Маълумотномаи кафедра

Исайнова Манижа Ҳисайновна
Мудири кафедра
номзади илми иқтисод, муаллими калон
| +992 99 999 9999 | |
Таърихи кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ
Кафедраи идораи
давлатӣ ва маҳаллӣ дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии молия ва
иқтисоди Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани кафедраҳо дар зерсохторҳои
таркибии факултетҳо ва мансубнамоии равияву ихтисосҳо ба он» аз 7 июли соли
2025, №90/11-а дар сохтори факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ таъсис дода
шудааст.
Таъсиси кафедра
ба талаботи рушди низоми идоракунии давлатӣ, такмили сиёсати давлатии иқтисодӣ
ва омодасозии мутахассисони баландихтисос барои мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ
мутобиқ буда, ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими таълимӣ-илмии факултет фаъолияти
худро ба роҳ мондааст.
Дар асоси
фармоиши мазкур ба кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ омода намудани
мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои зерин вогузор гардидааст:
- 1-260101 – Идораи
давлатӣ;
- 1-26010301 –
Танзими давлатии иқтисоди миллӣ;
- 1-26010101 –
Идораи мақомоти маҳаллӣ.
Кафедраи идораи
давлатӣ ва маҳаллӣ ҳамчун ҷузъи таркибии факултети иқтисод ва идоракунии
давлатӣ дар ҷараёни омодасозии мутахассисони касбӣ дар соҳаҳои идораи давлатӣ,
танзими давлатии иқтисоди миллӣ ва идораи мақомоти маҳаллӣ саҳми назаррас
дорад. Фаъолияти кафедра ба ташаккули дониш, малака ва салоҳиятҳои касбии
донишҷӯён равона гардида, ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ мебошад.
Фаъолияти кафедра
дар самтҳои таълимӣ, таълимию методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва
тарбиявӣ мутобиқи нақшаҳои тасдиқгардида ва талаботи оиннома ва дастурамалҳои
Донишгоҳ ба роҳ монда шуда, мунтазам амалӣ мегардад. Кафедра ба масъалаи баланд
бардоштани сифати таълим, истифодаи усулҳои муосири омӯзиш ва мутобиқсозии
барномаҳои таълимӣ ба талаботи замони муосир аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.
Дар фаъолияти худ
кафедра тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир, соҳибихтисос ва дорои
тафаккури идоракунии муосирро ҳадафи асосӣ қарор дода, масъалаи мутобиқати
сатҳи омодагии хатмкунандагонро ба талаботи бозори меҳнат дар мадди аввал
мегузорад.
Айни ҳол дар
кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ 8 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки аз
онҳо 5 нафар омӯзгори доимӣ, 2 нафар ҳамкори дохилӣ ва 1 нафар корманди техникӣ
мебошанд. Аз ҷумла, дар ҳайати кафедра 1 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент,
1 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон ва 5 нафар ассистент фаъолият
дошта, бо масъулияти баланд ба таълим ва тарбияи донишҷӯён машғул мебошанд.
Кормандони
кафедра дар баробари фаъолияти таълимӣ дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҳияи маводи
таълимӣ, иштирок дар конфронсҳои илмӣ ва ҳамкориҳои академӣ фаъолона саҳм
мегузоранд, ки ин ба рушди минбаъдаи кафедра ва баланд бардоштани нуфузи Донишгоҳ
мусоидат менамояд.
Фанҳои таълимӣ
Номгӯи фанҳои кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ
дар соли таҳсили
2025-2026
Низоми идораи давлатӣ ва маҳаллӣ.
Худидоракунии ҷамъиятии минтақавӣ.
Ҳукумати электронӣ.
Иқтисодиёти минтақавӣ.
Иқтисодиёти миллӣ.
Банақшагирӣ ва ояндабинии иқтисодиёти миллӣ.
Асосҳои бехатарӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ.
Иқтисодиёти амволи ғайриманқул.
Идораи иҷтимоӣ.
Идораи зиддибуҳронӣ.
Идораи карперативӣ.
Ояндабинии иқтисодию
иҷтимоӣ.
Танзими давлатии
иқтисодиёти комплексии агросаноатӣ.
Ояндабинии
иқтисодиётӣ миллӣ
Назарияи идорӣ.
Идораи моликияти
маҳаллӣ.
Танзими давлатии
иқтисодиёти миллӣ.
Идоракунӣ ва
банақшагирии минтақа.
Идораи давлатӣ.
Низоми идораи давлатӣ
дар мамлакатҳои хориҷӣ.
Рушди босуботи
иқтисодӣ.
Идорокунии буҳронҳои
молиявӣ.
Маҳфили илмӣ донишҷӯён
Корҳои илми тадқиқоти
Семинарҳо
Маҳфили илмии донишҷӯён
Ҳайати кормандони кафедра

Раҳимзода Баҳодур Карим
номзади илми иқтисод, и.в., дотсент
| +992 99 999 9999 | |

Раиҳмов Шодмон Шодибегович
Ассистенти кафедра идораи давлатӣ ва маҳаллӣ
| +992 99 999 9999 | |
Тоҷ
Рус
Eng 