Маълумотнома

Ғафорова Маҳбуба Сатторовна
Мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва духтарон
| +992 889828989 | |
Шурои занону бонувони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди
Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии «Мақоми зан дар ҷомеа»,
«Барномаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016»,
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, №269 «Дар бораи
Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои
2011-2020», Қарорҳои шурои олимон, раёсати донишгоҳ, қарорҳои мушовараҳои
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Фаъолияти
Шурои занони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар асоси
Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Низомномаи Шурои занони
донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Шурои бонувон бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи кор бо занони Ҳукумати шаҳри
Душанбе, Шуроҳои занони мактабҳои олии Ҷ.Т, мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳои
ҷумҳурӣ, ки аз он ҷо духтарон тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд, ҳамкорӣ
дорад.
Хурсандибахш аст, ки таи солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба мавқею нуфузи зан дар ҷомеа диққати зиёд дода истодааст. Ҳамчунон
Сарвари давлатамон дар мавриди нақши занон дар ҷомеа ва ояндаи ҷамъият занонро
қувваи бузург номида фармудаанд: “Занону модарони мо ҳамчун қувваи бузурги
иҷтимоӣ дар иҷрои нақшаҳои ба ояндаи нек нигаронидашуда саҳми арзандаи худро
мегузоранд”. Шурои
занон ва духтарон дар кори таълиму тарбия ва ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз
ҳиссаи муносиби худро мегузоранд ва хурсандиовар аст, ки имрӯз теъдоди зиёди
олимон, омӯзгорзанон паҳлӯ ба паҳлӯи мардон истода, дар тайёр кардани кадрҳои
баландихтисос саҳми босазо мегузоранд. Баҳри амалӣ намудани Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи баланд бардоштани мавқеи
зан дар ҷомеа” дар донишгоҳ навигариҳои зиёде ба чашм мерасад. Занон
дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ рисолати нигоҳдорандаи фарҳанг, забон,
урфу одат ва анъанаҳо, рисолати ҳифзкунандаи муқаддасоти оила ва тарбияи
фарзанд, вазифаи сулҳпарварӣ ва ваҳдатофариниро иҷро карда, ҳамчун ходими
фаъоли ҷамъиятию давлатӣ дар баробари мардон саҳм доранд. Шурои бонувон дар
ҳафт самт фаъолият менамояд (таълим, тарбия, фарҳанг, тандурустӣ, умумӣ, хуқуқӣ,
байналмилалӣ). Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни
донишҷӯдухтарон дар ҳар факулта раиси Шурои духтарон интихоб карда мешавад.
Ҳамзамон донишҷӯдухтарони болаёқат, аълохон ва фаъоли
донишгоҳ аз ҳисоби курсҳои 2 ва 3 тибқи мактуби Кумитаи кор бо занон ва оилаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои курси омӯзишии “Мактаби сарварони
ҷавон” пешниҳод шудаанд.
Оид ба баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва дониши
касбии занҳо ва донишҷӯдухтарон Шурои занону духтарони донишгоҳ тибқи нақша бо
кормандон ва донишҷӯён дар сатҳи факулта, марказҳо ва хобгоҳҳои донишгоҳ
сӯҳбату вохӯриҳо, озмунҳои фарҳангӣ, мизи мудаввар, ҷаласа, ҳамоишҳо оид ба
риояи “Дастурамали либоси тавсиявии донишҷӯён” ва либоси расмии кормандон,
“Оилаи солим ҷомеаи солим”, “Оила макони муқаддасест, ки фарзанд дар он ба воя мерасад”, баланд бардоштани
маърифатнокии ҳуқуқиву худшиносии ҷавонон ҷиҳати боз ҳам қавитар гардондани
масъулияти ҷавонон дар пойдории оила ва рисолати ҳифзкунандаи муқаддасоти
оиладорӣ, саломатии репродуктивӣ, оқибатҳои никоҳи барвақт ва хешу таборӣ,
баргузор карда мешаванд.
Ҳайати кормандон

Ному Насаб
Вазифа
| +992 99 999 9999 | |

Ному Насаб
Вазифа
| +992 99 999 9999 | |

Ному Насаб
Вазифа
| +992 99 999 9999 | |
Тоҷ
Рус
Eng