Мирсаидов Саидакмал Аврорович
Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
| +992 99 999 9999 | |
| info@ddmit.tj |
Маълумотнома
Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Мирсаидов Саидакмал Аврорович
Мирсаидов Саидакмал Аврорович 17 июли соли 1985 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ тавваллуд шудааст. Соли 2001 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 1-и ш. Хуҷанд ба факултети молия ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2006 бо дипломи аъло аз рӯйи ихтисоси иқтисодчӣ (Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ) хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ ба ҳайси ассистент, фаъолияти меҳнатиашро оғоз кардаааст. Соли 2007 ба ҳайси унвонҷӯ корҳои илми тадқиқотӣ бурда, рисолаи номзадиро дар мавзуи «Такмилдиҳии мехнизмҳои бозории истифодабарии заминҳои таъиноти кишоварзӣ (дар мисоли вилояти Суғд)» соли 2010 бо муваффақият дифоъ намуд. Сипас, дар кафедраи Саидакмал Мирсаидов дар кафедраи маркетинг-агробизнеси донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вазифаҳои н.и.и., муаллими калон, дотсент ва мудири кафедра фаъолият кардааст. Пайваста бо фаъолияти илмию педагогӣ рисолаи докториро дар мавзуи «Қонуниятҳои рушди муносибатҳои замин ва механизмҳои танзими онҳо дар бахши иқтисодиёти аграрӣ» таҳия намуда, соли 2020 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-004 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бомуваффакият ҳимоя намудааст.
Аз моҳи августи соли 2021 ба ҳайси профессори кафедраҳои менеҷмент, фаъолияти гумрукӣ ва мудири кафедраи фаъолияти биржавии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият бурда, дар ҳоли имрӯз муовини якум, муовини ректор оид ба таълимро дар уҳда дорад. Беш аз 90 мақолаҳои илмӣ, монография ва китоби дарсӣ, васоти таълимиро ба чоп расонидааст. Аз он 5 монографияи илмӣ, аз он чумла: «Рыночная трансформация аграрного землепользования и проблемы воспроизводства ее плодородие» –Душанбе, 2012, 164 с., «Закономерности развития земельных отношений и механизмы их регулирования в аграрном секторе экономики» – Душанбе, Изд. «Ирфон» 2021г. 260с; «Государственное регулирование внешнеэкономических отношений в условиях трансформации экономики» - Душанбе Изд. «ТГФЭУ» 2022г. С.175; «Таъмини самаранокии ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ дар заминаи робитаҳои шабакавӣ», ДДМИТ, 2023. С.152. Саидакмал Мирсаидов дар тайёр намудани кадрҳои илмии ҷавон саҳмгузорӣ намдуда истодааст, ки таҳти роҳбарии ӯ 4 аспирантон ва унвонҷӯён дар мавзуъҳои умдаи илмӣ иқтисод рисолаҳои номзадии хешро дифоъ карданд.
Тоҷ
Рус
Eng