Маълумот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи дустии халқҳои Федератсияи Россия

Фанҳои таълимӣ: Асосоҳои бехатарӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, Банақшагирӣ ва ояндабинии иқтисоди миллӣ, Иқтисоди минтақа.

Корҳои илмӣ тадқиқотӣ:

  1. Рисолаи магистрӣ дар мавзӯи “Банақшагирии стратегӣ дар корхонаҳо дар шароити иқтисоди бозорӣ” (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон).
  2. Кори диссертатсионӣ доир ба номзади илмҳои иқтисодӣ дар мавзӯи “Рушди бозори хизматрасонии пулакӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)”.
  3. Такмили низоми дастгирии содирот дар шароити рушди иқтисоди байналмилалӣ: назария, методология ва амалия (дар марҳилаи таҳқиқ).

Рӯйхати мақолаҳои асосии илмӣ:

  1. Анализ современного состояния и развития рынка платных услуг в Республики Таджикистан// Вестник Таджикского национального университета (научный журнал). Серия экономических и общественных наук. - Душанбе: «Сино» 2016, №2/2(197). – С. 22 - 29 (0,5 п.л.).
  2. Сфера услуг как отрасль экономики и современные тенденции её развития// Вестник Таджикского национального университета (научный журнал). Серия экономических наук. - Душанбе: «Сино» 2015, №2/2(161). – С. 58 - 64 (0,44 п.л.).
  3. Специфика услуги, влияющая на проведение маркетинговых исследований. Вестник Таджикского национального университета (научный журнал). Серия экономических наук - Душанбе: «Сино» 2015, №2/1(157). – С. 92 - 97 (0,40 п.л.).
  4. Совершенствование государственной поддержки предпринимательства в сфере услуг// Вестник Таджикского национального университета (научный журнал). Серия экономических наук - Душанбе: «Сино» 2013, №2/4(114). – С. 265 - 269 (0,31 п.л.) (в соавторстве, автором - 0,1п.л.).
  5. Совершенствование механизма государственного регулирования рынка платных услуг// Вестник Таджикского национального университета (научный журнал). Серия экономических наук - Душанбе: «Сино» 2015, №2/8(181). – С. 279 - 285 (0,44 п.л.) (в соавторстве, автором - 0,2 п.л.).

Рӯйхати баъзе корҳои асосӣ ва ташаббусҳои давраи фаъолияти меҳнатӣ дар дигар самтҳо:

  1. Дар таҳияи лоиҳаи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 иштирок кардааст.
  2. Ба сифати яке аз роҳбарони гурӯҳи кории лоиҳаи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 фаъолият кардааст.
  3. Дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии Чумҳурии Точикистон» иштирок кардааст.
  4. Дар давраи фаъолият дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масаълаҳои баргузорӣ, омода кардани маводи ҷаласаҳои Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориро бо котиботи Шўро ҳамоҳангсозӣ, баррасӣ ва ташкил кардааст.
  5. Дар ҷорӣ намудани низоми содиркунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо (Registered Exporter System)» дар Тоҷикистон саҳм гузоштааст.
  6. Дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамчун сохтори нави давлатӣ) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт», бахусус дар таҳияи низомномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ташкили фаъолияти Агентӣ, воҳидҳои сохторӣ, аз ҷумла раёсатҳо, бахшҳо ва намояндагиҳои он дар минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолона иштирок кардааст.
  7. Бо мақсади муаррифии имкониятҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон дар ташкили мизҳои мудаввар, машваратҳои корӣ, намоишгоҳо, бизнес-форумҳо, бахусус Форуми байналмилалии содиротии Бохтарфуд, ки солҳои 2021-2024 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардиданд, саҳми арзанда дорад.