Маълумотномаи кафедра

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Кафедраи таҳлили иқтисодӣ (ҳозира кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор) бо қарори Шӯрои олимон ва фармоиши ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 27.08.2012с таҳти рақами №44-д/н «Дар бораи таъсис ва сохтори кафедраҳо» дар заминаи кафедраҳои иқтисодиёти соҳибкорӣ (2006-2009), иқтисодиёти таҳлилӣ (2009-2010), бозори меҳнат ва таҳлили иқтисодӣ (2010-2012) дар асоси мутаҳидшавии ду донишкада, яъне Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон, бо номи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар зерсохтори факултети ҳисобдорӣ ва омор таъсис дода шудааст. Инчунин Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро соҳиб шуд, ки кафедраи таҳлили иқтисодӣ бо ҳамин ном дар зерсохтори факултети ҳисобдорӣ ва омор нигоҳ дошта шуд.

 Дар заминаи кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит (1997), баҳисобгирии муҳосибӣ ва омор (2009), соли 2012 кафедраи омор (ҳоло кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор) ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети ҳисобдорӣ ва омор ташкил карда шуд.

 Бояд қайд намуд, ки бо фармоиши ректори донишгоҳ дар бораи мутаҳид намудани кафедраҳо аз 4.09.2023 № 196/Ш кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва кафедраи омор мутаҳид карда шуда, бо номи кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор фаъолият менамояд.

 Аз давраи фаъолият кафедраро устодони зерин роҳбари намуданд:

Дар солҳои 2006 – 2009 номзади илмҳои физика, математика, дотсент М.К. Собиров, дар солҳои 2009 – 2010 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор С.И. Исломов, дар солҳои 2010-2012 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент А. Урунбоев, дар солҳои 2012-2015 доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Р.Р. Қудратов, дар солҳои 2012-2015с номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Н.Н. Солиев, дар солҳои 2015-2018 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Б.С. Музаффаров, дар солҳои 2018-2021 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент И.С. Фасеҳзода, дар соҳои 2016-2020 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент М.Ч. Буриева дар солҳои 2021-2022 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент З.Х. Иматчоев ва аз соли 2022 то инҷониб н.и.и., дотсент К.Қ. Шодиев.

 Аз аввали таъсисиёбӣ, кафедра фаъолияти худро дар асосии нақшаи таълимӣ қарорҳо ва дастурҳои ректор, қарорҳои Шурои олимони донишгоҳ, ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Аз ҷониби устодони кафедра барномаҳои таълимию методӣ ва силлабусҳо аз фаннҳои тахассусии кафедра таҳия гардиданд.

 Ҳоло кафедра яке аз кафедраҳои пешсафи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, мутахассисони соҳаҳои зеринро омода менамояд:

• 1– 25010201– Иқтисодиёти таҳлилӣ бояд дорои чунин қобилиятҳо бошад: гуруҳбандӣ ва банизомдарории маълумот барои таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодӣ – ичтимоии субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, тартиб додани моделҳои назариявӣ ва иқтисодӣ, инчунин шарҳ додани натиҷаи онҳо, истифодабарии барномаҳои муосир барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, таҳлил ва шарҳ додани маълумотҳои молиявӣ, муҳосибӣ дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, қабули қарори идоракунӣ дар асоси маълумотҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, гузаронидани таҳлили ҳисоботи молиявӣ ва асоснок кардани натиҷаи онҳо, муайянсозӣ ва баҳодиҳии хавфҳои корхона, гузаронидани методикаи санҷишҳо ва таҳлили натиҷаи фаъолияти молиявӣ дар субъектҳои хоҷагидорӣ.

• 1– 25010500 – Омор, бояд дорои чунин қобилиятҳо бошад: ҳалли масъалаҳои стандартии фаъолияти касбӣ дар асоси фарҳангӣ иттилоотӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ – комуникатсионӣ бо риояи талаботҳои бехатарӣ, истифодаи асосҳои мантиқӣ барои ташаккули ҷаҳонбинӣ, ҷамъовари намудани маълумотҳои оморӣ, гузаронидани мушоҳидаҳои оморӣ бо истифодаи методикаи стандартӣ, ташаккули интихобии воситаҳо, мустақилона гузаронидани масъалаҳои таҳлили оморӣ ва баҳодиҳии натиҷаҳо, таъмини махфӣ нигоҳдории маълумотҳои оморӣ, таҳияи ҷадвалҳои оморӣ ва пешниҳоди натиҷаҳои коркарди маълумот.

• 1-260010301 – Танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ, бояд дорои чунин қобилиятҳо бошад: тањлил ва арзёбии иттилоот дар асоси он қабули қарорҳои оптималӣ барои фаъолияти босамари хоҷагидорӣ, иштирок дар раванди коркард ва қабули қарорҳои идоракунӣ, асосноккунии интихоби онҳо бо дарназардошти ба инобатгирии критерияҳои самаранокии ичтимоиву иқтисодӣ, ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар ҳамаи сатҳҳои идоракунӣ (миллӣ, минтақавӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ) бо даранзардошти таваккал ва эҳтимоли хавфҳои ичтимоию иқтисодӣ, идораи фаврии коллективҳои меҳнатӣ дар самти амалисозии нақшаву дурнамоҳои стратегӣ ва барномаҳои мақсадноки давлатӣ барои таъмини афзалиятҳои умумимиллӣ, такмили механизми фаъолияти сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, низоми сохтору воҳидҳои маъмуриву ҳудудӣ, шаклҳои ташкиливу ҳуқуқӣ новобаста аз шаклҳои моликият бо дарназардошти маҳдудиятҳои муайяни ҳуқуқӣ, маъмурӣ.


Фанҳои таълимӣ

РАВАНДИ ТАЪЛИМ

Фанҳои тадрисшавандаи кафедра бисёре аз ихтисосҳои донишгоҳ омӯзонида мешаванд. Дар кафедра аз рӯйи 47 фанни таълимӣ дарсҳо гузаронида мешаванд. Аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ барномаи таълимӣ ва барномаи корӣ (силлабус) таҳия ва тасдиқ гардидааст.

 Фанҳои таълимӣ:

1. Таҳлили иқтисодӣ;

2. Омор;

3. Идоракунии рушди иқтисоди сабз;

4. Асосҳои соҳибкорӣ ва банақшагирии бизнес;

5. Омори молия;

6. Омори сайёҳӣ;

7. Тавозуни пардохт ва системаи ҳисоби миллӣ;

8. Омори иқтисодӣ;

9. Усулҳои бисёрченакаи оморӣ;

10. Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ;

11. Таҳлили молиявӣ;

12. Банақшагирӣ ва ояндабинии иқтисодиёти миллӣ;

13. Иқтисодиёти амволи ғайримнқул;

14. Асосҳои бехатарӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ;

15. Омори бонкӣ;

16. Омори гумрукӣ;

17. Иқтисодиёти миллӣ;

18. Соҳибкории истеҳсолӣ;

19. Танзими давлатии иқтисодиёти КАС;

20. Таҳлили комплексии фаъолияти хоҷагидорӣ;

21. Омори неруи миллӣ;

22. Барномаи муосири оморӣ;

23. Омори андоз;

24. Банақшагирии молиявӣ ва назорати молиявӣ;

25. Таҳлили инвеститсионӣ;

26. Сиёсати даромад ва музди меҳнат;

27. Иқтисодиёт ва иҷтимоиёти меҳнат;

28. Ояндабинии иқтисодиёти миллӣ;

29. Таҳлили ҳисоботи молиявӣ;

30. Омори соҳибкорӣ.

31. Муқаддимаи ихтисос (1-25010500, 1-25010201, 1-25010301);

32. Назарияи таҳлили иқтисодӣ;

33. Назарияи умумии омор;

34. Танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ;

35. Таҳлили бизнес-равандҳо;

36. Таҳлили бозори меҳнат;

37. Идоракунӣ ва банақшагирии минтақа;

38. Омори иҷтимоӣ;

39. Омори саноат;

40. Омори кишоварзӣ;

41. Усулҳои гузаронидани таҳқиқоти оморӣ;

42. Таҳлили идорави дар соҳаҳо;

43. Таҳлили системавӣ;

44. Омори фаъолияти иқтисоди-хориҷӣ;

45. Омори байналмиллалӣ;

46. Рушди босуботи иқтисодӣ;

47. Омори ҳуқуқӣ.


Ҳайати кормандони кафедра