Маълумотномаи факултет

Факултети иқтисодиёти ҷаҳон дар заминаи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо қарори Шӯрои олимони собиқ Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти №56/И аз 26.06.2012 сол «Оиди таъсиси факултетҳо ва кафедраҳои Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон» таъсис дода шуда, дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2012-2013 ба фаъолияти худ шурӯъ намудааст.    Дар факултети иқтисодиёти ҷаҳон  таълим дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”. “Низомномаи  намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст.  

Ба сохтори факултети иқтисодиёти ҷаҳон Шӯрои олимони факултет, Шӯрои илмӣ-методии факултет, эдвайзерони факултет оид ба таълим, тарбия, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, Офис-бақайдгиранда иттифоқи касаба, коргузор, кафедраҳо, инчунин созмонҳои ҷамъиятии факултет дохил мешаванд. 

Вазифаи асосии факултети иқтисодиёти ҷаҳон ин  тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгу ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷ ба шумор рафта, ҷараёни таълиму тарбия, дар шуъбаи  рӯзонаи факултет ба воситаи айёниятҳои муосири таълимӣ бо ҷалби ҳайати кадрии профессорон, дотсентон ва устодони ботаҷриба тадрис дода шуда, ҳамаруза тариқи камераҳои мушоҳидавии замонавӣ назорат карда мешавад. 

Бо таълиму тарбияи донишҷӯён устодони варзида, аз ҷумла 3 нафар профессорон, докторони илм, 13 нафар дотсентон, номзадҳои илм,  12 нафар муаллимони калон ва 20 нафар ассистентон машғул мебошанд. Бояд қайд кард, ки факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо устодони унвондор ба ҳиссаи 42,4% таъмин карда шудааст. Аз ҷумла кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ 30%, кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ 32% ва кафедраи фаъолияти гумрукӣ 30% бо устодони унвондор таъмин мебошанд. 

Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар шароити имруза аз рӯи ихтисосҳои зерин, аз ҷумла: 

  • 1-25010407 - молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодиёти беруна; 
  • 1-960101 - хадамоти гумрукӣ; 
  • 1-250103 - иқтисодиёти ҷаҳонӣ; 
  • 1-25010305 - инвеститсияи байналмилалӣ; 
  • 1-96010102 - таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ;
  • 1-96010103-бехатарии иқтисодӣ;
  • 1-26020202 - менеҷменти байналхалқӣ; 
  • 1-26020210 - менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ. 

Дар шӯъбаи рӯзона  мутахассисонро барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт бо дараҷаи олӣ-бакалавр тайёр менамояд. 

Бояд қайд намуд, ки дар факултет 750 нафар донишҷӯ  дар ду баст таҳсил менамояд. Дар шӯъбаи  рӯзонаи низоми таҳсили кредитӣ 41 гурӯҳи академӣ, мавҷуд мебошад. Мавриди қайд аст, ки дар ихтисосҳои ба факултет вобаста карда шуда, донишҷӯёни хориҷӣ низ таҳсил менамоянд.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар муасиссаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷузъи ҷудонашавандаи он мебошад. Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар асоси мавзӯи умумии «Самтҳои асосӣ ва ҳамгироии иқтисодиёти Тоҷикистон дар хоҷагии ҷаҳонӣ» ба роҳ монда шуда, аз се қисмат иборат мебошад, аз ҷумла: - Масъалаҳои методологии рушди муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ дар ҳамгироии иқтисодӣ; -Дурнамои инкишофи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон; - Асосҳои методии танзими давлатии иқтисод иборат мебошад. Дар факултет Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон ташкил карда шудааст, ки онҳо аз рӯи нақшаи корӣ ҷамъ шуда, масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи иқтисодиётро мутолеа менамоянд. Инчунин дар факултет Зермаҳфили «Зеҳн» таҳти роҳбарии декани факултет Убайдов Ф.С. фаъолият менамояд, ки котибии онро муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Шарифзода Г. бар ӯҳда дорад. Дар назди кафедраҳои тахассусии факултет маҳфилҳои илмии донишҷӯён, аз қабили «Бизнеси байналхалқӣ», «Гумрукчии ҷавон», «Молиячиёни ҷавони байналхалқӣ» фаъолият менамоянд.

Дар факултет ба созмонҳои донишҷӯён диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуда, донишҷӯён берун аз дарс ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар карда мешаванд. 

Бештар донишҷӯён бо корҳои ҷамъиятӣ дар созмони ҷавонон, шӯрои сардорон, шӯрои бонувон, созмони иттифоқи касабаи донишҷӯён, қисми фарҳанг ва варзиш машғул мебошанд, ки роҳбарии бевоситаи ин созмонҳоро аз зумраи донишҷӯёни аълохон ва фаъол ба ӯҳда доранд.

Дар самаранок фаъолият намудани созмонҳои номбурда бештар заҳмати Шӯрои кураторон хело ҳам назаррас аст. Инчунин дар факултет дастаи футболбозон аз ҳисоби донишҷўён ва устодон фаъолият менамояд, ки дар чорабиниҳои варзишии дохилӣ ва берунӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Мавриди қайд аст, ки дар факултети иқтисодиёти ҷаҳон таҳсил дар ихтисосҳои иқтисодиёти ҷаҳонӣ бо забони англисӣ, хадамоти гумрукӣ бо забони русӣ, молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодиёти беруна бо забони русӣ гурӯҳҳои академӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамаи фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ онҳо пурра бо забони англисӣ ва русӣ фаро гирифта мешаванд. 

Бо ташаббуси бевоситаи Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дар асоси шартномаи мубодилаи донишҷӯ донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ имкон доранд дар донишгоҳу донишкадаҳои пешрафтаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки  бо донишгоҳ шартномаи ҳамкорӣ доранд таҳсил намоянд.

Ҳайати кормандони факултет