Маълумотномаи кафедра

Аламшоева Муҳайё Муқбилшоевна
Мудири кафера
Номзади илмҳои иқтисод, дотсент
| +992 93 508 04 89 | |
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи информатика мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбии муассисаҳои олии таълимӣ» ва банди 4-и Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти фармони № 53/и аз 25 июни соли 2012 дар асоси собиқ кафедраи технологияи информатсионӣ ва логистика ташкил карда шуд.
Мутобиқи қарори Шӯрои олимони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 01.07.2016 №14/5.3 номи кафедра ба информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт иваз карда шуд.
Мавқеъ ва нуфузи кафедра дар тайёр намудани мутахассисони маълумоти олии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои «1-25011200 -информатикаи иқтисодӣ» ва «98010101 - амнияти компютерӣ» мебошад.
Роҳбарии кафедраро омӯзгорони зерин ба уҳда доштанд:
1. Мирзоабдуғафуров К.И., н.и.ф.-м., дотсент - солҳои 2012-2014;
2. Ҳакимова М.Ф., н.и.и., дотсент - солҳои 2014-2015;
3. Темурбекова С.Д., н.и.ф.-м., дотсент – солҳои 2015-2022;
4. Аламшоева М.М., н.и.и., дотсент – аз моҳи феврали соли 2022.
Айни замон дар кафедра устодони соҳибтаҷриба н.и.и., дотсент Аламшоева М.М., н.и.ф.-м., дотсент Темурбекова С.Д., н.и.ф.-м. Фарайдунов О.Қ., н.и.и., дотсент Давлатзода Б.Ш., муаллими калон Қаландаршоев С.С., ассистентҳо Нусратуллозода Н.Н., Неъматуллои Мирзошоҳ, Маллаев Н. кор ва фаъолият намуда истодаанд. Омӯзгорони кафедра дар барномаҳои хориҷӣ DigEco ва ERASEMUS ва курсҳои омӯзишӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби сертифекатҳо гардиданд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба робитаҳои таълимию илмӣ, ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот, густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар бархе аз устодон дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Олмон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва давлатҳои Осиёи Миёна такмили ихтисос намудаанд.
Вазифаи кафедра аз таъмин намудани тамоми раванди таълимии донишгоҳ дар самти технологияи иттилоотӣ ва барномасозӣ дар соҳаи иқисодиёт мебошад.
Ҳоло кафедра яке аз кафедраҳои пешсафи донишгоҳ ба ҳисоб рафта, мутахассисони соҳаҳои зеринро омода менамояд:
1. 1-25011200, «информатикаи иқтисодӣ», мутахассисонро дар соҳаи информатикаи иқтисодӣ тайёр менамояд;
2. 1-98010101, «амнияти компютерӣ» мутахассисони соҳаҳои «барномасози ERP, «маъмур» ё «таҳиягари базаи маълумот» ва «муҳандиси амнияти иттилоотӣ» тайёр менамояд
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ
КАФЕДРА
Кафедра бо тамоми
муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи наздики илмӣ дошта дар таҳияи
маводҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва омода намудани муттахассисон дар ҳамкории зич
қарор дорад.
Устодони кафедра
пайваста ба ҳайси муқаррази расмӣ ва кафедра ба сифати муассисаи пешбар аз рӯйи
самти 08.00.04-Иқтисодиёти соҳавӣ (08.00.04.01-Иқтисодиёти саноат ва энергетика) Экономика промышленности и энергетики интихоб мегардад.
Дар муддати 5 соли охир кафедра 5
китоби дарсӣ ва зиёда аз 6 монография ва 15 васоити таълимӣ ва дастури таълимӣ рӯйи
чоп овардааст.
Нашрҳои илмӣ:
1. Темурбекова С.Д., Аламшоева М.М., Неъматов И. Асосҳои алгоритмронӣ ва забони
барномасозӣ. Китоби дарсӣ. -Душанбе, 2019. –304 с.
2. Аламшоева
М.М. Забони барномасозии Delphi. Васоити таълимӣ. -Душанбе, “Нашри
мубориз”, 2022, -196 с.
3. Аlamshoeva
М.М., Аydarmamadov А.G. Basic Concepts of Information
Technology. Educational-methodical manual. -Dushanbe: “Nashri Muboriz”, 2023. -136 c.
4. Фарайдунов О.Қ., Аламшоева М.М.
Асосҳои маърифати компютерӣ. Васоити таълимӣ. –
Душанбе, матбааи ҶДММ “Ашуриён”, 2024, -80 с.
5. Фарайдунов О.Қ., Темурбекова С.Д. Забони барномасозии сатҳи олӣ дар мисоли
Python. Дастури таълимӣ. – Душанбе, матбааи ҶДММ
“Ашуриён”, 2024, -80 с.
6. Давлатов Б.Ш. Такмили афзори таҳлил дар нақлиёти ҳавоии Тоҷикистон.
Монография. – Душанбе, 2024, -177.
Дар назди кафедра маҳфили илмӣ таҳти унвони «Барномасози
ҷавон» фаъолият дорад, ки дар машваратҳои он масъалаҳои амалии фанҳои барномасозӣ
баррасӣ ва муҳокима карда мешаванд.
РАВАНДИ ТАЪЛИМ
Фанҳои тадрисшавандаи
кафедра бисёре аз ихтисосҳои донишгоҳ омӯзонида мешаванд. Дар кафедра аз рӯйи 22
фанни таълимӣ дарсҳо гузаронида мешаванд. Аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ барномаи
таълимӣ ва барномаи корӣ (силлабус) таҳия ва тасдиқ гардидааст. Аз рӯйи 10
фанни таълимӣ маводҳои таълимӣ рӯйи чоп омадаанд, ки барои азхудкунии донишҷӯён
кӯмак менамоянд.
Фанҳои таълимӣ:
1.
Маркетинги рақамӣ
2.
Муқаддимаи ихтисос
3.
Асосҳои алгоритмронӣ
ва забонҳои барномасозӣ
4.
Информатикаи иқтисодӣ
5.
Таҳияи барномаҳои
компютерӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ
6.
Забони барномасозии
сатҳи олӣ
7.
Автоматикунонии
комплексии тиҷорати хурд
8.
Омӯзиши технологияи
компютерӣ ва хизматрасонии мобилӣ
9.
Асосҳои Web – барномасозӣ
10.
Хазинаи маълумот
11.
Системаи идоракунии
базаи маълумот
12.
Асосҳои маърифати
компютерӣ
13.
Ҳимояи иттилоот
14.
Иқтисодиёти шабакавӣ
15.
Ip – телефония ва
шабакаҳои
компютерӣ
16.
Системаҳои амалиётҳо,
муҳитҳо ва қабатҳо
17.
Барномасозӣ дар самти
иқтисодиёт
18.
Тиҷорати электронӣ
19.
Барномарезӣ дар
муҳити My SQL ва Oracle
20.
Амалияи барномасозӣ
21.
Усулҳои
назариявии амнияти маълумот
22. Асосҳои ҳимояи иттилоотӣ

Фанҳои таълимӣ
Фанҳои таълимӣ:
1.
Маркетинги рақамӣ
2.
Муқаддимаи ихтисос
3.
Асосҳои алгоритмронӣ
ва забонҳои барномасозӣ
4.
Информатикаи иқтисодӣ
5.
Таҳияи барномаҳои
компютерӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ
6.
Забони барномасозии
сатҳи олӣ
7.
Автоматикунонии
комплексии тиҷорати хурд
8.
Омӯзиши технологияи
компютерӣ ва хизматрасонии мобилӣ
9.
Асосҳои Web – барномасозӣ
10.
Хазинаи маълумот
11.
Системаи идоракунии
базаи маълумот
12.
Асосҳои маърифати
компютерӣ
13.
Ҳимояи иттилоот
14.
Иқтисодиёти шабакавӣ
15.
Ip – телефония ва
шабакаҳои
компютерӣ
16.
Системаҳои амалиётҳо,
муҳитҳо ва қабатҳо
17.
Барномасозӣ дар самти
иқтисодиёт
18.
Тиҷорати электронӣ
19.
Барномарезӣ дар
муҳити My SQL ва Oracle
20.
Амалияи барномасозӣ
21.
Усулҳои
назариявии амнияти маълумот
22. Асосҳои ҳимояи иттилоотӣ
Ҳайати кормандони кафедра

Фарайдунов Осим Қосумшоевич
номзади илмҳои физика-математика, дотсент
| +992 904444555 | |

Яъқуб Ҳасанзода
Доктор Phd, Дотсенти кафедра
| +992 938074933 | |

Нусратуллозода Н.Н.
Ассистенти кафедра
| +992 99 999 9999 | |

Эгамов Суҳроб Худойқулович
Ассистени кафедра
| +992 781464000 | |

Султонҳайдаров Саркори Истиқбоевич
Ассистенти кафедра
| +992 074114499 | |

Мавлоназарова Ш.Р.
Оператор-ҳуҷҷатнигор
| +992 99 999 9999 | |
Тоҷ
Рус
Eng