Маълумотнома

Шарифов Иброҳимҷон Ёқубҷонович
Сардори раёсати маъмурию хоҷагидорӣ
| +992 999990005 | |
Раёсати маъмурию хоҷагидорӣ воҳиди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, мутобиқи вазифаҳои ба зиммаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вогузоргардида фаъолият менамояд.
Раёсати маъмурию-хоҷагидорӣ фаъолияти худро дар асоси Оинома ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҷузъӣ «лоақалӣ»-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Танзими қонунии шумораи коргарон, самтҳои тахассуси онҳо, шароитҳои меҳнатӣ ва маишӣ, муносибати коргарон ба моликият, интизоми меҳнат, ҳавасмандкунии меҳнатӣ, низоми имтиёзҳо, кўмакпулиҳо,ҷубронпулиҳо ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқаманде, ки хилофи қонунгузории амалкунанда намебошанднд;
Ҳолати тайёрии биноҳои таълимӣ ва ташкил намудани шароити мусоиди корӣ ва тадрисӣ барои донишҷўёну кормандони Донишгоҳ;
Вазъи санитарию гигиении биноҳои таълимӣ ва тадбирҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои таълим;
Таъмир ва тармими биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои Донишгоҳ;
Таъмиру таҷҳизонидани синфхонаҳои лингофонӣ, тадриҷан таъмин намудани озмоишгоҳҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, ҳуҷраҳои методӣ бо ашёю лавозимоти таълимию техникӣ ва илмӣ-методӣ;
Оид ба фаъолияти нуқтаҳои хўроки умумӣ;
Оид ба рафти иҷрои қарорҳои ректорат ва чораҳои баланд намудани ҳисси масъулияти иҷрокунандагон;
Тақвият бахшидан ба дастрасии маводи электронии иттилоотию таълимӣ, илмию методӣ, ташкил ва ба истифода додани синфхонаҳои компютерӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, марказҳои интернетӣ, китобхонаҳои электронӣ дар Донишгоҳ;
Муҳайё намудани шароити мусоиди қироатӣ дар толорҳои дарстайёркунии китобхонаи илмӣ, кабинетҳои методии кафедраҳои Донишгоҳ, таъмин намудани китобхонаи илмӣ бо комиютерҳо ва васл намудани онҳо ба шабакаи «ИНТЕРНЕТ»;
Инфрасохтори донишгоҳ

Шарифов Иброҳимҷон Ёқубҷонович
Сардори раёсати маъмурию хоҷагидорӣ
| +992 999990005 | |
Тоҷ
Рус
Eng 








