Маълумотномаи факултет

Ҷурахонзода Баҳодур Ҷурахон
Декани факултети Молия ва қарз номзади илмҳои иқтисоди дотсент
| +992 918 80 65 03 | |
Факултети молия ва қарз бо қарори Шурои олимони Донишкадаи
молия ва иқтисоди Тоҷикистон айни ҳол (Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон)
таҳти №11 аз 03. 07. 2012. ва фармоиши дахлдори ректори Донишгоҳи давлатии
молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти №35/И аз 09.07.2012. «Оиди таъсиси факултаҳо
ва кафедраҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» таъсис ёфта,
фаъолияти худро барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба
талаботи бозори меҳнат пеш бурда истодааст.
Факултети молия ва қарз яке аз зерсохторҳои таркибии Донишгоҳи
давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар асоси санадҳои
меъёриву ҳуқуқии соҳа аз ҷумла Конститутсияи ҶТ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ» аз
соли 2003, Консепсияи миллии тарбия аз 3 марти соли 2006 №96 ва дастуру супоришҳои
раёсат, Шурои олимони донишгоҳ ба роҳ мондааст.
Сохтори факултет аз садорати факултет, Шурои олимон ва Шурои
илмӣ-методӣ иборат мебошад, ки фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултетро
муайян намуда, иҷроиши онҳоро идора ва назорат мекунад, ки он дурнамои
фаъолияти факултетро нишон медиҳад. Инчунин, дар факултет Созмони ҷавонон,
Шурои занону донишҷӯдухтарон, Кумитаи иттифоқи касабаи устодону донишҷӯён,махфили
илмии донишҷуён амал мекунад. Алҳол, дар
факултет кафедраҳои тахассусии молия, фаъолияти бонкӣ ва иқтисодиёти молиявӣ ва
фаъолияти биржавӣ амал менамоянд, ки мутахассисонро ба шароиту вазъияти бозори
меҳнатии ҷумҳурии мо мутобиқ аз рӯи ихтисосҳои:
1-25010401 - молия
1-25010402- фаъолияти бонкӣ
1-25010202- иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ
1-25010408- бозори фондӣ тайёр менамояд.
Аз рӯи ихтисосҳои дарҷгардида кадрҳо барои иқтисодиёти
миллии кишвар бо дараҷаи маълумоти олӣ-бакалавр, тайёр карда мешавад. Солҳои
охир бо ташаббуси бевоситаи раёсати донишгоҳ дар факултет қабули донишҷӯён аз рӯи
ихтисоси молия ва қарз ва фаъолияти бонкӣ
ба магистратура ва доктор PhD ба
роҳ монда шудааст.
Базаи моддию техникии факултет низ сол ба сол беҳтар гардида
истодааст. Дар соли хониши 2025-2026 бо ташабусси раёсати донишгоҳ 3-то тахтаи
электронӣ (планшет) дар синфхонаҳои факултет васл карда шуд. Дар маҷмуъ дар
факултет 17 тахтаи электронии ҳозиразамон насб карда шудааст ва аз тарафи устодон пурра мавриди истифода қарор
гирифта, ба донишҷӯён аз усулҳои муосири таълим (слайдҳо) дарс гузаронида
мешавад. Инчунин дар факултет як синфхонаи компютерӣ мавҷуд мебошад, ки он бо
тахтаи электронӣ ва лавозимоти технологияи муосир таҷҳизонида шудааст ва барои
омӯзиши фанни технологияи информатсионӣ мусоидат мекунад. Бояд иброз дошт, ки 51,4%-и
ҳайати устодони факултетро омӯзгорони дараҷаи илмидошта ташкил медиҳад. Факултет
ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ диққати ҷиддӣ дода, ҳамасола натиҷаи тадқиқоти илмии
устодони он дар маҷмӯаи корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ ва конфронсҳои сатҳи байналхалқӣ
ва маҷаллаҳои дохилию хориҷӣ ба нашр мерасанд.
Мусаллам аст, ки алоқамандии назария бо амалия ин роҳи асосии
омодасозии кадрҳои баландихтисос аст. Дар факултет бо ин мақсад кушодани бонки таълимӣ
ва синфхонаҳои нави компютерӣ ба нақша гирифта шудааст. Умуман, факултет метавонад
дар оянда як мактаби бузурги соҳаи молия ва бонкдорӣ бошад ва дар омода намудани
кадрҳои боэътимоди соҳа хизмат намояд.
Кафедраҳои факултет
Ҷадвали дарсии факултет
Корҳои илми тадқиқоти
Зермаҳфили "Зеҳн"
Шурои олимони ҷавон
Ҳайати кормандон

Ҷурахонзода Бахтиёр Ҷурахон
Муовини декан оид ба таълим Муаллими калони доктори фалсафа (PhD) кафедраи низоми иттилоотӣ – инноватсионӣ дар иқтисодиёт
| +992 200 58 91 11 | |
| Isvalievb_92 @mail.ru |

Зубайдов Ҷонибек
Муовини декан оид ба илм ва иноватсия
| +992 931 52 55 22 | |
Тоҷ
Рус
Eng 

