Маълумотнома

Сохтор ва идоракунӣ

Шуъба аз  се воҳиди корӣ иборат мебошад:

1. Сардори шӯъбаи кор бо ҷавонон; 

2. Сармутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонон; 

3. Мутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонон оид ба занону дониҷӯдухтарон.

 

Сардори шуъба

Ҷангиев Ҷаъмахон Ёрихонович

Дар Шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  дар солҳои мухталиф  ҳамчун сардори шуъба   кору фаъоият кардаанд:

Давлатзода Абдулло

Саидов  Фариддун

Халифазода Ҷовидон

Ҳабибов Сиёвуш

Ҷангиев Ҷаъмахон

Мақсад, самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои Шуъба

Шуъба бо мақсади андешидани тадбирҳои мақсаднок ва ҳамгироишуда дар амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар байни донишҷўён ва кормандони ҷавони Донишгоҳ, инчунин таъмини ҳуқуқ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо таъсис дода шуда, он фаъолияти худро бевосита ва дар ҳамкории зич бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар сохторҳои дахлдор анҷом медиҳад.

Самтҳои асосии фаъолияти Шуъба дар Донишгоҳ аз инҳо иборат мебошад:

-Ташаккули ҳувияти миллӣ дар замири ҷавонон;

-Ҷалб ва ҳавасмандгардонӣ дар роҳи илмомўзӣ;

-Тарғибу ташвиқи тарзи хайёти солим;

-Амалӣ гардонидани иқтидори эҷодии донишҷўён;

-Ҷалб кардани ҷавонону донишҷўён ба идоракунӣ ва роҳбарии ташкилотҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ;

- Тарбияи ҷавонон дар рўҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, хат, забон ва урфу одати миллатҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагонӣ мекунанд;

Вазифаҳои шуъба

- Иштирок дар татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ҷавонон ва саҳмгузорӣ дар амалигардонии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»;

- Омўзиш ва ба низом даровардани пешниҳоду ташаббусе, ки аз ҷониби донишҷўён дар масъалаи беҳтар кардани амалишавии Қонун «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» сурат мегирад.

-Таҳия ва ба Шўрои олимони Донишгоҳ пешниҳод намудани барнома ва лоиҳаҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии донишҷўён, кормандон ва олимони ҷавон;

-Амалӣ намудани тадбирҳои пешниҳоднамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар байни донишҷўёни Донишгоҳ ва пешниҳоди ҳисбот аз натиҷаи он;

-Иштирок дар таҳияи нақшаи ягонаи фаъолити шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки дар мувофиқаи муассиса аз ҷониби Кумита тасдиқ карда мешавад, иҷрои саривақтии талаботи он ва ҳар се моҳ пешниҳод намудани ҳисобот аз натиҷаи фаъолият ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон;

-Ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон пешниҳод намудани таклифҳои судманд доир ба амалӣ намудани чораҳои мақсадноки илмию маърифатӣ, фарҳангию варзишӣ ва дигар чорабиниҳо дар байни донишҷўён;

-Мусоидат ба рушди илм дар байни донишҷўён, олимони ҷавон ва ба ин васила танзими мақсадноки фаъолияти Шўрои олимони ҷавони Донишгоҳ;

-Рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дўстӣ, ягонагии ҷавонон, донишҷўён ва олимони ҷавон;

-Ҳифзи ҳуқуқи донишҷўён новобаста аз нажод, миллат, дин, вазъи иҷтимоӣ барои тайёрии касбӣ ва таҳсилот;

-Ҷалби ҷавонону донишҷўён ба идора ва роҳбарии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷавонон;

-Тарбияи донишҷўён дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ;

- Ҷалби фаъолонаи донишҷўён ҳангоми фориғ будан аз дарсҳои таълимӣ дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита, инчунин дастгирии донишҷўёни фаъол барои саҳми муносибашон дар корҳои ҷамъиятӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Рушди фаъолияти волонтёрӣ дар миёни донишҷўён ва кормандони ҷавони муассиса ва ташкили бонизоми шанбегиҳо, дигар корҳои созандагию бунёдкорӣ дар дохили муассиса ва берун аз он;

-Баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни зеҳнию интеллектуалӣ, озмунҳо, викторина ва ташкили барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ дар байни ҷавонон;

-Ҳамасола дар сатҳи баланд баргузор кардани даври донишгоҳии озмунҳои ҷумҳуриявӣ миёни дониншҷўён, аз ҷумла «Донишҷўи сол», бозиҳои варзишии донишҷўӣ ва пешниҳоди саривақтии ғолибон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ;

-Ҳамасола дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои дохилидонишгоҳии Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стипендияи раиси шаҳри Душанбе ва дигар намуди идрорпулиҳо

-Ҳар рўзи шанбе ҳамчун «Рўзи Варзиш» дар сатҳи баланд ташкил намудани машқҳои пагоҳирўзӣ дар байни ҷавонон, махсусан дар назди биноҳои хобгоҳҳо;

-Дар мувофиқа бо Ректори Донишгоҳ ташкили боздиди донишҷўён ва кормандони ҷавони муассиса аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии кишвар;

-Ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои донишгоҳӣ;

-Ташкил кардани Шўроҳо, ташкилотҳо ва созмонҳои донишҷўён;

-Ташкил ва доир намудани фестивалҳо, конфронсҳо, вохўриҳо; семинарҳо, машваратҳои илмӣ ва чорабиниҳои дигар барои донишҷўён;

-Ҳамкории эҷодӣ бо васоити ахбори омма;

Бо мақсади муайян намудани рейтинги фаъолияти кафедраҳо, паҳлуҳои гуногуни ҳаёти донишҷўён гузаронидани назарпурсӣ (анкета) дар байни донишҷўён ва пешниҳоди натиҷаҳои он ба раёсати донишгоҳ.

Шуъбаи кор бо ҷавонон дар солҳои фаъолияти худ бо дастовардҳои зерин ноил гардидааст:

1.            Ҳамасола донишҷўёни донишгоҳ Мактаби омўзишии Ташкилот ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда, бо диплом сарфароз гардонида  мешаванд.

2.            Пас аз хатми  мактаби омӯзишии «Зан-сарвар»  дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  донишҷўдухтарони  донишгоҳ ҳамасола бо диплом сарфароз  мегарданд.

3.              Соли таҳсили 2024 бо ба инобат гирифтани фаъолияти самарабахши волонтёрӣ, таҳсили хуб дар донишгоҳ, иштирок дар чорбиниҳои мухталифи ҷамъиятиву маданӣ, илмиву инноватсионӣ ва нашри мақолаҳои таҳлилӣ 8 нафар донишҷўёни донишгоҳ бо медали  Асотсиатсияи донишҷуёни Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил сарфароз гардида, беҳтарин донишҷўёни Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил эътироф шуданд.

4.            Соли таҳсили 2024  бо ширкат дар озмун ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои донишҷўён ва олимону муҳаққиқони ҷавон 1 нафар донишҷў ва 2 нафар муҳаққиқи ҷавони донишгоҳ барандаи ин стипендия гардиданд.

5.            Ҳамасола варзишгарон ва донишҷўёни донишгоҳ дар мусобиқаҳои  варзишии шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва  байналмилалӣ ширкат варзида, барандаи медалҳои фахрӣ гардиданд.

6.            Бори дувум соҳиб шудани Ҷоми DEFACTO дар мусобиқаи варзишии ФУТЗАЛ аз ҷониби дастаи Футзалбозони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикисон дар мусобиқаи ҷумҳурияӣ миёни дастаҳои варзишии ФУТЗАЛБОЗОНИ муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва олӣ.

7.   Шуъбаи кор  бо ҷавонои ДДМИТ се маротиба бо Дипломи кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сарфароз гардидааст.

Дар назди Шӯъбаи кор бо ҷавонон маҳфилҳои зерин амал мекунад, ба монанди “Маҳфили Пайравони Пешвои миллат”, “Ҷавонон созандагони Ватан”, "Авангардон", ки барои пайдо намудани ҷавонони бо истеъдод, шунидани фикру мубоҳисаҳои онҳо дар мавзуъҳои мубрами рӯз ва банд намудани вақти холигии онҳо таъсис дода мешавад.


Ҳайати кормандон