Маълумотномаи кафедра

Неъматов Илҳомидин Усмонович
Вазифа: Мудири кафедра
номзади илми иқтисод, дотсент
| +992 99 999 9999 | |
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи «Менеҷмент»
бо фармони №83 аз моҳи августи соли 1998 дар доираи факултети «Иқтисодиёт» дар
низоми қисми таълимии ДАҲ бо номи кафедраи «Менеҷмент ва маркетинг» ҳамчун
кафедраи тахассусӣ барои ихтисоси «Менеҷмент» таъсис гардидааст. 1-уми феврали
соли 2010 таҳти фармони №48 номи кафедра аз «Менеҷмент ва маркетинг» ба
кафедраи «Менеҷменти инноватсионӣ» таѓйир дода шуд ва аз 28-уми июни соли 2011
номи кафедра аз «Менеҷменти инноватсионӣ» ба кафедраи «Менеҷмент» иваз карда
шудааст.
Дар кафедра
устодони соҳибтаҷриба аз рўи ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунӣ- мудири кафедра
н.и.и., дотсент Неъматов И.У., профессор Аминов И., дотсентон: Назарамонова
Д.М., Хамидов А.Х., Хурамова З.М., Қосимова С.И., устодони калон: Холбобоев
Р.Б., Ҳомидова М. ассистентҳо: Шарипов В., Каримов М., Каримов Б., инчунин ҳуҷҷатнигори
кафедра Орипова М. кор ва
фаъолият намуда саҳми худро дар рушди кафедра мегузоранд. Дар солҳои гуногун
олимони шинохта аз қабили н.и.и., дотсент Тоҷибоев И.Х, д.и.и., профессор Ҷонмамадов
Ш.Б., д.и.и., профессор Файзуллоев М.Қ., д.и.и., профессор Базаров Ш.Ш.,
н.и.и., дотсентон Назарамонова Д.М., Ашуров М.Н. ва Хоҷазода Д.Қ. роҳбарии
кафедраро ба зимма дошта, дар ташкил ва рушди он саҳми босазои худро
гузоштаанд. Дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси кафедра саҳми
олимони тоҷик- д.и.и., профессорон И. Аминов, Саидмуродзода Л.Ҳ, Т.Б. Ғаниев ва
Мирсаидов С. хеле калон аст.
Ҳоло кафедраи «Менеҷмент» яке аз кафедраҳои асосии факултети
«Менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ» мебошад, ки соли 2018 Барномаи байналмилалии аккредитатсияро
гузашта, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардида, барои тайёр намудани
мутахассисони соҳаи иқтисодиёт ва идоракунӣ саҳм гузошта истодааст.
Талаботи ташкил намудани кафедра барои мусоидат дар тайёр
кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир, барои ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва берун аз он, шўъбаҳои тараққиёт ва маркетинги корхона, фирмаҳои
хусусӣ ва ассотсиатсияҳо, бонкҳо ва ширкатҳои суѓуртавӣ, фондҳои инвеститсионӣ,
нафақавӣ ва дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки донишҳои касбӣ дар соҳаи иқтисодиёт,
идоракунӣ ва технологияи компютерӣ талаб менамоянд, алоқамандӣ дорад.
Аз аввали таъсисиёби кафедра фаъолияти худро дар асосии нақшаҳои
таълимӣ, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо
ва дастурҳои ректор, қарорҳои Шурои олимони донишгоҳ ва роҳбарияти факултет ба роҳ
мондааст. Аз ҷониби устодони кафедра барномаҳои таълимию методӣ ва силлабусҳо аз
фанҳои тахассусии кафедра таҳия гардиданд. Мавриди қайд аст, ки кафедраи менеҷмент
мутахассисони ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро тайёр менамояд.
• 1– 26020200 – Менеҷмент, мутахассисонро дар самти идоракунӣ,
менеҷерони истеҳсолот, таҳлилгарони бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, мушовирони идоракунии
корхонаву ташкилотҳо, кормандони вазорату идораҳо, ки бо масъалаҳои сиёсати идоракунӣ
ва истеҳсолот машғуланд, намояндагони тиҷоратӣ, мутахассисони муносибатҳои маркетингӣ
тайёр мекунад. Вобаста аз малакаҳои гирифташуда, хатмкунандагони ихтисоси
"Менеҷмент" метавонанд вазифаҳои гуногунро аз таҳлилгарони мутахассис
то роҳбарони сатҳи олӣ дар ширкатҳо ва ташкилотҳои ватаниву байналмилалӣ ишғол кунанд.
• 1-26020208 – Менеҷменти инвеститсионӣ, мутахассисонро дар
самтҳои идоракунии инвеститсия, менеҷерони бозори молиявӣ, менеҷерони логистика,
менеҷерони анбӯҳи молия, менеҷерони рушди портфели инвеститсионӣ, мушовирони инвеститсияи
мустақим ва ғайримустақим, банақшагирандагони стратегӣ, таҳлилгарони бозорҳои молиявӣ,
омода менамояд. Хатмкунандагони ихтисоси "Менеҷменти инвеститсионӣ"
метавонанд вазифаҳои гуногунро аз мутахассисони таҳлилгар то роҳбарони сатҳи олии
инвеститсионӣ дар ширкатҳо ва ташкилотҳои ватанӣ ва байналмилалӣ ишғол кунанд.
Онҳо метавонанд дар инвеститсия, маркетинг, молия, содирот ва воридот, захираҳои
инсонӣ ва дигар шӯъбаҳои марбут ба фаъолияти инвеститсионии ширкат кор кунанд.
• 1-26020201 – “Идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқ” дар самти идоракуниву иқтисод, ҳуқуқу идораи
давлатӣ метавонанд ба сифати топ-менеҷер, молияшинос, иқтисодчӣ,
молияшинос-брокер, таҳлилгари молиявӣ, мутахассиси шўъбаи банақшагирӣ-иқтисодӣ,
ҳуқуқӣ, машваратчиёни сармоягузорӣ, роҳбарони
сохторҳои молиявӣ, мутахассисони соҳаи суѓурта, соҳаи иқтисод дар кишвар ва
берун аз он кор кунанд;
Фанҳои таълимӣ
1. Муқаддимаи ихтисос
2. Менеҷмент ва
маркетинг (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ)
3. Асосҳои менеҷмент
4. Асосҳои маркетинг
5. Менеҷменти инвеститсионӣ
6. Тадқиқотбарии назоми идоракунӣ
7. Менеҷменти ҳайат
8. Менеҷменти истеъдодҳо
9. Идоракунии лоиҳаҳо
10. Психологияи идоракунӣ
11. Қабули қарорҳои идоракунӣ
12. Рафтори муташаккил
13. Санъати роҳбарӣ
14. Менеҷменти молиявии инноватсионӣ
15. Менеҷмент(русӣ, тоҷикӣ)
16. Назарияи ташкилот
17. Менеҷменти стратегӣ ва инноватсионӣ
18. Маркетинг
19. Идоракунии ҳайати кадрӣ
20. Сиёсат ва стратегияи кадрӣ
21. Менеҷменти андоз
22. Коргузори дар идоракунӣ
23. Маркетинги стратегӣ ва инноватсионӣ
24. Менеҷменти инноватсионии корхона
25. Идоракунии захираҳои инсонӣ
26. Сиёсати инвеститсионӣ ва инноватсионии корхона
27. Менеҷменти креативӣ
28. Системаи усулҳои
идоракунӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ
29. Менеҷменти лоиҳаи инвеститсионӣ
Ҳайати кормандони кафедра

Каримов Баҳромҷон Исматуллоевич
Ассистенти кафедра
| +992 904467733 | |

Назарамонова Давлатмо Мирзомутдиновна
Вазифа: Дотсенти кафедра
| +992 915104740 | |

Каримов Муҳаммад Абдуқаюмович
Вазифа: Ассистенти кафедра
| +992 99 999 9999 | |

Аминов Иномҷон
Вазифа: Профессори кафедра
| +992 915-10-47-40 | |

Ҳамидов Абдусалим Худойбердиевич
Вазифа: Дотсенти кафедра
| +992 917-66-77-22 | |

Хурамова Замира Маматкуловна
Вазифа: Дотсенти кафедра
| +992 918-65-66-05 | |

Қосимова Саидниссо Исмоиловна
Номзади илмҳои педагоги, дотсент
| +992 99 999 9999 | |

Орипова Миҷгона
Оператор ҳуҷҷатгузор
| +992 99 999 9999 | |

Ҳомидова Маҳтоб
Муаллими калои кафедра
| +992 99 999 9999 | |

Тоирзода Мақсадулло
Ассистенти кафедра
| +992 99 999 9999 | |
Тоҷ
Рус
Eng 