Маълумотномаи факултет

Умарзода Навруз Нурулло
Декани факултет номзади илми иқтисод, дотсент
| +992 99 999 9999 | |
Мароми асосии ҳайати профессорон ва устодону кормандони факултети
менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ба омода намудани кадрҳои баландихтисос равона
шудааст. Ҷараёни таълим дар факултет тибқи барномахои таҳсилоти ва нақшаҳои таълими
аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои олимони донишгоҳ
тасдиқ шудаанд, сурат мегирад. Таълим дар факултет дар шуъбаи рӯзона, маълумоти
олии дуюм ва фосилавӣ ба роҳ монда шудааст.
Сохтори факултет аз декан, Шӯрои олимон, Шӯрои илмӣ-методӣ,
3- кафедра, эдвайзерон оид ба таълим, тарбия, муовини декан оид ба илм ва
робитаҳои байналмилалӣ, Созмони ҷавонон, Шӯрои занону духтарон ва Кумитаи иттифоқи
касабаи устодону кормандон иборат мебошад. Дар факултет 2-синфхонаи компютерӣ, 10-
тахтаҳои электронӣ мавҷуд мебошанд, ки барои гузаронидани дарсҳо бо усулҳои муосири
замонавӣ шароит фароҳам меоваранд.
Айни ҳол дар сохтори факултет кафедраҳои менеҷмент, ҳуқуқи иҷтисодӣ
ва молиявӣ, њуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия фаъолият мекунанд, ки
мутахассисонро барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз рӯи ихтисосҳои зерин
тайёр менамоянд:
- 1-26020200 – менеҷмент;
- 1-26020208 - менеҷменти инвеститсионӣ;
- 1-26 02 02 25 - менеҷменти лоиҳаҳои рақамӣ
- 1-24010300 - ҳуқуқи иқтисодӣ;
- 1-24010302 - танзими ҳуқуқии молия ва қарз;
- 1-24.010204 - танзими ҳуқуқи андоз ва бонкӣ;
- 1-260102 – идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқ;
- 1-24010221 – танзими ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия
- 1-96010101 - таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ;
Ҳайати кормандони факултет дар маҷмуъ аз 36 - нафар иборат
буда, аз ин шумора 3-нафар докторони илм, 15 – нафар номзадони илм,
дотсентон, боқимонда муаллимони калон ва ассистентон мебошанд, ки ба таълиму
тарбия ва ба корҳои илмию методӣ машғуланд. Факултет ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ
диққати махсус зоҳир намуда, ҳамасола натиҷаи таҳқиқотҳои илмии устодонро дар шакли
китоб ва маҷмуъаҳо нашр менамояд.
Корҳои илмию тадқиқотии донишҷӯён тибқи нақшаи маҳфили илмии
донишҷӯён ба роҳ монда шудааст. Ин гуна маҳфилҳо дар доираи ҳар як кафедра амал
карда, ҳар моҳ як маротиба гузаронида мешаванд.
Ин ихтисос мутахассисонро дар самти идоракунӣ, менеҷерони
истеҳсолот, таҳлилгарони бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, мушовирони идоракунии корхонаву
ташкилотҳо, кормандони вазорату идораҳо, ки бо масъалаҳои сиёсати идоракунӣ ва истеҳсолот
машғуланд, намояндагони тиҷоратӣ, мутахассисони муносибатҳои маркетингӣ тайёр мекунад.
Ихтисоси менељменти инвеститсионӣ мутахассисонро дар самтҳои
идоракунии инвеститсия, менеҷерони бозори молиявӣ, менеҷерони логистика, менеҷерони
анбӯҳи молия, менеҷерони рушди портфели инвеститсионӣ, мушовирони инвеститсияи мустақим
ва ғайримустақим, банақшагирандагони стратегӣ, таҳлилгарони бозорҳои молиявӣ, омода
менамояд.
Ихтисоси мазкур мутахассисонро дар самтҳои идоракунии лоињањои
рақамӣ, менеҷерони рақамӣ, менеҷерони анбӯҳи молия, менеҷерони рақамии молия, мушовирони
инвеститсияи мустақим ва ғайримустақим, банақшагирандагони стратегӣ, таҳлилгарони
бозорҳои лоињањо омода менамояд.
Ихтисоси танзими ҳуқуқии молия ва қарз мутахассисонро
дар самти менеҷменти молиявӣ, муомилоти пулӣ ва қоғазҳои қиматнок, ҳуқуқшиноси биржаҳои
фурӯши қоғазҳои қиматнок, ҳуқуқшинос-молиячӣ дар соҳаи бонк ва дигар ташкилотҳои
хурди молиявӣ-қарзӣ тайёр мекунад.
Ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ, яъне ҳуқуқшинос–иқтисодчӣ мутахассисонро
дар соҳаи иқтисод, ҳуқушиноси соҳаи соҳибкорӣ ва хизмат, ҳуқуқшинос дар соҳаи фаъолияти
аудиторӣ, дар соҳаи судҳо аз ҷумла судҳои иқтисодӣ тайёр мекунад.
Ихтисоси мазкур мутахассисонро дар соҳаи андоз, бонк,
ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои корпоративӣ, дар соҳаи соҳибкории хурд, миена ва
калон омода менамояд.
Ихтисоси 1-260102 - идораи давлатӣ ва ҳуқуқ
Ихтисоси мазкур мутахассисонеро омода мекунад, ки дорои дониши
ҳамзамони идорӣ ва ҳуқуқӣ, тафаккури таҳлилӣ ва қобилияти қабули қарорҳои қонунӣ
мебошанд.
Ихтисоси таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ мутахассисонро доир
ба соҳаи хадамоти гумрук, яъне ҳуқуқшинос дар соҳаи гумрук ва фаъолияти гумрукиро
тайёр мекунад.
Ихтисоси махсуси ҳуқуқӣ-идоракунӣ буда, мутахассисонро
барои пешгирӣ, ошкор, тафтиш ва танзими ҳуқуқии зуҳуроти коррупсионӣ дар низоми
идоракунии давлатӣ омода менамояд.
- дар муассисаҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ;
- дар иттиҳодияҳои илмӣ-истеҳсолӣ;
- дар муассисаҳои ҳокимияти давлатӣ;
- дар сохторҳои бонкӣ;
- дар раёсат ва шуъбаҳои молия;
- мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ;
- дар ташкилотњои инвеститсионӣ;
- дар мақомоти андоз;
- дар мақомоти гумрук;
- дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ
ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт.
Ҷадвали дарсии факултет барои нимсолаи аввали соли хониши 2025-2026
Корҳои илми тадқиқоти
Шурои олимони ҷавон
Ҳайати кормандони факултет

Денбегиев Мисралӣ Сафармадович
Муовини декан оид ба таълим
| +992 99 999 9999 | |

Эраҷи Маҳмад
Муовини декан оид ба таълим
| +992 99 999 9999 | |

Мирзоева Шаҳноза Нуралиевна
Оператор-ҳуҷҷатнигор
| +992 99 999 9999 | |

Раҷабов Садриддин Раҳматуллоевич
Эдвайзер оид ба тарбия
| +992 933323830 | |

Фозилзода Орифҷон Махсум
Муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ
| +992 99 999 9999 | |
Тоҷ
Рус
Eng 









