Оид ба шомил шудани Донишгоҳи давлатии молиявия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайати Институти байналмилалии шабакавӣ (ИБШ) дар соҳаи ПШП/ТН
Донишгоҳи давлатии молиявия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ) аъзои расмии Институти байналмилалии шабакавӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (шустушӯи) даромади бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мебошад. ИБШ платформаи интегратсионӣ мебошад, ки донишгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ ва марказҳои таълимии профилии кишварҳои ИДМ ва хориҷаи наздикро бо мақсади тайёр намудани кадрҳо ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмӣ – таълимӣ дар соҳаи амнияти молиявӣ муттаҳид мекунад.
Иштироки ДДМИТ дар ИБШ таҳти ҳамоҳангсозии маркази Байналмилалии таълимӣ – методии мониторинги молиявӣ (МУМЦФМ, шаҳри Москва), ки ядрои методӣ ва ташкилии ИБШ мебошад, амалӣ карда мешавад. Иштироки донишгоҳ дар ИБШ самтҳои зерини фаъолиятро амалӣ менамояд:
- иштироки омӯзгорон ва донишҷӯен дар конфронсҳои байналмилалӣ, олимпиадаҳо ва курсҳои такмили ихтисос;
- ба раванди таълим ҷорӣ намудани маводи таълимӣ-методӣ, ки аз ҷониби Маркази байналмилалии таълимӣ-методии мониторинги молиявӣ таҳия шудааст;
- ҳамкорӣ бо дигар донишгоҳҳои иштирокчии ИБШ дар доираи лоиҳаҳои муштараки тадқиқотӣ ва таълимӣ;
- истифодаи платформаи рақамии AML.Uni барои омӯзиши фосилавӣ ва назорати дониш дар соҳаи ПШП/ТН.
Шомилшавии ДДМИТ ба ИБШ ҷиҳати густариши ҳамкории байналмилалии дар самти илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили сифати тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи амнияти молиявӣ-иқтисодӣ, инчунин баланд бардоштани салоҳиятҳои ҳайати профессорону омӯзгорон, мусоидат мекунад.
Санаи шомилшави ба узвӣ Институти байналмилалии шабакавӣ дар соҳаи ПШП/ТН: 17 майи соли 2017 (Созишномаи ҳамкорӣ (https://aml.university)).
Дар доираи ҳамкории ДДМИТ ва ИБШ зиёда аз 15 омӯзгорони ДДМИТ аз курсҳои такмили ихтисосро гузаштанд, инчунин зиёда аз 250 донишҷӯи ДДМИТ дар олимпиадаҳое, ки аз ҷониби Институти байналмилалии шабакавӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (шустушӯи) даромади бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузор гардидааст, иштирок нампуданд.
Тоҷ
Рус
Eng