Маълумотномаи кафедра

Ҳасанова Манзура Абдурашидовна
Мудири кафедра
Номзади илмҳои филологӣ, дотсент
| +992 99 999 9999 | |
ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Кафедраи мазкур умумидонишгоҳӣ буда, таҳти роҳбарии мудири кафедра н.и.ф., Ҳасанова Манзура Абдурашидовна бо устодони таҷрибадор таъмин аст.Дар кафедра ду профессор, доктори илми филология Аслонова Н.Н. ва профессори кафедра Раҳмонов М. М. номзади илм, дотсент Сироҷова Н.Ф. ва н.и.ф., Б. Асоева, ду муаллими калон С. Муҳаммадиева, Мирзоев И. ва як оператор-ҳуҷҷатнигор Рузибаева Г. фаъолият менамоянд.
Устодони кафедра дар ҳамаи факултетҳои ДДМИТ аз фанни забони
тоҷикӣ дар курсҳои якуми гурӯҳҳои академии тоҷикиву русии шуъбаҳои рӯзонаву
фосилавӣ таълим медиҳанд. Ҳадафҳои таълими забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ
такмил додани малакаю маҳорати суханварӣ ва равшану возеҳ баён карда
тавонистани фикр, бехато навиштан, риоя намудани меъёрҳои забони адабӣ, мукаммал
намудани дарки аниқи ҷиҳатҳои хоси забони тоҷикӣ ҳамчун воситаи муошират ва
интиқоли иттилоот, донистани истилоҳоти соҳаи тахассус, бо услуби хоси илмӣ
баён намудани фикр ва таҳрир карда тавонистани матнҳои илмии соҳаи тахассус,
ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ ва рушди нутқи хаттию шифоҳии донишҷӯён аз
ҳисоби истилоҳоти маъмули байналмилалӣ ва истилоҳоти тахассусии мардуми
кишварҳои ҳамзабон мебошад. Кафедра барои дарсҳои амалӣ ва иҷрои корҳои
мустақилонаи донишҷӯён китоби дарсӣ, китобу маводҳои таълимии электронӣ таҳия
намудааст, ки онҳо дастраси донишҷӯён мебошад.
Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён «Забони миллат-ҳастии
миллат» амал мекунад, ки роҳбарии онро муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ
Муҳаммадиева С.О., ба зимма дорад.
Кафедраро солҳои гуногун устодони зерин ба монанди д.и.ф.,
профессор Асозода Х. (1999-2005), д.и.ф., профессор Аслонова Н.Н. (2005-2006)
роҳбарӣ кардаанд, н.и.ф., дотсент Раҳмонов М.М. аз соли (2006 -2024) масъулияти
мудири кафедраро ба уҳда доштанд.

Фанҳои таълимӣ
Такмили савод ва баланд бардоштани савияи забондонии
донишҷӯён, бартараф намудани ғалатҳои имлоӣ ва услубӣ дар нутқи хаттию шифоҳии
донишҷӯён.
Омӯзиши аломатҳои китобатӣ ва истифодаи дурусти онҳо. Тавассути мавзӯи «Калима
аз ҷиҳати баёни маъно», шинос намудани донишҷӯён бо боигарӣ ва захираи
луғавии забони тоҷикӣ. Бартараф намудани нуқсонҳо дар қироати матн, такмили
маҳорати суханварӣ ва сухандонии донишҷӯён, донистани мавқеи
истифодаи воҳидҳои луғавии забон. Ғанӣ гардондани захираи луғавӣ ва рушди
нутқи хаттию шифоҳии донишҷӯён аз ҳисоби истилоҳоти маъмули
байналмилалӣ ва истилоҳоти тахассусии мардуми кишварҳои ҳамзабон. Омӯзиши
услубҳои илмӣ, бадеӣ, публитсистӣ ва расмӣ-коргузорӣ.
Ба донишҷӯён омӯхтани шеваи кор бо луғату фарҳангҳо. Бедор намудани завқи
луғатомӯзии донишҷӯён ва дар ин замина афзун намудани дараҷаи луғатдонии онҳо.
Фанҳои таълимии кафедра бо дарназардошти тахассусҳои донишкада тадрис мешаванд.
Фанҳои таълимии кафедра дар тарбияи маънавии мутахассисони оянда нақши
муассир доранд. Ҷойгоҳи фанни забони тоҷикӣ дар шароити муосир ҷиҳати таъмини
тафаккури луғавии тахассусӣ баланд аст. Бояд гуфт, ки дарунмояи барномаҳои
таълимии забони тоҷикӣ ба табиати донишкадаи сирф, иқтисодӣ ҳамоҳанг карда
шудаанд. Аз ин лиҳоз кафедраи забони тоҷикӣ низ рисолати тайёр намудани
мутахассисони ояндаро дорад.
Ҳайати кормандони кафедра

Раҳмонов Мадислом Мадисоевич
Номзади илмҳои филологӣ, дотсент
| +992 99 999 9999 | |

Аслонова Наргис Наимҷоновна
Доктори илмҳои филология, профессор
| +992 99 999 9999 | |

Муҳаммадиева Савринисо
Муаллими калон
| +992 99 999 9999 | |

Сироҷова Нигина Фатҳиддиновна
Номзади илмҳои филологӣ, дотсент
| +992 99 999 9999 | |

Мирзоев Илҳомиддин Неъматович
Муаллими калон
| +992 99 999 9999 | |

Асоева Бунафша Ҷумаевна
Номзади илмҳои филологӣ
| +992 99 999 9999 | |

Бахтиҷамоли Раҳимзода
Ассистент
| +992 99 999 9999 | |
Тоҷ
Рус
Eng