Маълумотномаи кафедра

Мирмуҳамадзода Раъно
Мудири кафедра Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
| +992 99 999 9999 | |
Кафедраи умумидонишгоҳии «фанҳои табиатшиносӣ»
Кафедраи умумидонишгоҳии фанҳои табиатшиносӣ аз 1уми сентиябри соли
2012 дар заминаи кафедраи матиматика ва
фанҳои табиатшиносии донишкадаи
молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди
Тоҷикистон) мувофиқи фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди тоҷикистон ҳамчун кафедраи умумидонишкадавӣ таъсис ёфтааст.
Кафедраи умумидонишгоҳии фанҳои
табиатшиносӣ тибқи бандҳои 11 ва
12-и фасли 1 низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисодии
Тоҷикистон аз 8-уми июли соли 2014 таҳти №113%И «Оид ба таъсис
додани кафедраҳои умумидонишгоҳии фанҳои татиатшиносӣ ва математикаи олӣ», « дар асоси банди 4.13-и «оинномаи Муассисаи
давлатии таълимии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон» ва Қорори Шӯрои
олимони ДМИТ аз 30 июни соли 2014 таҳти «11%19 ҳамчун кафедраи мустақил таъсис дода шудааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти
№169 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди
Тоҷикистон табдил дода шуд.
Аз замони таъсисёбӣ
кафедраи мазкур дар донишгоҳ тибқи
Низомномаи Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
фаъолият намуда, корҳои таълимӣ, таълимӣ- методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ,
тарбиявиро хуб ба роҳ монда истодааст.
Дар кафедраи
умумидонишгофанҳои табиатшиносӣ аз фанҳои
Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография, Экология ва Консепсияҳои
табиатшиносии муосир, ба донишҷӯён
таълим дода мешава.
Кафедра аз рӯи
самти «Омӯзиши фанҳои табиатшиносбо назардошти мақсадҳои стратегӣ дар самти
тараққиёти иқтисодии мамлакат» фаъолият намуда истодааст. Фанҳои марбутаи
кафедра дар тайёр намудани мутахассисони маълумоти олии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ мавва нфузи назаррас дорад.
Аз ибтидои таъсисёбӣ
то моҳи декабри соли 2017 вазифаи мудириро н.и.п., дотсент Қаландаров Асомуддин
Шарифович ба уҳда доштанд. Баъдан роҳбарии кафедраро номзади илмҳоикишоварзӣ,
дотсент Улуғов Одилҷон Пардаалиевич ба уҳда
доштанд. Тибқи фармони ректори донишгоҳ
ва 21.06.2025 №215%м иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи фанҳои табиатшиносии
донишгоҳ н.и.п., дотсент Мирмуҳамадзода Раъно Мирмуҳамад ба уҳда доранд.
Фанҳои таълимӣ
Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография
Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосхои демография Давраи ҳозираро замони дигаргуниҳои азими илмию техникӣ, иҷтимоию сиёсӣ номидаанд. Хусусияти хоси ин давра: дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба вуҷуд омадани як қатор давлатҳои соҳибистиқлол ва дар ин асос, тағирёбии сохти иҷтимоӣ дар ҳар як давру замон ба вуҷуд меоянд. Аз ин лиҳоз омӯзонидани хусусиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатҳои ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳими ин фан ба шумор меравад. Вобаста ба ин ҳар як мутахассиси соҳаи иқтисодӣ бояд вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакатҳои хориҷӣ наздику дурро хуб сарфаҳм равад ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ дуруст муайян намуда тавонад.
Корҳои илми тадқиқоти
Семинарҳо
Маҳфили илмии донишҷӯён
МАЪЛУМОТНОМА
Маҳфили
илмии донишҷўён таҳти унвони «Табиатшиносони ҷавон»-и
назди
кафедраи Фанҳои табиатшиносӣ санаи 23.09.
2026
дар мавзуи «Нақши иқтисодиёти
“сабз”дар шароитҳои муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон » гузаронида шуд.
Дар аввал Раиси МИД-и кафедра Раҳимӣ
А.Ш. семенарро
ҳусни оғоз
бахшида қайд намуданд: Тағйири иқлим,
коҳиши захираҳои сӯзишвории фосилӣ ва зарурати рушди иқтисодии устувор дар асри XXI ҳукуматҳои ҷаҳонро маҷбур кард, ки ба консепсияи иқтисодиёти сабз рӯй оваранд. Иқтисодиёти сабз — ин намудест аз иқтисодиёт, ки дар он рушди иқтисодӣ бо коҳиши истеъмоли захираҳои табиӣ, паст кардани партовҳои зараровар ва эҳёи экосистемаҳо ҳамроҳ мешавад. Барои Тоҷикистон — кишваре,
ки зиёда аз 90% нерӯи барқашро аз манбаъҳои обӣ истеҳсол мекунад ва дорои потенсиали назарраси офтобӣ, бодӣ ва геотермалӣ мебошад
— иқтисодиёти сабз не танҳо орзу, балки роҳи воқеии рушди устувор аст.
Дар арафаи
35-солагии истиқлолият ва дар шароити тағйирёбандаи иқлими ҷаҳонӣ, Тоҷикистон бояд имконоти пурраи иқтисодиёти сабзро барои рушди энергетикаи барқароршаванда истифода барад.
Сипас
пешбарандаи маҳфил муаллими калони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Сулаймонов А.Э.
дар баромади худ қайд
намуданд, ки табиатшиносони ҷавони
мо вобаста ба мавзуъ бо ду
забон баромад мекнанд:
Ба забони тоҷикӣ –Бобоева Меҳрангез– донишҷӯи курси 4-юми факултети Иқтисоди рақами ва технологияҳои инноватсионӣ.
Ба забони русӣ – Камолов Хуршед – донишҷӯи курси 1-юми факултети Иқтисоди рақами ва технологияҳои инноватсионӣ.
(баромади ҳамаи донишҷӯён ба протоколи №1 замима шудааст).
Дар охири маҳфил миёни
маърӯзачиён ва
иштирокчиён
мубоҳисаи илмӣ сурат гирифт.
Ҳайати кормандони кафедра

Қаландаров Асомуддин Шарифович
Номзади илмҳои педагоги, дотсент
| +992 99 999 9999 | |

Маҳмадмуродов Абдусалим
Дотсенти кафедра
| +992 99 999 9999 | |

Абдуллозода Одилҷон Пардаали
Номзади илмҳои кишоварзӣ, Дотсент
| +992 100-90-21-57 | |
| odil25@mail.u |

Яқубов Рустам Шарафович
Муаллми калони кафедра
| +992 918235823 | |

Орифҷонова Вазира Раҳматҷоновна
Муаллими калони кафедра
| +992 99 999 9999 | |

Исломова Гулрух Султонмуродовна
Ассистенти кафедра
| +992 99 999 9999 | |

Қосимов Дилшод Нигматуллоевич
Ассистенти кафедра
| +992 908980980 | |

Раҳимӣ Алишер Шарофатулло
Ассистенти кафедра
| +992 99999 0994 | |
| |
Тоҷ
Рус
Eng 






