Маълумотномаи факултет

 МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ

Факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ яке аз воҳидҳои асосии қисми таълимӣ-илмии сохтори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, факултети навтаъсис мебошад ва аз рўзи таъсисёбиаш фаъолияти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявии факултетро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, Оинномаи ДДМИТ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ ба роҳ мондааст.

Факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иќтисоди Тоҷикистон дар сохтори нав бо ќарори Шурои олимони донишгоҳ таҳти раќами № 90/и аз 07 июли соли 2025 таъсис дода шудааст.

Маќсади асосии фаъолияти факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ омода намудани кадрҳои баландихтисос ба шумор рафта, ҷараёни таълиму тарбия дар шуъбаи рўзона аз рўи низоми таҳсили кредитӣ ва дар таҳсилоти фосилаӣ аз рўи ду низом, яъне низоми таҳсили анъанавӣ, таҳсили кредитӣ ва таҳсили фосилавӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба сохтори факултаи фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Шурои олимони факултет, Шурои илмӣ-методии факултет, декани факултет, эдвайзерон оид ба таълиму тарбия ва муовини декан оид ба илм, кафедраҳои фаъолияти гумрукӣ ва бехатарии иқтисодӣ, офис-бақайдгиранда ва оператор-ҳуҷҷатнигори факултет дохил мешаванд. Роҳбарии факултетро олими пуртаҷриба номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент  Буриева Мастура Чориевна  ба уҳда дорад.

Дар факултет як озмоишгоҳи гумрукӣ фаъолият менамояд, ки барои ихтисосҳои хадамоти гумрук бо воситаҳои техникии муосир муҷаҳҳазанд. Дар факултет 20 адад компютер бо шабакаи байналмилалии Интернет пайваст буда, 8-то планшети деворӣ, 5-то принтерҳои бисёрфунксионалӣ, сканер ва дигар лавозимоти техникӣ дар ихтиёри донишҷӯёну устодон қарор доранд ва базаи моддию техникии онро ғанӣ мегардонанд.

   Тибқи фармоиши ректори донишгоҳ дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ ду кафедраи тахассусӣ амал мекунад:

Кафедраи фаъолияти гумрукӣ;

Кафедраи бехатарии иқтисодӣ.

Дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ 26 нафар устодони соҳибтаҷриба ба таълиму тарбияи донишҷӯён ҷалб карда шудаанд, ки аз инҳо 1 нафар доктори илм, профессор, 9 нафар номзади илм, 9 нафар муаллими калон ва 8 нафар ассистент мебошанд.

Факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ яке аз факултетҳои пешсафи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, мутахассисонро дар соҳаҳои зерин омода менамояд:

1-960101 - Хадамоти гумрукӣ;

1-96010102 - Таъмини иқтисоди фаъолияти гумрукӣ;

1-96010103 - Бехатарии иқтисодӣ;

1-25010409 - Молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ.

Ҳамчунин, устодони кафедра машғулиятҳои таълимиро тавассути тахтаҳои электронӣ ва барномаҳои компютерӣ ба роҳ мондаанд, ки ин барои дар сатҳи баланд аз худ намудани дониш ба донишҷӯён мусоидат менамояд. Дар назди кафедраҳои тахассусии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ маҳфилҳои илмии мубоҳисавии “Гумрукчиёни ҷавон”  амал мекунад, ки дар он донишҷӯёни факултет ҷалб карда мешаванд.

 


Ҳайати кормандони факултет