Маълумотномаи кафедра

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ РУСӢ

Кафедраи забони русии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо қарори Шӯрои олимон ва фармони ректори Донишкадаи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 27 августи соли 2016 аз 179/14 д/н «Дар бораи ташкил ва сохтори кафедрахо» дар заминаи кафедраи забонхои точикй ва русй ташкил шуд.

         Баъдан, моҳи марти соли 2018 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд.

         Дар давраи фаъолияти кафедра вазифаи мудири кафедраро:

         - солҳои 2016-2017 номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Кодирова Бунавшамоҳ Азизуллоевна;

         - аз соли 2017 то инҷониб мудирии кафедраро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Наврӯзова Гулшан Турсуновна ба ӯҳда дорад.

         Кафедраи забони русӣ фаъолияти худро дар асоси дастуру Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъдидипломӣ», Консепсияи миллии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

         Нақшаи кории кафедра низ ҳамасола аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ тасдиқ карда мешавад, ки дар он омӯзгорони кафедра нақшаи кории худро сари вақт иҷро намуда, пайваста аз рӯи он кор мебаранд.

         Омӯзгорони кафедра фаъолияти омӯзгории худро тибқи нақшаҳои илмӣ-тадқиқотӣ таҳия ва тасдиқшуда пеш мебаранд. Дар ин самт бо тавсияи роҳбарияти донишгоҳ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, инчунин кафедраи илм ва инноватсия корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолона амалӣ карда мешаванд.

         Дар кафедра, инчунин, мунтазам мизҳои мудаввар баргузор гардида, бо иштироки аксари мутахассисон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳру ноҳияҳо доир гардида, дар он олимони номдор ва донишҷӯён оид ба масъалаҳои мубрами рӯз маърӯза мекунанд.

Устодони кафедра дар самти илмии кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда, ҳар сол оид ба масъалаҳои мубрами кафедра конференсияҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ баргузор менамоянд.

         Дар назди кафедраи забони русй инчунин кружоки илмии студентони «Забони русиро омузед» амал мекунад.

         Кафедра дорои базаи тавонои интеллектуалӣ, моддию техникӣ ва кадрӣ буда, дар тайёр намудани мутахассисон, омӯзгорони ботаҷриба, ба даст овардани дараҷаи илмӣ ва омода намудани мутахассисон дар бозори меҳнат саҳми арзанда мегузорад.

         Инчунин устодони кафедра аз 09.12.2024 с. то 13.12.2024с. дар Барномаи “Неделя русского языка в Таджикистане”, ки бо ташаббуси “Фонди “Русский мир”, Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А.С.Пушкини Федератсияи Россия ва Маркази омӯзишии “Златоуст”, ки бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил шуда, иштирок намуда соҳиби сертификатҳо гардиданд.

          Устоди кафедра Махшулов Ҷ. дар озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» даври ниҳои бо шогирдонашон Нурбекова Таманно ва Ҳомилзода Эҳсонҷон иштирок намуд бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ сарфароз гардонида шуданд.

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ КАФЕДРА

             Кафедра бо тамоми муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи зичи илмӣ дошта, дар таҳияи маводи илмӣ ва китобҳои дарсӣ ҳамкории зич дорад. Ҳамчунин кафедраи забони русӣ бо Бунёди «Русский мир» ҳамкории зич ба роҳ мондааст.

          Устоди кафедра Наврӯзова Г.Т пайваста ба ҳайси муқаррази расмӣ  аз руи ихтисоси педагогика интихоб мегардад

         Солҳои охир аз ҷониби кафедра 5 китоби дарсӣ, 4 монография нашр шудааст

   Нашрҳои илмӣ:

 1.Наврузова Г.Т. (монография) – “Ташаккули худшиносии миллии ҷавонони донишҷӯ дар муҳити гуногунфарҳангӣ” 2021с.- 163 саҳ.

2.Алиқулова С.Т. (монография) – “Мушкилоти нашъамандӣ асоси иҷтимоии рафтори девиантии ҷавонон” 2021с. 153-саҳ.

3.Сафарова М., Наврузова Г.Т. – “Курси забони русӣ» барои донишҷӯёни курси 1-уми. Васоити таълимӣ. Душанбе, ДДОТ ба номи С.Айнй 2020с.- 194саҳ.

4. Қодирова Б.А.  “Забони русӣ барои донишҷӯёни курси якум”. Душанбе   

      2023.101саҳ.

 5. “Истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар дарсҳои забони русӣ барои рушди нутқи шифоҳии донишҷӯён»: Монографияи коллективӣ: ДДМИТ-2023

         Соли 2024 мудири кафедра Наврӯзова Г.Т. дар маҷаллаи байналхалқии SCOPUS дар ин мавзӯъ «The Model for Professional Competence Development of Engineering Teachers at Colleges» Conference paper. First Online: 03 July 2024, pp 509–520 Cite this conference paper  мақола чоп кардааст


Фанҳои таълимӣ

Забони русӣ  ҳамчун фанни таълимӣ ба ҳама донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва ғоибонаи ихтисосҳои иқтисодии амалкунандаи донишкада омӯзонида мешавад. Донишҷӯён дар раванди таълим ба қоидаҳои имло, ҷиҳатҳои овозӣ ва грамматикӣ ошноии бештаре пайдо менамоянд. Фанни забони русӣ яке аз шаш фаннҳои ҷаҳонӣ буда, 1,5 миллиард аҳолии сайёра бо он гуфтугӯ менамоянд. Дар бораи шаҳомат ва ғановати ин забони пурғунҷоиш мутафаккирони бузурги дунё андешаҳои арзишманде баён доштаанд. Қаҳрамони Тоҷикистон устод М. Турсунзода забони русиро қулфкушои хазинаи тамаддуни ҷаҳонӣ медонад, ки ин барҳақ аст. Дар ДМИТ сол то сол сифати таълим ва самараи омӯзиши ин забон зиёд шуда истодааст, ки натиҷаи он дар иштироки фаъоли донишҷӯёни ДМИТ дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, махсусан олимпиадаҳо зоҳир мегардад.

Ҳайати кормандони кафедра