Маълумотнома

Сулаймонзода Шуҳрат Фирдавс
Сардори раёсати таълим Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
| +992 940 63 63 63 | |
Раёсати таълим сохтори
таркибии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (минбаъд: ДДМИТ) бо
мақсади ба танзим даровардани раванди таълим таъсис дода шудааст.
Роҳбарии бевоситаи
раёсати таълимро сардори раёсат, ки дар пешбурди фаъолияти хизматӣ бевосита ба муовини
якум, муовини ректор оид ба таълим тобеъ аст, амалӣ менамояд.
Фаъолияти раёсати
таълим дар асоси Қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии
касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи
намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ», «Стандарти давлатии
таълимии маълумоти олии касбии ҶТ», «Консепсияи миллии маълумоти ҶТ»,
«Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ», санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи
таҳсилоти олии касбӣ, Оиннома, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии донишгоҳӣ,
фармоишу супоришҳои ректор, дастуру фармоиш-ҳои Муовини якум, муовини ректор
оид ба таълим, қарорҳои ШО ва ШИМ-и донишгоҳ, инчунин барои амалӣ намудани
талаботњои соњаи маориф ва илм нигаронида мешавад.
Раёсати таълим
банақшагирии раванди таълим, ташкил, мониторинг, ҳамоҳангсозӣ ва назорати
сифати таълимро дар ДДМИТ мутобиқ ба талаботи ҳадди ақали мазмуну мундариҷаи
Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии ҶТ ва Барномањои тањсилоти оид
ба ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ ба роҳ мемонад.
Раёсати таълим
фаъолияти устодонро бобати таҳияи барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ,
нишондодҳои методӣ, адабиётҳои таълимӣ тибқи талаботи Барномањои тањсилот ба
танзим медарорад.
Назорати иҷрои
талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ташкилӣ-методиро дар вақти таҳия ва тасдиқи Барномањои
тањсилот, нақшаҳои таълимӣ, ҷадвали машғулиятҳо ва имтиҳонҳо амалӣ менамояд.
Иҷрои талаботи
ҳуҷҷатҳои меъёриро дар вақти таҳияи нақшаи кории факултетҳо, ҳисоби ҳаҷми
корҳои таълимӣ, тақсимоти сарбории таълимии устодон ва баҳисобгирии иҷрои онро
назорат намуда, маълумотро оид ба ҳисоби ҳайати профессориву омӯзгорӣ барои
соли таҳсил омода намуда, дар ташкили комиссияҳои аттестатсияи хатм иштирок
менамояд.
Сардорони раёсати
таълим аз соли 2012 то инҷониб:
1. Насриддинов Фирӯз Бабаевич аз сентябри 2012 то 2014;
2. Нурализода Амрулло Назрулло солҳои 2014-2016;
3. Фасехов Исломиддин Саймирзо солҳои 2016-2017;
4. Шарипов Ҷурахон Раҳматович аз соли 2017 то ноябри соли 2017;
5. Қаландаров Асомиддин Шарифович аз солҳои 2017-2024;
6. Муллоҷонзода Асадулло Кучак соли 2024 то майи 2025
7. Сулаймонзода Шуҳрат Фирдавс аз августи 2025 то ҳоло.
Барои иҷрои вазифаҳои ба раёсати таълим вогузоршуда дар сохтори он шуъбаҳои
зерин ташкил карда шудааст:
Шуъбаи мониторинг ва идораи
сифати таълим – Шодиев Кӯҳзод
Бахши таҷрибаомӯзӣ ва
рушди касбият – Латипова Гуландом
Маркази бақайдгирӣ ва омори таълим – Раҳимов Муҳаммадшариф
Нақшаи қабул
Эълонҳо
No item found!
Ҳайати кормандон

Иноятов Фарухҷон Адолатович
Муовини сардори раёсати таълим
| +992 918 64 38 03 | |

Рустамзода Манзура Рустам
Сармутахассиси раёсати таълим, муаллими калон
| +992 985 89 92 78 | |

Шарипова Заррина Бояҳмадовна
Сармутахассиси раёсати таълим, Муаллими калон
| +992 985 64 84 24 | |

Бурҳонов Бахтиёр Джангирович
Сармутахассиси раёсати таълим
| +992 931 98 01 53 | |

Файзализода Муҳаммадрабби Музафар
Мутахассиси раёсати таълим
| +992 987 48 98 94 | |
Тоҷ
Рус
Eng 
