Иноятов Фарухҷон Адолатович
Муовини сардори раёсати таълим
| +992 918 64 38 03 | |
| Farukh-1970@mail.ru |
*ИНОЯТОВ Фарухҷон Адолатович
аз марти соли 2018 дар вазифаи сармутахассис- муовини раёсати таълими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ), шаҳри Душанбе кор мекунад
*Соли таваллуд 18 ноябри соли 1970
*Ҷои таваллуд шаҳри Кӯлоб
*Миллат тоҷик
*Таҳсилот олӣ
соли 1993 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро хатм кардааст
*Ихтисоси физика ва математика, муаллими физика ва математика
*Унвони илмӣ надорад
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ бо луғат
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
*Бомукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не
*Вазъи оилавӣ оиладор
*Кор ва фаъолияти собиқа:
|
Солҳои 1988 – 1993- |
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб |
|
Солҳои 1994 – 1996- |
Инженер- барномасозӣ кафедраи Информатика ва ТҲ Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб |
|
Солҳои 1996 - 1998 - |
Ассистенти кафедраи Информатика ва ТҲ Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб |
|
Солҳои 1998 – 2003- |
Муаллими калони кафедраи Информатика ва ТҲ Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб |
|
Солҳои 2003 – 2004- |
Унвонҷуи кафедраи информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
|
Солҳои 2004- 2006- |
Муаллими калони кафедраи информатика ва математикаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, шаҳри Душанбе |
|
Солҳои 2006- 2008- |
Муовини декани шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, шаҳри Душанбе |
|
Солҳои 2008-2012- |
Муовини декани факултети умури гумруки Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
|
Солҳои 2012-2015- |
Сармутахассиси раёсати таълими Донишкадаи молия ва иқтисодиТоҷикистон, шаҳри Душанбе |
|
Солҳои 2015-2018- |
Сармутахассис- муовини раёсати таълим ва маркази бақайдгирии низоми таҳсилоти кредитии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
|
Аз марти соли 2018 то ҳоло - |
Сармутахассис-муовини раёсати таълими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Иноятов Фарухҷон Адолатович, соли таваллудаш 1970, миллаташ тоҷик, оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад. Соли 1988 ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, (ҳозира Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) дохил шуда, соли 1993 онро хатм намудааст. Номбурда баъди хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1994 инженер- барномасозӣ кафедраи информатика ва ТҲ Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб (ҳозира Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ), оғоз кард. Аз соли 1996 то 1998 ассистенти кафедраи информатика ва ТҲ Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб (ҳозира Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ), аз 1998 то 2003 муаллими калони кафедраи информатика ва ТҲ Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб (ҳозира Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ), солҳои 2003 то 2004 унвонҷуи кафедраи информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, инчунин 2004-2006 муаллими калони кафедраи информатика ва математикаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳозира Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон) солҳои 2006 - 2008 муовини декани шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳозира Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон), аз 2008 то 2012 муовини декани факултети умури гумруки Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон)-ро ба уҳда дошт. Солҳои 2012-2015 сармутахассиси раёсати таълими Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон) аз соли 2015-2018 сармутахассис-муовини раёсати таълим ва маркази бақайдгирии низоми таҳсилоти кредитии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон), аз марти соли 2018 то инҷониб сармутахассис-муовини сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор ва фаъолият менамояд.
Тоҷ
Рус
Eng