Маълумотнома

Раҳимов Маҳмадшариф Шарофиддинович
Сардори Маркази тестӣ ва бақайдгирӣ
| +992 800 96 00 00 | |
Маркази тестӣ ва бақайдгирӣ тибқи фармони ректори Донишкада соли 2012 дар заминаи шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим таъсис дода шуда моҳи феврали соли 2015 аз таҳти шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим бароварда шуд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018 таҳти №169 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд.
Аз ин рӯ маркази тестии Донишкада ба маркази тестӣ ва бақайдгирии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.
Фаъолияти маркази тестӣ ва бақайдгирии Донишгоҳ дар асоси низомнома, нақшаи кории марказ, супоришҳои ректор ва ноиби ректор оид ба таълим ба роҳ монда шудааст.
Вазифаи кормандони маркази тестӣ ва бақайдгири барои ҷамъоварӣ, коркард ва мутобиқ намудани саволномаҳои тестӣ бо барномаҳои компютерӣ, ворид намудани ҷавобҳои дурусти саволномаҳои тестӣ, қабули имтиҳонҳои сессияи имтиҳонии донишҷӯёни дараҷаи бакалавр дар шуъбаи рӯзона ва фосилавӣ, магистрантон ва чопи натиҷаи имтиҳонҳои онҳо мебошад.
Дар донишгоҳ 2 - маркази тестӣ арзи вуҷуд дорад, ки дар бинои 5-уми донишгоҳ ҷойгир карда шудааст, ки дар ҳар як маркази тестӣ зиёда аз 90 - компютер вуҷуд дорад.
Тибқи нақшаи таълими ҳафтаи ҳузурӣ барои таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюм аз 22.12.2023 то 18.01.2024 гузаронида мешавад.
Баъд аз ба анҷом расидани дарсҳо дар нимсолаи аввали соли таҳсили ҷорӣ оғоз аз моҳи декабр то моҳи январ имтиҳонҳои ҷамъбастӣ барои шуъбаи рӯзона оғоз мегардад, ки аз ҷониби кормандони маркази тестӣ ва бақайдгирӣ қабул карда мешаванд ва баъд аз супоридани имтиҳонҳо донишҷуёне, ки баҳои ғайриқаноатбахш мегиранд барои такроран супоридани имтиҳонҳои худ дар даври иловагӣ (триместр) ба маркази тестӣ ва бақайдгирӣ ҳозир мешаванд.
Ҳайати кормандон

Раҷабзода Мансур Саймуроди
Мутахассиси маркази бақадгирӣ
| +992 811 01 00 00 | |

Самадов Рамазон Гулаҳмадович
Мутахассиси маркази бақадгирӣ
| +992 101 38 09 09 | |
Тоҷ
Рус
Eng