ЭЪЛОН! ОЗМУНИ ДОНИШГОҲИИ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ МУҲОСИБОТ»
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар факултети ҳисобдорӣ ва омор, дар заминаи кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, малакаю маҳорати касбӣ, рушди тафаккури иқтисодӣ ва ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши амиқи илми муҳосибӣ озмуни донишгоҳии «Беҳтарин донандаи муҳосибот»-ро баргузор менамояд.
🎓 Донишҷӯёни азиз!
Шуморо барои иштироки фаъолона дар озмуни мазкур даъват менамоем!
🎯 ҲАДАФҲОИ ОЗМУН
✅ Баланд бардоштани дониши назариявӣ ва амалии донишҷӯён.
✅ Муайян намудани донишҷӯёни болаёқат дар соҳаи муҳосибот.
✅ Рушди малакаҳои ҳалли масъалаҳои муҳосибӣ.
✅ Омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат.
🏅 ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОН
Ғолибони озмун бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
📌 МАЪЛУМОТ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ОЗМУН
📅 Сана: 10 ноябри соли 2026
🕙 Соат: 10:00
🏛️ Ҷойи баргузорӣ: Бинои таълимии №3
🚪 Синфхона: №105
👥 Иштирокчиён: Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тибқи рӯйхатҳои пешниҳоднамудаи садоратҳои факултетҳо.
☎️ ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТИ ИЛОВАГӢ
Телефонҳо:
📞 +992 87-713-12-34
📞 +992 91-941-62-26
📞 +992 93-927-77-70
📧 Почтаи электронӣ:
Тоҷ
Рус
Eng