. Ва дар он китобҳои дарсиву таълимӣ, асарҳои классикони милливу ҷаҳонӣ, адабиёти бадеӣ, маълумотномаҳову луғатҳои марбут ба ихтисосашонро гирд оваранд. Китоб хазинаи илму маърифат, панду ҳикмат, дўсти холис ва бетамаъ, ғамбарору ғамгусор ва ҳамнишину ҳамсуҳбати инсон аст.
Бузургони мо дар бораи китоб суханҳои баландмазмун гуфтаанд. Аз ҷумла, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармудаанд:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст,
Бувад бемузду миннат устоде,
Зи дониш бахшадат ҳар дам кушоде.
Табиист, ки шахси китобхону китобдўст ба монанди садаф, ҷавоҳирот, офтоб ҷилобахшу нурафшон аст. Мутолиаи китоб на танҳо бодиққат будан, балки фаъолиятмандиро тақозо мекунад, омили мустаҳкам намудани хотира гардида, аз сўйи дигар, барои ғанӣ намудани маънавиёт, сайқал ёфтани зеҳну қобилият ва ташаккули заминаи эҷодиёти илмӣ мусоидат менамояд:
Зи доноён бувад ин нукта машҳур,
Ки дониш дар кутуб, доност дар гўр.
Набояд фаромўш сохт, ки китобхониву китобдўстӣ инсонро ҳатман ба қуллаи мурод мерасонад. Китоб аз нодиртарин ва марғубтарин бозёфтҳои иҷтимоии башарият маҳсуб меёбад ва онро бояд азизу муқаддас дониста, чун гавҳараки чашм ҳифз созем.
То ин дам дар бораи аҳамият, азимият, мавқеи он дар ҳаёти шахс ва ҷомеа, ба гумонам, сухани ногуфтае намонда. Эътироф гардида, ки китоб ёрест бовафо, ҳамсуҳбату ҳамнишин, дўсти холис, ғамгусору маслиҳатгар. Зеро ба он ҳар қадар ки бо эҳтиёҷ рў оварӣ, роҳу равишат нишон медиҳад.
Дар китоб ҳама асрору таърихи тамаддуни одамият, кишвар, илму дониш, маданияту фарҳанг дарҷ гардида, мавриди истифода қарор мегирад. Албатта, бисёр чизҳо дар дунё ба фаромўшӣ супурда мешаванд, аммо ҷуз китоб. Ҳар як саҳифаи пурқимати он бо гузашти давру замон ҳеҷ гоҳ фарсуда намегардад, баръакс, торафт қимат пайдо мекунад.
Дар робита ба ин гуфтаҳо, ин ҷо мехостем каме дар бораи китобхонаи илмии ДДМИТ, ки ин махзани илм барои бо ҷаҳони донишу маърифат ошно сохтани муштариёнаш фаъолияти рўзмарра мебарад, маълумот диҳем. Китобхонаи илмии ДДМИТ соли 2018 баъди ба донишгоҳ табдил ёфтани Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, №169, дар базаи Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ташкил шуда, то имрўз фаъолияти пурсамар бурда истодааст. Ин махзани илму адаб корбарии худро дар асоси Низомнома дар бораи китобхонаи илмии ДДМИТ, ки дар Шурои олимони донишгоҳ аз 5-уми сентябри соли 2024, таҳти №01/3.3 тасдиқ шудааст, ба роҳ мондааст. Дар китобхона 7 нафар китобдор, ки аз нозукиҳои касби китобдорӣ огаҳии комил доранд, ба корафтодагон хидмат мерасонанд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи донишҷӯён, магистрантон, унвонҷўён ва омӯзгорон ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, олимпиадаҳои дохилию хориҷӣ, иштироки фаъолона дар конфронсу семинарҳои сатҳи дохилию байналмилалӣ, сайқал додани маҳорати суханварӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, муаррифии донишгоҳ дар дохил ва хориҷи кишвар тавассути васоити ахбори омма, навиштани мақолаҳои илмию оммавӣ ва таърихию публитсистӣ дар назди китобхона се маҳфил амал мекунад. Илова бар ин дар назди китобхонаи илмии донишгоҳ толори махсус барои пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотии кормандон, унвонҷӯён, магистрантон кушода ва ба истифода дода шудааст.
Дар китобхонаи илмии ДДМИТ озмунҳои “Беҳтарин додандаи асарҳои Пешвои миллат”, “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурўғи маърифат” ва “Тоҷикистон - ватани азизи ман” мунтазам баргузор мегарданд, ки дар тақвияти дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии донишҷўён заминаи воқеӣ гузошта, барои муаррифии чеҳраҳои шинохта ва мавқеи донишгоҳ дар дохил ва хориҷи кишвар аҳамияти беназир доранд. Инчунин ҷиҳати тарғибу ташвиқи донишҷӯён дар мавриди ватандустӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ, руй овардан ба таърихи миллат ва ифтихор намудан аз гузаштагони худ дар китобхона зери унвони “ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД...” моҳе як маротиба рузи шоҳномахонӣ баргузор мегардад.
Дар донишгоҳ китобхонаи электронӣ ва ду қироатхона – дар бинои хобгоҳҳои №1 ва №2 низ амал менамоянд. Байни китобхона бо қироатхонаҳои он мунтазам табодули адабиёти тахассусию бадеӣ сурат мегирад. Илова бар ин, ҷиҳати сайқал додани забономузию забондонии кормандону донишҷӯён дар қироатхонаҳо курси омӯзиши забонҳои русию хориҷӣ ташкил карда шудааст, ки кормандону донишҷӯён дар ин курсҳо ба омўзиши забонҳои хориҷӣ шуғл меварзанд.
Дар робита ба ин иқдомоте, ки пайваста роҳандозӣ мегарданд, имсол дар китобхонаи илмии донишгоҳ тибқи нақшаи чорабиниҳои китобхона ду озмуни илмию-эъҷодии дохилидонишгоҳиро вобаста ба ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодии донишҷўёну магистрантон ҷиҳати татбиқи амалии ташаббусҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон оид ба Эълон намудани 21-март ҳамчун “Рўзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо тарафдории аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамовозӣ пайдо карда буданд, роҳандозӣ шуд.
Ҳадаф аз баргузории озмунҳои мазкур ин:
- баланд бардоштани таваҷҷуҳи магистрантону донишҷуён ба масъалаҳои муҳити зист ва пиряхҳо ҳамчун боигарии миллӣ;
- инкишоф додани хусусияти эҷодии донишҷўён ва омўзгорон барои омӯзиши муштараки ҳифзи пиряхҳо;
- муайянсозии нақши пиряхҳо дар ташаккул ва рушди иқтисоди «сабз» ва рушди босуботи иқтисоди миллӣ;
- ҷалби магистрантону донишҷўён ва омўзгорон ба омӯзиши таъсири обшавии босуръати пиряхҳо ба экосистемаи Осиёи Марказӣ;
- пойдории сулҳ барои ҳифзи сайёраи бехатар, осоишта ва устувор;
- ташаккули тафаккури эҷодии донишҷӯёну магистрантон ва таҳияи мақолаҳои беҳтарин дар мавзуи “Тоҷикистон кишвари амнтарини сайёра”;
- баланд бардоштани савияи дониш, ташаккули маҳорату малака ва одоби муошират дар байни омӯзгорон ва донишҷӯён;
- тарғиби Сулҳ ҳамчун ваҳдати миллӣ чун пойдевори асосии осоиштагии кишвар;
- дарёфти навқаламони ҷавон, чеҳраҳои сухандон ва муаррифии онҳо дар донишгоҳ ва берун аз он;
- тарғибу ташвиқи ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолу озодӣ ва сулҳу оромии кишвар;
- сулҳ ин муттаҳидиву сарҷамъии аҳли башар ва суботи сиёсии мамлакат;
- тарғиб намудани аҳамияти Сулҳ дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон;
- сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард.
буд, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии “Навруз-2025” ҷамбаст гардида, беҳтарин истеъдодҳои нав муаяйн шуда бо диплому туҳфаҳои хотиравии донишгоҳ сазовор гаштанд.
Бояд қайд кард, ки китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо Институти иқтисод ва демографияи АМИТ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китобхонаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, Китобхонаи давлатии патентию техникии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати кор бо китобхонаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи зич дошта, пайваста ҳамкорӣ карда истодааст.
Ҳайати кормандон

Ҳайати кормандон

Бозорова Давлатбӣ Манабоевна
Китобдор
| +992 99 999 9999 | |

Мирзоева Заринамоҳ Қодировна
Китобдор
| +992 99 999 9999 | |

Муродова Ганҷина Шафоатовна
Сармутахассиси китобхонаи электронӣ
| +992 99 999 9999 | |

Тураева Навбаҳор Абдуллоевна
Китобдори калон
| +992 99 999 9999 | |

Ҳабибуллоева Балбиби Қурбоновна
Китобшинос
| +992 99 999 9999 | |
Тоҷ
Рус
Eng