Маълумотномаи кафедра

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «МЕНЕҶМЕНТИ МОЛИЯВӢ»

Кафедраи менеҷменти молиявӣ мувофиқи фармони ректори ДМИТ аз 30.05.2012, таҳти № 1/6.2 ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ ташкил карда шудааст. Талаботи ташкил намудани кафедра барои мусоидат дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир, барои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати молияи вилотятҳо, ноҳияҳо, шуъбаҳои молиявии корхонаҳо, ташкилотҳо, бонкҳо, лоиҳаҳои инвеститсионӣ, нафақавӣ ва дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки донишҳои касбӣ дар соҳаи молия, иқтисодиёт, талаб менамоянд, алоқамандӣ дорад. Кафедраи менеҷменти молиявӣ тахассусӣ буда, дар он аз ду ихтисос 1-25010410 менеҷменти молиявӣ ва 1-26010303 идоракунии молияи давлатӣ матахассис тайёр мекунад.

Дар назди кафедра маҳфили илмии «менеҷер- сармоягузор» ,ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва ба корҳои илмӣ омодасозии онҳо фаъолият менамояд. Дар маҳфилҳои мазкур донишҷӯён таҳти роҳбарии профессорону дотсентон ва омӯзгорони калони кафедра бо гузоришу маърӯзаҳои илмӣ дар семинару маҳфилҳо иштирок менамоянд ва ба конфронсҳои дохилидонишгоҳию олимпиадаҳо ва берун аз он пешбарӣ карда мешаванд. Дар раванди фаъолият кафедра конфронс ва мизҳои мудаввари илмӣ-амалиро дар мавзӯҳои гуногуни молиявӣ, бонкдорӣ, ва сармоягузорӣ мунтазам дар он устодон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ баромад менамоянд.

Кафедра барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методиро дар асоси талаботи кунунӣ ва раванди таълимӣ таҳия карда баромад, ки ба шароити нави таълим ва хоҷагидорӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳоло кафедраи менеҷменти молиявӣ яке аз кафедраҳои асосии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ мебошад, ки барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи молия ва иқтисодиёт саҳм мегузорад. Дар кафедра устодони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисосҳои менеҷменти молиявӣ, ва идоракунии молияи давлатӣ, мудири кафедра н.и.и.,дотсент Нуров Ш.С., н.и.и.,дотсент Ҷураев Х.Ғ., н.и.и.,дотсент Мирзоева Е.Ш.., ассистентон Амиров М.С. Саъдиев Ҳ.Ф., Файзуллоев К.Ҷ. Ҳакимова М.С., ва Толибова Ш.М. кор ва фаъолият намуда истодаанд.

Фанҳои таълимӣ

ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ «МЕНЕҶМЕНТИ МОЛИЯВӢ»

  • Менеҷменти молиявӣ. Принсипҳо ва нақши менеҷменти молиявӣ дар корхонаҳо. Молик – соҳибкор – менеҷери молиявӣ. Хусусиятҳои менеҷменти молиявӣ дар корхонаҳои Тоҷикистон. Тамоюли татбиқ ва пешрафти менеҷменти молиявӣ. Ҳолатҳои муҳиме, ки вазифанокии менечменти молиявиро таъмин менамоянд. Пайдоиши моликияти хусусӣ дар воситаҳои истехсолӣ. Худмаблағгузории фаъолияти соҳибкорӣ. Таъминоти ҳаҷми зарурии захираҳои молиявӣ вобаста ба талаботи корхона ва стратегияи рушди он. Афзоиши фоида бо сатҳи таваккали (хавфи) молиявии имконпазир ва сиёсати дурусти зарурии андозсупорӣ. Таъмини мувозинати молиявии доимии корхона дар раванди рушди он. Зерсистемаи менеҷмент молиявӣ. Элементхои субъектхои идоракунӣ.

  • Асосҳои назариявии менеҷменти молиявӣ. Моҳияти омузиши асосҳои назариявии менеҷменти молиявӣ; менеҷменти молиявӣ чун системаи идоракунӣ; менеҷменти молиявӣ ва унсурҳои асосии он; баланси корхона, активҳо ва пассивҳои он; нишондодҳои бозоргирӣ; усулҳои ҳисоби нишондодҳои воридоти пулӣ; муҳити молиявии соҳибкорӣ; асосҳои назаривии хатарҳои соҳибкорӣ; намудҳои хатарҳои соҳибкорӣ; ҳолати молиявии корхона ва хавфи муфлисшавии он; идоракунии хатарҳои соҳибкорӣ; шаклҳо ва усулҳои таъминоти молиявӣ; сиёсати диведендии корхона; шуъбаи молиявӣ.

  • Этикаи касбӣ. Ҳодисаҳои ҷараёнҳои иқтисодию молиявӣ, хоҷагидорӣ. Этикаи муносибатҳои касбии иқтисодчӣ - молияшинос. Принсипҳои этикаи кориӣ иқтисодчӣ - молияшинос. Меъёрҳои ташкию ҳуқуқи этикаи фаъолияти суғуртакунӣ. Этикаи фаъолияти касби дар доираи муносибати гендерӣ. Этикети муоширати коргузори дар фаъолияти касбӣ. Этикети мудирият ва менеҷменти фаъолияти суғуртавӣ. Муносибатҳои равонии фаъолияти касбӣ дар ташкилотҳои молиявӣ ва хадамоти суғуртавӣ. Муамоҳо ва роҳҳои ҳали онҳо дар раванди фаъолияти корӣ. Одоби фаъолияти муносибати кори дар раванди ташкили коргузорӣ истифодаи техника ва технологияи фаъолияти суғуртавӣ. Қоидаҳои асосии муносибатҳои хизматрасони дар дохил ва беруни фаъолияти ташкилотҳои молиявию хадамоти суғуртавӣ. Хусусиятҳои этикаи касбӣ дар шароити авҷгирии муносибатҳои ҷаҳонишавӣ.

  • Лизинг. Мафҳуми «лизинг». Ҷараёни рушди бозори лизинг дар Тоҷикистон ва дар хориҷ. Имкониятҳо ва дастовардҳои ширкаткунандагони амалиётҳои лизингӣ. Танзими давлатии бозори лизинг. Асосҳои меъёрию ҳуқуқии лизинг. Шартномаи лизинг. Намудҳои лизинг. Сублизинг. Лизинги дарозмуддат. Лизинг дар тиҷорати хурд ва миёна. Лизинг дар бахши хусусии иқтисод. Лизинг барои шахси ҳуқуқӣ. Сарчашма ва нақшаи маблағгузории қарордодҳои лизингӣ. Бизнес-банақшагирии амалиётҳои лизингӣ. Ташхиси лоиҳаҳои лизингӣ. Иқтисоди қарордодҳои лизингӣ. Ҳайат, намуд ва шаклҳои пардохтҳои лизингӣ. Хусусиятҳои соҳавии лизинг. Лизинги байналмилалӣ. Таваккали иштирокчиҳни фаъолияти лизингӣ. Нозукиҳои фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории ширкатҳои лизингӣ. Таҳлили таҷрибаи иштирокчиҳни дорои фаъолияти лизингӣ дошта.

  • Менеҷменти сармоягузорӣ. Гурӯҳбандии шаклҳои сармоя ва моҳияти иқтисодии он. Функсияҳои асосии менеҷменти сармоягузорӣ. Татқиқотбарии муҳити берунаи сармоягузорӣ ва ояндабинии вазъи бозори сармоягузорӣ. Коркарди самти стратегии фаъолияти сармоягузории фирма. Коркади стратегии ташкил намудани захираҳи сармоягузории фирма. Ҷустуҷӯ ва баҳодиҳии ҷолибии сармоягузории лоиҳаҳои алоҳида ва интихоби самараноктар аз онҳо. Ташкил намудани сандуқи сармоягузорӣ ва баҳодиҳии он аз рӯи фоиданокӣ, таваккал ва бозоргирӣ.

  • Бозори молиявӣ. Гурӯҳбандии намудҳои бозори молиявӣ ва моҳияти иқтисодии он. Функсияҳои асосии менеҷменти молиявӣ. Татқиқотбарии муҳити бозори молиявӣ ва ояндабинии вазъи бозори молиявӣ. Коркарди самти стратегии фаъолияти корхонаҳои молиявӣ. Ҷустуҷӯ ва баҳодиҳии ҷолибии бозорҳои молиявии алоҳида ва интихоби самараноктар аз онҳо. Сабабҳои хислати бозоргонӣ гирифтани молия. Моҳият ва хусусиятҳо бозори молиявӣ. Молия, молиякунонӣ, фаъолияти бозори молиявӣ. Роҳҳои асосии фаъолгардонии фаъолияти бозори молиявӣ. Фоиданокӣ ва таваккали бозори молиявӣ. Таъмини фаъолияти бозори молиявӣ. Таъмини рушди иқтидори иқтисодӣ ва истеҳсолии бозори молиявӣ. Баландбардории даромаднокии бозори молиявӣ. Пастгардонии таваккали фаъолияти бозори молиявӣ. Бозори молияви мачмуи муносибатхои иктисоди.

  • Менеҷменти молиявӣ дар ташкилотҳои суғуртакунӣ. Мазмун ва мундариҷаи менеҷменти молиявӣ. Ибора ва мафҳумҳои заминавии менеҷменти молиявӣ. Низоми баҳисобгири ва ҳисобот дар менеҷменти молиявӣ. Идоракунии захираҳои молиявӣ ва сармоя. Низоми риёзии менеҷменти молиявӣ. Механизми идоракунии фоидаи корхона. Таҳлили таъсисёбӣ, тақсимот ва истифодабарии фоида.дар ташкилотҳои суғуртавӣ. Суғуртакунӣ ҳамчун усули идоракуни хатари молиявӣ.

  • Менеҷменти молиявӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ Тақсими фоидаи корхонаҳову муассисоти давратӣ мутобиқи марому низоми муайянкардаи сохтори давлатӣ. Корхонаҳову муассисоти саҳомиву ширкатҳое, ки фоидаро мутобиқи қарордодҳои садорат ва дигар раёсати дахлдор ба роҳ мемонанд. Пас аз ҳисоби фоида маблағдиҳиҳои ҳатмии ба буҷет воридшаванда.

  • Идораи молияи давлатӣ. Идоракунии молиявӣ ва таркиби он. Низоми молияи давлатӣ. Фишангҳои танзими андозую-буҷети. Идоракунии хатарҳои молиявӣ.Хусусиятҳои идоракунии хавфи молиявӣ. Идоракунии хавфи суғуртавӣ. Хадамоти суғуртавӣ, мавқеи он дар таъмини устувории молияи давлатӣ.

  • Контроллинг Сохтор (марҳилаҳо) ва тавсия қисмҳои контроллинг. Хусусиятҳои функсияҳои назоратии контроллинг. Инструментҳои контроллинг. Усулҳои ба роҳ мондани мақсадҳо. Муайян намудани мақсадҳои сифатӣ ва миқдории муассиса. Интихоби меъёрҳое, ки дараҷаи ба мақсад расиданиҳоро муайян мекунанд. Табдил додани мақсадҳои муассиса ба ояндабинӣ ва нақшаҳо. Иштироки контроллинг дар коркарди усулҳои банақшагирӣ ва координатсияи фаъолияти зерқисмҳои гуногуни муассиса. Баҳисобгирии фаврии идоравӣ. Системаи селаҳои иттилоотӣ. Дастгирии иттилоотии идоракунӣ. Релевантнокии ахборот. Мониторинги ҳамаи фаъолияти молиявию хоҷагии муассиса. Таҳлили ретроспективии натиҷаҳои муассиса. Тавсияҳо барои қабули хулосаҳои идоракунонӣ. 1. АВС- таҳлил.

  • Менеҷменти молиявӣ дар бозори фондӣ Мақсад ва моҳияти идораи захираҳои молиявӣ ва сармоя. Идораи воситаҳои гардон. Захираҳои молиявӣ дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ба миён омада. Гуруҳҳои активҳои ғайримолиявӣ аз рӯи пайдоишашон. Захирахои молиявии корхона ҳамчун мачмуи хамаи намуди воситахои пули ва активхои молиявие, ки субъектхои хочагидори дороанд, истифода бурда метавонанд. Захирахои молияви дар натичаи воридшавӣ, масраф ва истифодаи воситахои пулӣ ба вучуд омада. Харакати захирахои молиявии фаолияти хочагидории субъектхоро таъмин кунанда. Марказкунонии захирахои молиявӣ. Риояи чиддии муомилотхои шартномави бо иштирокчиёни фаолияти молиявии хочагидорӣ. Коркарди накшахо аз руи воридшавии воситахои пулӣ. Муайян намудани талабот ба захирахои молиявӣ дар мухлати муайян. Вобастагии идоранамоии молиявии корхона ва идоранамоии сармоя. Таъмини истехсоли махсулот ба сохибкор, ба гайр аз фондхои асосӣ.

  • Хуҷҷатгузории молиявӣ. Аёамияти ҳуҷҷатноккунии коргузорӣ дар корхонаву - ташкилотҳо. Сохтор ва вазифаҳои шӯъбаи коргузорӣ. Моҳият ва мусодираҳои ҳатмии коргузорӣ ҳуҷҷат. Таснифи ҳуҷҷатҳо. Тартибдодани ҳуҷҷатҳои амрдиҳӣ (фармон, беруннавис аз фармон, нишондод, фармоиш, дастур, пайнавишт, беруннавис аз пайнавишт). Тартибдодани ҳуҷҷатҳои иттилоотию маълумотдиҳанда (маълумотнома, арзнома, баҳнот, санад, мактубҳои хизматӣ, мактуби ҳамроҳӣ, мактуб-таклифнома, мактуби иттилоотӣ, мактуби огоҳкунанда, мактуби хотиррасонӣ, кафолатнома, мактуби байналхалқӣ), шартномма (қарордоди меҳнатӣ). Тартиб додани ҳуҷҷатҳои шахсӣ (аризаҳо, варақаи шахсӣ, ва карточкаи шахсӣ, тавсифнома, шарҳи ҳол, ваколатнома, забонхат). Ташкили гардиши ҳуҷҷатҳо дар муҳосибот. Бақайдгирии ҳуҷҷатҳои воридшаванда. Тартиби гузоштан ва иҷро намудани ҳуҷҷатҳои воридшаванда. Ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои содиршаванда. Бақайдгирии ҳуҷҷатҳо ва назорат аз болои иҷрои онҳо. Тартиб додани номенклатураҳо ва ба расмият даровардани парвандаҳо. Барои нигоҳдорӣ ва истифодабарӣ тайёр кардани ҳуҷҷатҳо. Воситаҳои ҳозиразамони фиристодани иттилоот ва ҳуҷҷатҳо. Телефакс. Почтаи электронӣ (E-mail). Интернет. Шабакаи маҳаллӣ. Номгӯи ҳуҷҷатҳои зарури дар ҳолати бакор даромадан. Тартиби ба расмият даровардан ва додани шаҳодатномаи хизматӣ ва сафарӣ. Тартиби гузаронидани аттестатсия дар корхонаву - ташкилотҳо. Тартиби озодкунии кормандон мувофоқи қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ»

Ҳайати кормандони кафедра