БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН БАРНОМАСОЗ»
Садорати факултети Иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ бо мақсади дарёфт ва дастгирии донишҷӯёни соҳибистеъдод, рушди малакаҳои касбии онҳо ва омодагӣ ҷиҳати иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» тасмим гирифтааст, ки миёни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ даври дуюми озмун-ро баргузор намояд.
Озмун дар доираи ташаббуси «Солҳои 2025–2030 — солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» баргузор гардида, аз рӯйи се номинатсия ба роҳ монда мешавад:
1. Барномасозӣ
2. Лоиҳаи инноватсионӣ
3. Зеҳни сунъӣ
Аз ҳамаи донишҷӯёни соҳибистеъдод, эҷодкор ва ҳавасманд дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, инноватсия ва зеҳни сунъӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки дар озмун фаъолона иштирок намуда, донишу малака ва қобилияти эҷодии худро муаррифӣ намоянд.
📅 САНА ВА ВАҚТИ БАРГУЗОРӢ
Сана: 1-уми октябри соли 2026
Ифтитоҳи озмун: соати 09:00
Оғози озмун: соати 10:00
📍 МАКОНИ БАРГУЗОРӢ
Бинои №2, ошёнаи 2, толори лексионии №202
ҲУНАРУ ДОНИШИ ХУДРО САНҶЕД ВА ҚАДАМИ НАВБАТИРО БА СӮЙИ МУВАФФАҚИЯТ ГУЗОРЕД!
Ҳамаи донишҷӯёни ҳавасмандро ба иштироки фаъолона даъват менамоем!
Тоҷ
Рус
Eng