Маълумотномаи кафедра

Шарипов Садриддин Бадриддинович
Мудири кафедра
доктор PhD, дотсент
| +992 99 999 9999 | |
Кафедраи иқтисоди ҷаҳон дар заминаи моддӣ - техникӣ ва кадрии кафедраҳои бизнеси байналхалқӣ, пардохтҳои гумруки ва назорати асъор соли 2010 ҳамчун сохтори таркибии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ташкил шудааст. Зарурияти ташкил намудани кафедра бо талаботи тайёр кардани мутахассисони касбӣ аз рӯи тахассуси бизнеси байналхалқӣ барои ширкатҳо ва ассотсиатсияҳо, бонкҳои тиҷоратӣ ва фондҳои инвеститсионӣ ва нафақавӣ ва дигар корхонаҳо ва ташкилотҳои тиҷоратӣ алоқаманд мебошад.
Собиқ кафедраи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати асъор бо қарори Шӯрои олимони донишкада 16 августи соли 2004 таъсис дода шуда буд ва ба тайёр намудани мутахассисон аз рӯи тахассуси «Ташкилотчии умури гумрук» машғул буд.
Нахустин мудири кафедра ва таъсисдиҳанда он номзади илмҳои иқтисод Мирзоев Иброҳим буд. Соли 2006 аз сабаби ба кори дигар гузаштан ба вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои иқтисод Давлатов Х.М. интихоб карда шуд. Аз соли 2007 дар баробари тахассуси «Ташкилотчии умури гумрук» инчунин ба тахассуси «Бизнеси байналхалқӣ» донишҷӯ қабул карда мешавад.
Дар солҳои гуногун дар кафедра устодони зерин фаъолият намуданд: Мирзоев И – н. и. и., дотсент (мудири кафедра солҳои 2004 - 2006), Қурбонов А – д. и. и., и.в. профессор (солҳои 2008 – 2009), Кошонова М – д. и. и., профессор (солҳои 2007 - 2010), д. и. и., профессор Ғафуров Хушвахт (2007-2012с.), д. и. и., профессор Воҳидов Вахоб Вохидович (2007-2012с.), Абдуллоев С. – ассистент (солҳои 2005 - 2009), Шарипов Н. – ассистент (солҳои 2005 - 2009), Шамсиев Н. – муаалими калон (солҳои 2004 - 2008), Қаҳҳоров Максуд - муаалими калон (солҳои 2007 - 2012), н. и. и., дотсент Содиқов Меҳтархон Соқибоевич (2005-2012), Давлатов Ф. С. - ассистент (солҳои 2006 - 2008), Нидоев П.- ассистент (солҳои 2004 - 2008).
Аз аввали таъсисиёби кафедра фаъолияти худро дар асосии нақшаи таълимӣ қарорҳо ва дастурҳои ректор, роҳбарияти факултет, қарорҳои олимони донишгоҳ, ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Аз ҷониби устодони кафедра барномаҳои таълимию методӣ ва силлабусҳо аз фаннҳои тахассусии кафедра таҳия гардиданд. Мавриди қайд аст, ки кафедраи иқтисоди ҷаҳон байналмилалӣ мутахассисони ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро тайёр менамояд.
Ҳоло кафедра яке аз кафедраҳои пешсафи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, мутахассисони соҳаҳои зеринро омода менамояд:
- 1– 25010300 – Иқтисодиёти ҷаҳонӣ, мутахассисонро дар самти ФИБ, менеҷерони содирот ва воридот, таҳлилгарони бозорҳои хориҷӣ, мушовирони тиҷорати байналмилалӣ, кормандони вазорату идораҳо, ки бо масъалаҳои сиёсати иқтисодии байналмилалӣ машғуланд, намояндагони савдо, мутахассисони муносибатҳои байналмилалӣ тайёр мекунад. Вобаста аз малакаҳои гирифташуда, хатмкунандагони ихтисоси "Иқтисодиёти ҷаҳонӣ" метавонанд вазифаҳои гуногунро аз таҳлилгарони мутахассис то роҳбарони сатҳи олӣ дар ширкатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ишғол кунанд.
- 1-26020202 – Менеҷменти байналмилалӣ, мутахассисонро дар самтҳои ба менеҷерони фурӯш, менеҷерони маркетинг, менеҷерони логистика, менеҷерони кадрҳо, менеҷерони рушди тиҷорат, мушовирони тиҷорати байналмилалӣ, банақшагирандагони стратегӣ, таҳлилгарони бозорҳои байналмилалӣ, омода менамояд. Хатмкунандагони ихтисоси "Менеҷменти байналмилалӣ" метавонанд вазифаҳои гуногунро аз мутахассисони таҳлилгар то роҳбарони сатҳи олӣ дар ширкатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ишғол кунанд. Онҳо метавонанд дар фурӯш, маркетинг, логистика, молия, захираҳои инсонӣ ва дигар шӯъбаҳои марбут ба фаъолияти байналмилалии ширкат кор кунанд.
- 1-26020210 – Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмиалӣ дар самти ширкатҳои сайёҳӣ ва хадамотҳое, ки бо ташкили сафарҳои байналмилалии сайеҳӣ, меҳмонхонаҳое, ки дар минтақаҳои сайёҳӣ ба сайёҳони хориҷӣ нигаронидашуда, ширкатҳои нақлиётии сайёҳони байналмилалӣ (ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ширкатҳои круизӣ, ширкатҳои роҳи оҳан), мақомоти давлатии идоракунии сайёҳӣ, ки бо рушди сайёҳии байналмилалӣ дар кишвар машғуланд, машғуланд тайёр мекунад;
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ КАФЕДРА
Кафедра бо тамоми муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи наздики илмӣ дошта дар таҳияи маводҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва омода намудани муттахассисон дар ҳамкории зич қарор дорад. Инчунин кафедраи иқтисоди ҷаҳон бо Институтҳои таҳқиқотӣ ва таълимии давлатҳои ИДМ ва ҶМЧ ҳамкории зичро ба роҳ мондааст.
Устодони кафедра пайваста ба ҳайси муқаррази расмӣ ва кафедра ба сифати муассисаи пешбар аз рӯйи самтҳои 08.00.13 – Иқтисодиёти ҷаҳонӣ; 08.00.03 – Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ; 08.00.05.01 - Савдо, хизматрасониҳои тиҷоратӣ ва маишӣ; интихоб мегардад.
Дар муддати 5 соли охир кафедра 2 китоби дарсӣ ва зиёда аз 6 монография ва 10 васоити таълимӣ рӯйи чоп овардааст.
Нашрҳои илмӣ:
- Иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ. Китобӣ дарсӣ. / Л.Ҳ. Саидмуродзода, М.А. Мирбобоев, З.М. Давлатшоева ва дигарон. // Душанбе, Ирфон – 2019 сол. С. 385
- Торгово-экономическая интеграция стран Центральноазиатского региона в рамках ШОС: теория, методология, практика. Монография. / М.С. Содиков, С.Б. Шарипов // Научная монография. ТГФЭУ 2024 год. стр. 177.
- Международный бизнес. Учебное пособие. Душанбе. ТГФЭУ. 2024 год. Стр. 164.
- Иқтисодиёти ҷаҳонӣ. Китобӣ дарсӣ. / Ҷонмамадов Ш.Б., Содиқов М.С., Шарипов С.Б. ва дигарон. // Душанбе, Полиграф – 2024 сол. С. 483
- Иқтисодиёти байналмилхалқӣ. Васоити таълимӣ. /Давлатшоева З.М., Ҳамроев М.И.//. Душанбе. ДДМИТ. 2023. С. 181
Дар назди кафедра маҳфили илмӣ таҳти унвони «World economy club» фаъолият дорад, ки дар машваратҳои он масъалаҳои назариявии фанҳои иқтисодиёти ҷаҳон баррасӣ ва муҳокима карда мешаванд.
РАВАНДИ ТАЪЛИМ
Фанҳои тадрисшавандаи кафедра бисёре аз ихтисосҳои донишгоҳ омӯзонида мешаванд. Дар кафедра аз рӯйи 20 фанни таълимӣ дарсҳо гузаронида мешаванд. Аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ барномаи таълимӣ ва барномаи корӣ (силлабус) таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Аз рӯйи 14 фанни таълимӣ маводҳои таълимӣ рӯйи чоп омадаанд, ки барои азхудкунии донишҷӯён кӯмак менамоянд.
Фанҳои таълимӣ
1. Муқаддимаи
ихтисос
2. Иқтисодиёти
ҷаҳон
3. Бизнеси
байналмилалӣ
4. Менеҷменти
байналмилалӣ
5. Соҳибкории
муштарак
6. Муносибатҳои
иқтисодии байналмилалӣ
7. Интегратсияи
иқтисодии байналмилаӣ
8. Туризми
байналмилалӣ
9. Менеҷмент дар
соҳаи сайёҳии байналмилаӣ
10. Менечменти
стратегӣ дар соҳаи сайёҳӣ
11. Менеҷменти
индустрияи меҳмонннавозӣ
12. Фаъолияти
иқтисодии хориҷии фирма
13. Маданияти бизнеси
байналмилалӣ
14. Минтақаҳои озоди
иқтисодӣ
15. Дипломатияи
иқтисодӣ
16. Маркетинги
байналмилалӣ
17. Бизнеси сайёҳӣ
18. Бозори ҷаҳонии
сайёҳӣ
19. Асосҳои сайёҳии
байналмилалӣ
20. Иқтисодиёти ҷаҳон
ва МИБ
Ҳайати кормандони кафедра

Саъдуллоев Асадуллоҳ Ҷаҳфарофич
Ассистент
| +992 99 999 9999 | |

Ҷонмамадов Ш.Б.
Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
| +992 99 999 9999 | |

Содиқов М.С.
Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
| +992 99 999 9999 | |

Шарипов С.Б.
Доктор PhD, дотсент
| +992 99 999 9999 | |

Давлатшоева З.М.
Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
| +992 99 999 9999 | |

Файзуллоева С.Ҷ.
Номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон
| +992 99 999 9999 | |

Акрамзода Малика А.
Номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон
| +992 99 999 9999 | |

Хоҷахонова Г.К.
Муаллими калон
| +992 99 999 9999 | |

Ақдодова Н.Н.
Ассистент
| +992 99 999 9999 | |

Расулзода Фаридун. А.
Ассистент
| +992 99 999 9999 | |

Парвонаи М.
Оператор-ҳуҷҷатнигор
| +992 99 999 9999 | |
Тоҷ
Рус
Eng