Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ барои ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот дар донишгоҳ, ташкили курсҳои бозомӯзии забонҳои хориҷӣ, табодули устодону донинишҷӯён ва инчунин баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ талош варзида истодааст. Яке аз самтҳои асосии муаррифгари донишгоҳ дар хорҷа ин табодули донишҷӯён мебошад, ки ҳамасола аз ҷониби шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ донишҷӯёни донишгоҳ ба хориҷи кишвар ирсол мегарданд. Маҳз бо ин васила Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро муассисаи пешқадам дар хориҷа эътироф намудаанд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф ва иҷрои саривақтии стратегия, барнома ва нақшаи чорабиниҳои вазорату идораҳои соҳавӣ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти ташкили мубодилаи байналхалқии донишҷӯён тақвият бахшида, донишҷӯёни донишгоҳро дар доираи созишномаҳои байнидонишгоҳӣ ба хориҷӣ кишвар сафарбар менамояд. Қобили қайд аст, ки бо мақсади амалисозии мубодилаи донишҷӯён дар донишгоҳ санадҳои дахлдор омода карда шуда, то ба имрӯз 220 нафар донишҷӯён дар ин барномаҳо иштирок намуданд. 

 

Федератсияи Россия –  129 нафар

Ҷумҳурии Қазоқистон –  82

Ҷумҳурии Белорус –  3

Ҷумҳурии Халқии Хитой - 4

Ҷумҳурии Кипр - 2