23 июни соли 2026, соати 11:00, дар толори Шурои диссертатсионии донишгоҳ муҳокимаи диссертатсияи докторанти донишгоҳ Ҳаитов Саидалӣ Поргиевич баргузор мегардад.

Мавзуи диссертатсия

«Сиёсати молиявию ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаккул, рушд, таъминоти ҳуқуқӣ ва назариявӣ»

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисосҳои зерин пешниҳод шудааст:

  • 5.5.1 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат;

  • 5.5.4 – Ҳуқуқи молиявӣ; ҳуқуқи андоз; ҳуқуқи буҷетӣ.

Мушовирони илмӣ

  • Буризода Эмомалӣ Бозор – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;

  • Ғаюрзода Шукрулло Кароматулло – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Аз ҳамаи хоҳишмандон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар муҳокимаи мазкур иштирок намуда, бо пешниҳодҳо ва андешаҳои илмии худ дар рушди муҳити илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ саҳм гузоранд.

Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон