Маълумотномаи кафедра

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ «ИҚТИСОДИ КОРХОНАҲО ВА СОҲИБКОРӢ»

Кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ бо қарори Шурои олимони Донишкада ииқтисодии Тоҷикистон аз 29.05.2009, №9 ва фармоиши ректор аз 18.09.2009, №521 таъсис дода шудааст. 

Дар асоси муттаҳидшавии ду донишкада, яъне Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тоҷикистон, Донишкада бо номи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташкил гардид. Мувофиқи фармоиши ректори Донишкдаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (Мирбобоев Р.М.) таҳти фармони №53/и аз 25 июли соли 2012 номи кафедра иваз карда шуда, дар базаи собиқ кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, кафедраи иқтисод ва идора ташкил шуд. 

Инчунин, бинобар сабаби бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2018, №169 Муассисаи таълимии давлатии «Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон» ба Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» табдил ёфтан ва аз нав тасдиқ гардидани сохтори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар асоси қарорҳои Шурои олимони ДДМИТ аз 31майи соли 2018, №11/5.6  ва аз 30 июни соли 2018, №11/5.7 кафедраи иқтисод ва идораи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ба кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ номгузорӣ шуда, ба сохтори факултети иқтисод ва бизнес гузаронида шуд.

Айни замон, кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ ҳамчун кафедраи тахассусӣ фаъолияташро пеш бурда истодааст. 

Роҳбарони кафедра: 

-аз соли 2009 то соли 2010 д.и.и., професор Ҷонмамадов Ш.Б.

-аз соли 2010 то соли 2011 н.и.и., дотсент Мирақилова Н.Т.

-аз соли 2011 то моҳи январи соли 2013 д.и.и., професор Воҳидов В.В.

-аз 18.01.2013 то моҳи ноябри соли 2017 н.и.и., дотсент Хоҷахонов А.А.

-аз 10.11.2017 то 25.09.2020 н.и.и., дотсент Шомадова Н.С.

-аз 25.09.2020 и. в. мудири кафедра н.и.и., дотсент Нуридинов С.З.

-аз моҳи январи соли 2021 то инҷониб н.и.и., дотсент Нуридинов Сунатуло Зубайдулоевич мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкориро ба уҳда доранд.

 Кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ, яке аз муҳимтарин ҷузъи таълимӣ-илмии сохтори ДДМИТ буда, ташкили корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ, методӣ ва тарбиявии донишҷӯёнро ба роҳ монда, барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси рақобатпазир дар бозори меҳнат саҳми арзанда дорад. 

Ҳамзамон, кафедраи мазкур барои омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ саҳми арзанда гузошта, то инҷониб зиёда аз 20 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, 5 нафар доктори илмҳои фалсафа (Phd) ва 2 нафар доктори илмҳои иқтисодӣ омода намудаанд. Инчунин дар ҳолати 13 феврали соли 2025 дар кафедраи мазкур 3 унвонҷўён вобаста карда шуда, корҳои илмӣ-тадқиқотии онҳо дар мадди баррасӣ қарор доранд.

Дар кафедра омўзгорони соҳибтаҷриба аз рӯи ихтисоси иқтисодиёт         д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович, н.и.и., дотсент Нуриддинов Сунатулло Зубайдуллоевич, н.и.и., дотсент Абдумухторзода Нигина Абдумухтор, н.и.и., дотсент Исайнова Манижа Хисайновна ассистентон Расулзода Ҳидоятулло Маҳабатович, Акобирзода Абутолиб Мирзоҳимат, Ҷураева Наргис Умаровна ва ҳуҷҷатнигори кафедра Ёрзода Нилуфар Холиқ кор ва фаъолият намуда, саҳми худро дар рушди кафедра гузошта истодаанд. 

Боиси хушнудист, ки ҳамаи ассистентони кафедра мавзуи рисолаи номзадиашонро пешниҳод ва тасдиқ намуда, дар мавриди коркард қарор доранд.

Айни замон, кафедра аз рўйи ихтисосҳои зерин мутахассис тайёр менамояд: 

1-26010101 – идораи давлатӣ ва маҳаллӣ

1-25010728 – иқтисод ва идора дар корхонаҳои хурду миёна

1-260101-идораи давлатӣ

 Вобаста ба талаботи бозори меҳнат кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ се ихтисоси навро пешниҳод намуда, барномаҳои таҳсилотӣ омода карда истодааст:

1-25010205 – Иқтисодиёт ва молияи бозори амвол ва манзил

1-25010206 – Иқтисодиёт ва молияи корхонаҳои хоҷагии шаҳр

1-25010207 – Иқтисодиёт ва молияи хоҷагии манзилию коммуналӣ


Image

Фанҳои таълимӣ

Асосҳои соҳибкорӣ

Банақшагирӣ дар корхона

Идораи давлатӣ

Идораи зиддибуҳронӣ

Идораи иҷтимоӣ

Идораи моликияти маҳаллӣ

Идоракунии буҳроҳои молиявӣ

Идоракунии коорперативӣ

Иқитисоди корхонаҳо

Иқтисод ва идора дар корхонаҳои савдо

Иқтисод ва идора дар корхонаҳои хурду миёна

Иқтисоди аграрӣ

Иқтисоди корхонаҳо

Иқтисоди минтақа

Иқтисодиёти саноат

Иқтисодиёти соҳаи хизматрасонӣ

Иқтисодиёт дар корхонаҳои саноатӣ

Муқаддимаи ихтисос

Назарияи идорӣ

Назарияи таваккалии муассиса

Низоми идораи давлатӣ ва маҳаллӣ

Ҳукумати электронӣ

Ояндабинии иқтисодию иҷтимоӣ

Соҳибкории иттилоотӣ дар амал

Ташкил ва идораи истеҳсолот дар корхонаҳои хурду миёна

Худидоракунии ҷамъиятии минтақавӣ


Ҳайати кормандони кафедра