Назарзода Аҳлиддин Зуҳуршо
Сармутахасиси раёсати илм ва инноватстя
| +992 99 99 99 99 | |
| nazarzodaahliddin0695@gmail.com |
Назарзода Аҳлиддин Зуҳуршо 6 июни соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст.
Соли 2013 ба ихтисоси «Ҳуқуқи иқтисодӣ»-и факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявии Донишкадаи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дохил гардида, соли 2017 муассисаи мазкурро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.
Соли 2017 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси «Ҳуқуқшиносӣ» ҳамчун таҳсилоти дуюм дохил шуда, онро соли 2020 бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
Фаъолияти меҳнатии худро моҳи сентябри соли 2017 ҳамчун омӯзгори кафедраи иқтисоди молиявӣ ва бонкии Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе оғоз намудааст ва то моҳи феврали соли 2020 дар ин вазифа фаъолият кардааст.
Аз моҳи феврали соли 2020 ба тариқи гузариш ба вазифаи лаборанти факултети баҳисобгирӣ ва иқтисодиёт таъин гардидааст.
Аз моҳи апрели соли 2020 ба тариқи гузариш ба вазифаи мудири шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва бойгонӣ гузашта, то моҳи феврали соли 2022 дар ин вазифа фаъолият намудааст.
Аз моҳи майи соли 2026 Назарзода Аҳлиддин Зуҳуршо дар вазифаи сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ
Назарзода Аҳлиддин Зуҳуршо дар баробари фаъолияти касбӣ ба корҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ машғул буда, муаллифи як қатор мақолаҳо мебошад:
-
«Меъмори ваҳдати миллӣ ва давлатдории навини тоҷикон» — дар сомонаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон;
-
«Афв — бузургии Пешвои миллат дар амалигардонии адолати инсонӣ» — дар сомонаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон;
-
«Ташаббусҳои Пешвои миллат дар масъалаи таъмини мардуми сайёра бо оби тоза» — дар маҷаллаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
-
«Нақши андозҳо дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ» — дар маҷаллаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Тоҷ
Рус
Eng