Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади арҷгузорӣ ба Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ризоияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, мактаби давлатдорӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст, ки озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” баргузор намояд.

Озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, аз 11 августи соли 2026, таҳти №604 ташкил ва гузаронида шуда, ҷиҳати ҷалби доираи васеи одамони касбу кори гуногун ва махсусан, ҷавонону наврасон ба китобхонӣ ва ба ин васила, боло бурдани маърифати сиёсиву фарҳангии онон имкони хубест, то на танҳо маҳорати худро сайқал ва нишон додан, балки соҳиби маблағи чашмрас (кироӣ) гардидан низ мебошад.

Ба таваҷҷуҳи донишҷӯён расонида мешавад, ки даври донишгоҳии озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» моҳи октябри соли 2026 оғоз шуда, устодону донишҷӯёни хоҳишманд метавонанд дар он иштирок намоянд.

Ғолибони озмун бо мукофотҳои арзанда сарфароз гардонида мешаванд.

Барои иштирок ва гирифтани маълумоти бештар ба раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ муроҷиат намоед.

 

Мутасаддӣ: Мирсаид Ҳамроев 901 24 77 87