Маълумотномаи кафедра

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ«МОЛИЯ»

Кафедраи «Молия ва қарз» дар асоси фармони ректори собиқ Донишкадаи молияи Тоҷикистон таҳти рақами № 3/4 аз 9-уми июни соли 2010-ум ҳамчун кафедраи тахассусӣ таъсис ёфтааст. Аз 1-уми сентябри соли 2010 фаъолияташро оғоз кардааст. Баъди муттаҳидшавии донишкадаи иқтисодӣ ва молияи Тоҷикистон дар асоси фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 31.08.2012. кафедраи «Молия ва муомилоти пул» таъсис дода шуда, ба фаъолият оғоз кард. Мақсади таъсиси кафедра тайёр кардани мутахассисони соҳаи молия мебошад. Имрӯз дар кафедраи номбурда 14-нафар устодони доимӣ фаъолият мекунанд. Кафедра ба ҳайати 20-нафараи худ, ки аз профессорон, дотсентон, устодон ва мутахассисони пешбари соҳаҳои молия ҷамъ омадаанд, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Устодони кафедра таълиму тарбияро ба ӯҳда доранд, ки дар ин самт фаъолиятро бомувафақият ба роҳ монда истодаанд. Имрӯз дар кафедраи «Молия»: 2 – доктори илм, 4-нафар номзадҳои илмҳои иқтисодӣ; 4-нафар устодони калон; 4-нафар ассистент ба донишҷӯён дарс медиҳанд. Кафедра таълиму тарбияи насли наврасро дар асоси низоми кредитӣ, ки ба стандартҳои байналхалқӣ ҷавобгӯй аст ба роҳ мондааст. Дар назди кафедраи «Молия ва муомилоти пул» доир ба ҳар як фанни таълимӣ синфхонаи таълимии бо маводҳои методӣ ва таълимӣ ҷиҳозонидашуда мавҷуд аст. Қабули корҳои мустақилонаи донишҷӯён хело хуб ба роҳ монда шудааст. Дар назди кафедра маҳфили илмии «Молиячиёни ҷавон» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва ба корҳои илмӣ омодасозии онҳо фаъолият менамояд. Дар маҳфилҳои мазкур донишҷӯён таҳти роҳбарии профессорону дотсентони кафедра бо гузоришу маърӯзаҳои илмӣ дар семинару маҳфилҳо иштирок менамоянд ва ба конфронсҳои дохилидонишкадавию олимпиадаҳо ва берун аз он пешбарӣ карда мешаванд. Дар раванди фаъолият кафедра конфронс ва мизҳои мудавари илмӣ-методиро дар мавзӯҳои гуногуни молиявӣ, бонкдорӣ, суғурта ва сармоягузорӣ бахшида ба соли маориф ва фарҳанги техникӣ доир намуд, ки дар он устодон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд. Кафедраи «Молия»-и факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи давлати молия ва иқтисоди Тоҷикистон кафедраи тахассусӣ буда, таълими чунин фанҳои зеринро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ  ва англисӣ тибқи барномаҳои таълимии низоми кредитии таҳсилот ба роҳ мондааст:


Image

Фанҳои таълимӣ

1. Муқаддимаи ихтисос (молия);

2. Молия

3. Буҷети давлатӣ ва сохтори он;

4. Молияи корхона;

5. Молияи ташкилотҳои буҷетӣ;

6. Хазинадорӣ;

7. Буҷети давлатӣ;

8. Муаммоҳои муосири молиявӣ;

9. Иқтисоди молиявӣ;

10. Молияи минтақаҳо;

11. Буҷети давлатӣ ва сохтори он;

12. Молияи маҳаллӣ ва муносибатҳои байнибуҷетӣ;

13. Банақшагирӣ ва ояндабинии молиявӣ;

14. Фондҳои мақсадноки буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ;

15. Молияи рақамӣ;

16. Бехатарии молиявӣ;

17. Самаранокии молиявии танзими иқтисодӣ;

18. Моделҳои идоракунӣ дар низомҳои молиявӣ;

19. Низомҳои электронии амалётҳои молиявӣ;

20. Молияи хоҷагии манзилию комуналӣ;

21. Молия, муомилоти пул ва қарз;

22. Молияи давлатӣ;

23. Назорати давлатии молиявӣ;

24. Маърифати молиявӣ;

25. Молия ва назорат дар соҳаи гумрук.

26. Стртаегияи идоракунии молияи давлатӣ


Ҳайати кормандони кафедра