Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 169 аз 27-уми марти соли 2018 таъсис дода шудааст.
Донишгоҳ зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №315 аз 16 июли соли 1996 «Дар бораи таъсис додани Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе» таъсис ёфта, сипас соли 2006 ба Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон тағйири ном карда, соли 2012 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи мутаҳидсозӣ бо Донишкадаи молияи Тоҷикистон «Муассисаи таълимии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Бо назардошти дастовардҳои беназир дар самти таълиму тарбия ва боло рафтани мақом ва нақши муассиса дар низоми миллии омодакунии кадрҳои баландихтисос Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон соли 2018 ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд.
Тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору қонунҳои бунёдии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи паҳлуҳои ҷомеа рӯ ба пешравӣ оварда, ватани соҳибистиқлоли мо ба майдони бунёдкориҳо табдил ёфтааст. Дар чунин марҳилаи созандагӣ ва тармими ҳаёти воқеии шаҳрвандони кишвари азизамон масъалаи мактабу маориф ва дар ин поя дастрасӣ ба технологияи пешрафти муосир, тибқи талаботи меъёрҳои стандарти байналмилалӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисос, огоҳии комил аз асрори кашфиёти илми ҷаҳонӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди босуръати Ватани азизамон аҳамияти хоса пайдо мекунад.
Донишгоҳ дар давраи начандон зиёди фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, тавассути меҳнати софдилонаи устодону кормандон ва дастовардҳои донишҷӯёну магистрон ба яке аз муассисаҳои пуриқтидори соҳавии таҳсилоти олии касбии кишвар мубаддал гардида, мувофиқи рейтинги соҳа ба чоргонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад. Донишгоҳ бо назардошти иқтидори кадрӣ ва илмию таълимӣ иштирокчии фаъоли низоми илму маориф буда, маркази муосири омодакунии кадрҳои баландихтисос ба ҳисоб меравад. Таъминоти мукаммали раванди таълим бо омӯзгорони касбӣ, маводи зарурӣ, инфрасохтори инкишофёфтаи таълимӣ, моддию техникӣ ва фароҳамсозии муҳити мусоид имконият медиҳанд, ки нуфузу эътибори донишгоҳ тақвият ёфта, дар ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа мавқеи мустаҳкаро касб кунад.
Дар донишгоҳ барои таълими касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири информатсионию комуникатсионӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, аудиторияҳои таълимӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, озмоишгоҳҳои компютерӣ, толори китобхонаи илмӣ ва дигар заминаи моддиву техникӣ бо воситаҳои аёнӣ, дастгоҳу таҷҳизотҳои замонавӣ ва моноблокҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Қобили қайд аст, ки шароити мусоиди таҳсил ва кору фаъолият дар пасманзари сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шуда, ҳама якдилона ва содиқонаву самимона дар татбиқи ҳамин сиёсат саҳмгузор мебошем.
Донишгоҳ барои комёбиҳо ва дастовардҳои дар самти идоракунии муассиса, баланд бардоштани сифати таълим ва ҷорӣ намудани технологияву инноватсияҳо дар муддати фаъолияти худ санаи 22-юми марти соли 2015 дар шаҳри Женева сазовори «Тоҷи тиллоии сифат» (Gold quality Crown) шуд. Дарёфти ҷоизаи мазкур донишгоҳро аъзои баргузидаи WorldCob ва ҷамъияти байналмилалии BID гардонид. Дар баробари ин, 1-уми октябри соли соли 2015 дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико барандаи ҷоизаи Конфедератсияи ҷаҳонии бизнес BIZZ-2015 гардид.
Қобили қайд аст, ки дастовардҳои донишгоҳ ва мақоми он аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мусбӣ арзёбӣ мегарданд. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо нишондиҳандаҳои баланд дар рӯйхати беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон аз рӯйи рейтинги Webometrics Ranking of World Universities (Мадрид, Испания) дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Ҳамин тавр, дар байни зиёда аз 30000 донишгоҳҳои ҷаҳон Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҷойи 13862 ҷойгир шуда, дар байни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шомили ҳамин рейтинг мебошанд, мақоми сеюмро касб намудааст. Webometrics Ranking of World Universities системаи глобалии рейтинги донишгоҳҳо мебошад, ки ҳадафи рейтинг баланд бардоштани ҳузури академияҳо ва институтҳои тадқиқотӣ дар интернет ва мусоидат ба нашри кушоди натиҷаҳои фаъолияти илмӣ мебошад.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз санаи 19-ум то 21-уми июни соли 2024 аз аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификати махсус барои 5 соли оянда гардид. Аккредитатсия аз ҷониби Агентии мустақил оид ба таъмини сифати таҳсилот (IQAA), ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойгир аст, гузаронида шуд. Стандартҳои аккредитатсияи IQAA мутобиқи «Стандартҳо ва дастурамал оид ба кафолати сифат дар минтақаи Аврупоии таҳсилоти олӣ (ESG)» таҳия шудаанд.
ДДМИТ аз аттестатсияи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, “Иҷозатнома ва замима”-и онро барои фаъолияти минбаъда дарёфт кард. Барои муайян намудани масири рушди минбаъда, «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» таҳия ва қабул гардид, ки дар он афзалият ва самтҳои асосии рушди донишгоҳ барои давраи миёнамуҳлат муайян карда шудааст.
Ҳамасола донишгоҳ дар Рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад, мақоми 4-умро устувор нигоҳ медорад.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимӣ буда, аз рӯйи 48 ихтисос мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои молия, иқтисод ва ҳуқуқи иқтисодиро омода мекунад. Таъминоти кадрии раванди таълим аз ҷумлаи масоили марказии такмили сифати таълим ба ҳисоб рафта, айни замон дар донишгоҳ 19 нафар докторони илм, 128 нафар номзади илм, 216 нафар муаллими калон ва ассистентон дар маҷмуъ 363 нафар устодон ба фаъолияти таълимӣ ҷалб карда шудаанд.
Донишгоҳ муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ буда, барномаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, маълумоти иловагии олии касбӣ, такмили ихтисос ва корҳои илмӣ-тадқиқотиро амалӣ месозад.
Айни замон дар ДДМИТ 6 факултет, 17 кафедраҳои тахассусӣ ва 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ фаъолият намуда, аз рӯйи самтҳои гуногун мутахассисони соҳаи молия, иқтисод, технологияҳои инноватсионию коммуникатсионӣ ва ҳуқуқи иқтисодиро омода менамоянд.
ДДМИТ дорои 5 бинои таълимӣ буда, дар онҳо барои як басти таълимӣ ба донишҷӯён 5670 (11340 дар ду баст) ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар донишгоҳ заминаи муосир ва мукаммали моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Айни замон дар маҷмуъ 2100 таҷҳизоти муосири информатсионию коммуникатсионии навъи гуногун харидорӣ ва насб карда шудаанд. Воситаҳои техникӣ барои омодасозии донишҷӯён дар донишгоҳ ин 3-синфхонаи лингафонӣ бо теъдоти 70 компютер, 2 лабораторияи 1С муҳосибот бо теъдоди 50 моноблок, 1 синфхонаи иқтисодӣ рақамӣ бо теъдоди 11 компютер, 8 синфхонаи компютерӣ бо теъдоди 172 адад компютер, 3 озмошгоҳи таълимӣ бо теъдоди 15 компютер, 2 синфхонаи забономӯзӣ бо теъдоди 10 адад ноутбук, 1 китобхонаи электронӣ бо теъдоди 56 компютер, 2 марказӣ тестӣ дорои 186 компютер мебошанд.
Инчунин дар донишгоҳ ду синфхонаи 1С муҳосибот дорои 50 адад моноблоки замонавӣ, 1 синфхонаи бонки таълимӣ, 1 синфхонаи иқтисоди рақамии дорои 10 адад компютер ва 1 адад панели сенсорӣ мебошад. Инчунин донишгоҳ дорои 1 адад студияи симову садо мебошад, ки бо техникаи навтарин таҷҳизонида шудааст. Ҳамчунин, бо мақсади тақвияти заминаи моддию техникии омӯзиши забонҳо ва технологияи муосир марказҳои муосир ташкил карда шудааст, ки барномаҳои муосири забономӯзӣ ва забонҳои барномасозӣ васлу насб карда шудааст. Ғайр аз ин, дар биноҳои таълимии донишгоҳ интернети беноқил “WiFi” муҷаҳҳаз карда шудааст, ки устодону донишҷӯён дар раванди таълим ва таҳсил аз он истифода менамоянд.
Илова ба таҳсилоти зинаи бакалавриат, донишгоҳ ҳамчунин дар зинаҳои магистратура ва докторантура (PhD) низ мутахассис омода мекунад. Дар ин самт шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ва кафедраҳои тахассусӣ муваззаф гардидаанд.
Дар донишгоҳ шурои диссертатсионӣ амал мекунад. Санаи 25 октябри соли 2024 фармоиши раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба таъсиси шурои докторӣ дар назди ДДМИТ, таҳти №402/шд ба тасвиб расид. Ба шурои диссертатсионӣ ваколати қабул ва баррасии диссертатсияҳо оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм иҷозат дода шуд. Саҳми шурои диссертатсионӣ дар таъмин кардани кадрҳои илмӣ дар донишгоҳ бениҳоят назаррас аст.
Донишгоҳ дорои Китобхонаи илмӣ мебошад. Фонди умумии китобхонаи илмии донишгоҳро 120900 нусха адабиёт ташкил медиҳад. Аз ҷумла: 53681 нусха адабиётҳои тахассусӣ, 39698 нусха адабиётҳои умумитаълимӣ, 15002 нусха адабиётҳои илмӣ, 8368 нусха адабиётҳои бадеӣ ва зиёда аз 4151 нусха дастуру барномаҳо, иборат мебошад. Дар назди китобхонаи илмии донишгоҳ толори махсус бо таъмини зиёда аз 200 нусха маҷмуаҳои оморӣ, рисолаҳо барои пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотии кормандон, унвонҷӯён, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ амал мекунад.
Муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ бо 153 муассисаи таълимии таҳсилоти олии хориҷаи дуру наздик густариш ёфта, оид ба табодули донишҷӯёну устодон шартномаҳои дутарафа ба имзо расонида шудаанд. Айни замон дар донишгоҳ шаҳрвандони 7 давлати хориҷӣ (Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия) таҳсил мекунанд. Ҳамасола устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуда, дар чорабиниҳои гуногуни илмию омӯзиши ва озмуну олимпиадаҳо иштирок менамоянд.
Дар донишгоҳ барномаи “Профессори даъватшуда” татбиқ шуда истодааст, ки тақозои замон аст. Байналмилаликунонии таҳсилот яке аз ҳадафҳои асосии Донишгоҳ ба шумор рафта, вобаста ба ин сафари хизматии устодону донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилотии кишварҳои хориҷӣ ва ҳамзамон даъвати профессорону омӯзгорон аз хориҷи кишвар ба донишгоҳ ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва хондани лексияҳо тақвият ёфта истодааст. Устодони хориҷӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ аз Украина, Полша, Қазоқистон, ҷумҳуриҳои назди Балтика ва Ҷумҳурии мардумии Чин ба донишҷӯёни донишгоҳ лексияҳо мехонанд. Дар навбати худ, устодони донишгоҳ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ аз ҷумла дар форумҳо, семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисос иштирок менамоянд.
Дар доираи шартномаи ҳамкорӣ дар ДДМИТ курси омӯзишии забони хитоӣ ба роҳ монда шуда, дар курси мазкур донишҷӯёни донишгоҳ дар ду баст бо фарогирии 50 нафар ба омӯзиши забони хитоӣ ҷалб карда шудаанд.
Ҳамасола олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо донишҷӯёни донишгоҳ сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гашта, бо ифтихорнома қадр карда шуданд. Ҳамасола дар донишгоҳ озмунҳои ҷумҳуриявӣ «Донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномасози беҳтарин» миёни донишҷӯёни МТОК баргузор мегардад. Устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба корҳои илмию ихтироотӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, илмро ба истеҳсолот ва таҷриба алоқаманд месозанд. Дар баробари ин устодону донишҷӯён дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чун макони илму дониш ва маърифат дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос дар пешрафти самтҳои асосии молиявию иқтисодии мамлакат ҳиссагузорӣ менамояд. Дар донишгоҳ тамоми шароитҳои зарурӣ барои илмомӯзӣ баҳри донишҷӯён муҳайё буда, синфхонаҳо бо таҷҳизоти наву замонавӣ таъмин мебошанд. Мутахассисоне, ки донишгоҳ дар тӯли фаъолияти худ омода намудааст, имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, хизмати давлатӣ, илму маориф фаъолият намуда, аксари онҳо намояндагони муваффақи олами тиҷорат ва соҳибкорӣ мебошанд. Донишгоҳ иштирокчии фаъоли муносибатҳои ҷамъиятӣ, маркази бузурги омодакунии мутахассисони баландихтисоси соҳаи молия ва иқтисод ва кадрҳои илмию педагогӣ ба ҳисоб меравад.
ИҶОЗАТНОМА

Тоҷ
Рус
Eng