Маълумотномаи шуъбаи фосилавӣ

Нуров Маҳамадназар Раҷабалиевич
Сардори шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
| +992 904777171 | |
Маълумотнома аз шуъбаи таълимоти фосилавӣ
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2018 таҳти № 169 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуда то имрўз фаъолият карда истодааст.
Муассиси донишгоҳ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақсад аз ташкил намудани он, пеш аз ҳама татбиқ намудани сиёсати молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ омода намудани мутахассисони соҳаи молия ва иқтисод мебошад.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои соҳаи иқтисод, молия, ҳуқуқ ва технологияҳои иттилоотӣ кадрҳои соҳибтахассусро тайёр менамояд ва солҳои охир дар самтҳои мухталиф ба як қатор нишондиҳандаҳо ноил гардидааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки хатмкунандагони донишгоҳ дар бозори меҳнат рақобатпазиранд, ки ин аз иқтидори баланди зеҳнӣ ва заминаи хуби илмиву техникии раванди таълим далолат менамояд.
Дар донишгоҳ шароити хуби таълимӣ, фазои солими корӣ муҳайё буда, дар раванди таълим технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ мавриди истифодаи босамар қарор доранд.
Дар сохтори донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ташкил шуда, айни замон дар он 26 ихтисоси таҳсилоти фосилавӣ ва 8 ихтисос – таҳсилоти олии дуюм амал мекунад, ки аз рўи дараҷаи бакалавр мутахассисони соҳаи иқтисод, молия, кори бонкӣ, андоз ва андозбандӣ, менеҷмент, идораи давлатӣ, менеҷменти молиявӣ, аудит ва ревизия, баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит, иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ, хадамоти гумрукӣ, молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии берунӣ, технологияҳои инноватсионию каммуникатсионӣ ва ҳуқуқи иқтисодиро омода мекунад.
Донишгоҳ дорои заминаи пуриқтидори зеҳниву моддӣ - техникӣ ва кадрӣ буда, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар тайёр намудани мутахассисон, омӯзгорони ботаҷрибаро ба ҷараёни таълим ҷалб намуда аз рӯи ихтисосҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир мутахассис омода мекунад.
Дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ба масъалаи сатҳу сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкунии донишҷўён диққат дода шуда, дар шўрои олимони донишгоҳ ва ҷаласаҳои назди ректор мавриди баррасӣ мегардад ва оид ба иҷрои онҳо қарорҳои дахлдор қабул шудааст. Инчунин дар факултету кафедраҳо низ масъалаи мазкур муҳокима ва натиҷагирӣ карда мешавад.
Роҳбарии шуъбаи таҳсилоти фосилавиро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Нуров Маҳмадназар Раҷабалиевич ба ӯҳда доранд.
Ҷадвали дарсии шӯъбаи фосилвӣ
Ҳайати кормандон

Ҳомидов Абдуназар Мирзообидович
Мутахассиси шуъбаи таълимоти фосилавӣ
| +992 93 927 33 33 | |

Абдулҳаев Ҳабибулло Сайфуллоевич
Мутахассиси шуъбаи таълимоти фосилавӣ
| +992 902 55 39 39 | |

Икромов Назаралӣ
Сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ
| +992 99 999 9999 | |

Абдураҳмонов Сафаралӣ Абдукаримович
Мутахассиси шуъбаи фосилавӣ
| +992 99 999 9999 | |

Давлатзода Бахтовар Шамсулло
Сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ
| +992 905 66 50 56 | |
Тоҷ
Рус
Eng