Маълумотномаи кафедра

Насриддинов Хуршед Назарович
Мудири кафедра
Номзади илмҳои таърих, дотсент
| +992 99 999 9999 | |
ТАЪРИХИ КАФЕДРА ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ
Кафедраи фанҳои гуманитарӣ яке аз кафедраҳои муҳимми ДДМИТ ба ҳисоб рафта, ҳачун кафедари умумидонишгоҳӣ фаъолият менамояд. Ин кафедра баъди якҷоя шудани ду донишкада - Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дар заминаи ду кафедра кафедра - таърих ва фалсафа ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ бо фармони ректори ДМИТ (айни ҳол ДДМИТ) таҳти №1/6.2 аз 30 майи соли 2012 таъсис ёфт. Кафедраи мазкур дар донишгоҳ тибқи Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намуда, корҳои таълимӣ, таълимӣ – методӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ ва тарбиявиро хуб ба роҳ монда, фаъолият менамояд.
Дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ айни ҳол аз фанҳои таърихи муосири Тоҷикиситон, педагогика ва психология дар мактабҳои олӣ, фарҳангшиносӣ, диншиносӣ, сотсиология, фалсафа, сиёсатшиносӣ, психологияи касбӣ, мантиқ, фалсафа ва методологияи илм, этика ва эстетика ба донишҷӯёни зинаи таҳсилоти бакалавриат ва магистратура таълим дода мешавад.
Дар кафедра дар маҷмӯъ 30 нафар устодон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1-нафар доктори илм-профессор, 1 нафар номзади илм-профессор, 9 нафар номзадони илм-дотсентон, 5 нафар муаллимони калон ва 14 нафар ассистентон фаъолият менамоянд. Аз шумораи устодони болозикр 22 нафар корманди штатӣ, 7 нафар ҳамкори дохила ва 1 нафар ба ҳайси ҳамкори беруна фаъолият мебаранд.
Дар кафедра корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ хуб ба роҳ монда шуда, аз 22 нафар корманди штатӣ 20 нафарашон ба корҳои илмӣ машғул мебошанд, ки номи мавзӯи илмии кафедра, «Масоили фалсафӣ, таърихӣ,сиёсӣ- иқтисодӣ ва педагогии ҷомеаи муосири Тоҷикистон» буда, тибқи нақшаи панҷсола ҳамаи устодон тибқи равия ва мавзӯи худ таҳқиқот мебаранд.
Дар кафедра дар баробари корҳои таълимӣ, инчунин корҳои илмӣ-таҳқикотӣ низ хуб ба роҳ монда шуда, устодони кафедра дар донишгоҳ ва берун аз он дар конфронсҳо, семинарҳои методӣ ва мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо маърӯзаҳо ширкат менамоянд. Дар давоми фаъолияти кафедра 4 конфронси ҷумҳуриявӣ, зиёда аз 40 семинари илмӣ назариявӣ, 45 нишасти илмӣ-адабӣ, 42 мизи мудаввар, 34 ҷамъомади васеъи тантанавии аҳамияти илмӣ-таърихӣ ва сиёсиву фарҳангидошта бахшида ба идҳои Артиши миллӣ, 8-март – Рӯзи модарон, Ҷашни байналмиллалии Наврӯз, 9 - май-Рӯзи Ғалаба, 27 - июн Ваҳдати миллӣ, 1 - сентябр Рӯзи дониш, 9 - сентябр ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчам, Рӯзи Конститутсия ва ғайраҳо баргузор гардиданд, ки устодони кафедра дар ҳамаи ин чорабиниҳо фаъолона ширкат намуданд.
Устодони кафедра инчунин дар конфронсҳои берун аз донишгоҳ низ фаъолияти назаррас дошта, бо мақолаҳои худ ҳамеша дар ин чорабиниҳо иштирок менамоянд. Лозим ба ёдоварист, ки махсусан ширкати устодони кафедра ба мисли Мирзоев Н., Муллоҷонов А.К., Сабуров У.С., Мирзоев Ғ., Ҳомидова Қ., Насриддинов Х.Н., Манғитов М., Абдулвоҳидова Ф., Зарифов М., Ҳабибов С. ва дигарон назаррас мебошад.
Самараи ҳамин фаъолият мебошад, ки дар давоми 4 соли сипаригашта устодони кафедра дар маҷаллаҳои дохилӣ ва берунӣ беш аз 130 мақола ба чоп расониданд, ки басо назаррас мебошад.
Бояд зикр намуд, ки ҳамаи устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар баробари иҷрои сарбории бар ӯҳда доштаашон, яъне таълимӣ, инчунин дар масъалаи ба нашр расонидани китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ ва монографияҳои илмӣ низ кушиши зиёд доранд. Махсусан дар ин самт номи профессорон Мирзоев Н.М., Мирзоев Ғ., дотсентон Манғитов М., Муллоҷонов А.К. Носиров С.Ш. Ҳомидова Қ., Насриддинов Х.Н., Сабуров У.С.-ро зикр намудан ҷоиз ва шоиста мебошад, ки устодони номбурда дар самти ба нашр расонидани мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, монография ва дастурҳои таълимиву методӣ пешқадам ҳастанд. Аз ҷумла маводҳои зерин аз ҷониби устодон ба нашр расонида шуд аст, ки чанде аз онро ёдовар мешавем: Усули тарбияи ҷавонон бар асоси панду ахлоқи ниёгон, Эъломияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ ва консулӣ, Дипломатия: қоида ва меъёрҳои ташрифотӣ, Фалсафа дар саволу ҷавоб, Таърихи халқи тоҷик, Мақоми Ибни Рушд дар ташаккули фалсафаи Шарқу Ғарб, Асосҳои ташаккули донишу маҳорат ва малакаҳои зеҳнии муҳассилин дар раванди таҳсил, Диншиносӣ, Вожаномаи мафҳумҳои мухтасари сиёсӣ, Равандҳои маърифатӣ ва баэътиборгирии онҳо дар фаъолияти касбӣ, Таърихи халқи тоҷик дар саволу ҷавоб, Дипломатияи мухтасар дар мафҳум ва истилоҳот, Фалсафа (китоби таълимии алтернативӣ), Ташаккули тафаккури миллӣ, хештаншиносӣ ва фарҳанги маънавӣ, Ягонагии омӯзиш ва амал, Тоҷикистону Русия: Таърихи равобитҳои фарҳангӣ дар солҳои 1924-1941, Хусусиятҳои педагогии истифодабарии унсурҳои этнопедагогика дар тарбияи меҳнатии хонандагон, Саҳми академик Аҳрор Мухторов дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, Фарҳангшиносӣ, Сотсиологиябуда, Педагогика, Педагогика ва психология дар мактабҳои олӣ, Мухтасари таърихи халқи тоҷик. Аксарияти маводҳои номбаршуда дар нашриётҳои дохилидонишгоҳӣ ва берун аз он ба табъ расида ҳам дар дохил ва ҳам дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ истифода мешаванд.
Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён (МИД) амал менамояд. Дар маҳфили мазкур донишҷӯёни фаъол ҷалб гаштаанд, ки моҳе як маротиба зери роҳбарии устодон дар мавзӯҳои фалсафӣ, сиёсӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, психологӣ, педагогӣ ва ахлоқӣ баромад намуда, ба ҳамин васила пеш аз ҳама дониши хешро сайқал ва маҳорати касбиашонро ташаккул медиҳанд. Самараи дигари маҳфил дар он аст, ки аз байни аъзоён иштирокчиёни олимпиадаҳои дохилӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ баромада, муаррификунандаи донишгоҳ мегарданд. Ҳамзамон устодони кафедра бо ҳамин васила шогирдонро бо маърузаҳои илмӣ ба конференсияҳо ҷалб менамоянд.
Дар баробари маҳфили илмии донишҷӯён (МИД) инчунин маҳфили илмии умумидонишгоҳии устодону омӯзгорон зери унвони «Чароғи маърифат» амал менамояд, ки роҳбарии онро н.и.т., дотсенти кафедра А.Муллоҷонов ба зимма дорад. Маҳфили мазкур дар асоси нақша амал менамояд, ки дар баробари устодони кафедра инчунин олимону шахсиятҳои баруманди илму маориф ва собиқадорони соҳаҳои илмҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, таърих, фарҳангшиносӣ, педагогика ва психология аз муассисаҳои дигар даъват мешаванд, ки дар маҷмӯъ бо маърӯзаҳои ҷолиб маҳфилро ҷолиб мегардонанд.
Саҳми кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар баргузории олимпиадаҳои дохилидонишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ хеле назаррас буда, ҳамасола устодон бо шогирдонашон дар ин самт кори зиёдеро анҷом медиҳанд. Бояд зикр намуд, ки дар таърихи донишгоҳ зери роҳбарии устодони варзида ба мисоли Ғ.Мирзоев, А.Муллоҷонов, Ҳ.Нозимов, И.Ҷобиров донишҷӯён аз фанҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ ва таърихи халқи тоҷик дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, мақоми аввал ва ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд.
Дар маҷмуъ кафедраи фанҳои гуманитарӣ ҷиҳати омода кардани кадрҳои илмиву педагогӣ фаъолияти назаррас дошта, минбаъд низ устодони кафедра дар якҷоягӣ барои ноил гардидан ба нақшаҳои дар пеш гузоштаашон кӯшиши зиёд намуда, баҳри расидан ба ин ниятҳои нек заҳмат мекашанд.

Фанҳои таълимӣ
ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРА
- Психологияи фаъолияти касбӣ - Психологяии фаъолияти касбӣ яке аз соҳаҳои муҳими психологияи умумӣ ба шумормеравад, ки омӯзиши он дар замони кунунии инкишофи ҷамъиятва соҳаҳои мухталифи он талаботи давр ба шумормеравад. Маҳз бо омӯзиши психологияи фаъолияти касбӣ, ки қонуниятҳои зоҳиршавии ҳодисаҳои психикӣ аз ҷумлаи равандҳои маърифатӣ, ҳолатҳои равонӣ ва ҳусусиятҳои фардӣ-психологии шахсро дар раванди касбу кори гуногун меомӯзад, ҷавонон ва муттахасисони хубро ба камол расонидан мумкинаст. Давраи кунунии ташаккули ҷомеа дар истеҳсолоти моддӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ, маданияти маънавӣ ва соҳаи мактабу маориф дигар гуниҳои куллӣ ворид намуда, водорсохт, ки фаъолияти макотиби олӣ ба зинаи сифатан баланд бардошта шавад, то ба шароиту талаботи ҷомеа мувофиқ бошад. Психологияи фаъолияти касбӣ ҳамчун фанни таълимии нисбатан ҷадид маҳз барои тадбиқи мақсаду маромҳои дар боло зикршуда саҳмгир шуда метавонад, ки донишҷӯёни ихтисосҳои ғайри педагогиро бо асосҳои психологӣ ва ахлоқии фаъолияти касбҳои гуногун ошно мегардонад.
- Таърихи халқи тоҷик - Мундариҷаи асосӣ ва аҳамияти фанни мазкур; ватани таърихии тоҷикон; ташаккули халқи тоҷик ва давлати он; халқи тоҷик дар давраи устуворшавӣ ва рушди ҷомеаи феодалӣ; халқи тоҷик дар давраи истилои Осиҳи Миҳна аз тарафи Руссия; пайдоиши муносибатҳои сармоядорӣ; ғалабаи Инқилоби Октябр; барқароршавӣ ва устуворшавии Ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон (1917-1924); Тоҷикистон дар давраи барқароркунӣ ва оғози бозсозии хоҷагии халқ (1924-1946); Тоҷикистон дар давраи барқароркунии баъдиҷангӣ ва тараққиҳти минбаъдаи хоҷагии халқ (1946-1970); Тоҷикистон дар солҳои 70-.м ва оғози солҳои 80-ӯми асри 20; Тоҷикистон дар роҳи бозсозӣ; ташкили истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Тоҷикистон дар шароити сохтори давлати демократӣ.
- Фарҳангшиносӣ - Мақсади асосии омӯзиши фарҳангшиносӣ аз он иборат мебошад, ки донишҷӯён проблемаҳои методологии фанни мазкурро, қонуниятҳои инкишофи олами фарҳангӣ, вазифаҳои гуногун ва мақулаҳои ба ин фан хосро азхуд кунанд. Асосҳои назариявии фарҳангшиносӣ, таърихи инкишофи фарҳанги халқҳои ҷаҳон, проблемаҳои интиқоли фарҳанги умумибашарӣ низ яке аз вазифа ва мақсадҳои ин фан мебошад.
- Этикаи муносибатҳои расмӣ - Мақсад ва вазифаҳои фанни «Этикаи муносибатҳои расмӣ» ба донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун омӯзонидани ҷаҳонбинии ҳозираи гуманитарӣ, ки дар асосӣ он дарки маърифати идеалҳои ахлоқӣ , асосҳои илми этика, одоби муошират ва арзишҳои ҳозиразамонаи ҷамиятӣ дар ҷараёни муносибатҳои расмии одамон қарор мегирад. Дар натиҷаи дарки донишҳои назарявию амалии соҳавии ахлоқӣ ва шинохти этикет муносибатҳои солими одамонро дар ҳаёти иҷтимоӣ, алалхусус: робитаи солим бо ҳамкорон, самаранок гардонидани равандҳои робитавии гуногунмақсад, инчунин дар оянда неруи фаъолиятҳои касбии худро ба сифатҳои идоракунанда ё итоаткунанда, дуруст мусоидсозанда мебошад.
- Сиёсатшиносӣ - Объект, предмет ва методи илми сиёсатшиносӣ. Вазифаҳои сиёсатшиносӣ. Ҳаёти сиёсӣ ва муносибатҳои ҳукуматӣ. Рол ва мавқеи сиёсат дар ҳаёти ҷамъиятҳои муосир. Вазифаҳои иҷтимоии сиёсат. Таърихи таълимотҳои сиёсӣ. Анъанаҳои сиёсии халқи тоҷик, сарчашма ва асосҳои иҷтимоӣ – фарҳангии он. Мактабҳои сиёсатшиносии муосир. Пайдоиш ва хусусиятҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ. Хусусиятҳои ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷиҳатҳои ташкилотии сиёсат. Ҳокимияти сиёсӣ. Системаи сиёсӣ. Режимҳои сиёсӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, системаҳои электоралӣ. Мунсибатҳои сиёсӣ ва равандҳо. Моҷароҳои сиёсӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо. Ба ҳамин хотир фанни сиёсатшиносӣ на танҳо ба асосҳои назариявии сиёсӣ, балки бо роҳҳои татбиқи амалии онҳо дар ин ё он ҷомеа ошно месозад. Ҳаёти сиёсии ҷомеа аз раванду ҳодисаҳо ва муносибатхои мухталифу баҳам зид ва муқовиматомез таркиб ёфтааст. Қарни XX дар таърихи ҷамъияти инсонӣ ба тағйирот ва дигаргуниҳои азими худ дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ ба дараҷае нақши муайян гузоштааст, ки аз қарнҳои пешина ба куллӣ фарқ карда, омӯхта мешавад.
- Фалсафа - Фалсафа дар ҳаёти инсон ва ҷомеа; намудҳои таърихии фалсафа; инсон ва коинот; тавсифи фалсафӣ, динӣ ва илмии олам; ҳастӣ ва шаклҳои он; консепсияи монистӣ ва плюралистии ҳастӣ; мафҳуми модда ва рӯҳ; инкишоф диалектика, метафизика; детерминизм ва индетерминизм; ҳаракат, фазо, вақт; қонунҳо ва фаҳмиши фалсафии онҳо; табиати инсон ва моҳияти мавҷудияти он; дониш ва эътиқод; донишҳои ҳиссию ақлӣ, донишҳои таҷрибавию назариявӣ, ҳақиқат ва навъҳои он; низомҳои асосии фалсафа; таърихи фалсафаи Ғарб, Шарқ, Россия; афкори фалсафӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсии халқи тоҷик дар асрҳои 8-19 ва замони муосир омӯхта мешавад.
Ҳайати кормандони кафедра

Сангинов Далер
Ассистенти кафедра
| +992 99 999 9999 | |

Муллоҷонов Асадулло
Номзади илмҳои таърих, дотсент
| +992 99 999 9999 | |

Мирзоев Ғуломҷон
д.и.ф., профессор
| +992 99 999 9999 | |

Муаллим (2)
| +992 99 999 9999 | |

Муаллим (3)
| +992 99 999 9999 | |

Муаллим (4)
| +992 99 999 9999 | |

Муаллим (5)
| +992 99 999 9999 | |

Муаллим (6)
| +992 99 999 9999 | |

Муаллим (7)
| +992 99 999 9999 | |

Муаллим (8)
| +992 99 999 9999 | |

Муаллим (9)
| +992 99 999 9999 | |

Муаллим (10)
| +992 99 999 9999 | |

Муаллим (11)
| +992 99 999 9999 | |

Муаллим (12)
| +992 99 999 9999 | |

Муаллим (13)
| +992 99 999 9999 | |

Муаллим (14)
| +992 99 999 9999 | |

Муаллим (15)
| +992 99 999 9999 | |

Муаллим (16)
| +992 99 999 9999 | |

Ҳомидова Г
| +992 99 999 9999 | |

Манғитов Машраб
| +992 99 999 9999 | |
Тоҷ
Рус
Eng 