16 ноябр дар таърихи навини тоҷикон на танҳо як санаи тақвимӣ, балки саҳифаи муҳимми давлатсозӣ, таҷассуми иродаи сиёсӣ ва ёдоварӣ аз роҳи пуршебу фарози миллати тоҷик мебошад. Ин сана моро водор месозад, ки ба арзишҳои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ назар афканда, дар бораи роҳҳои ба даст овардан, ҳифз ва таҳкими онҳо андеша намоем.

Таърих гоҳе дар як рӯз сарнавишти як миллатро ба самти дигар раҳнамоӣ мекунад. Рӯзҳое ҳастанд, ки аз доираи тақвим берун рафта, ба рамзи мубориза, умед, интихоби таърихӣ ва оғози марҳилаи нави зиндагии давлату миллат табдил меёбанд. Барои миллати тоҷик 16 ноябр аз ҷумлаи чунин санаҳои хотирмон ва сарнавиштсоз ба шумор меравад.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин сана тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2016, таҳти № 1320, ба тақвими рӯзҳои ид ворид карда шудааст. Интихоби ин сана заминаи таърихӣ дорад, зеро 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб ба кори худ оғоз намуд ва 16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд.

Барои дарки воқеии аҳаммияти ин сана бояд ба солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар назар афканем. Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид. Аммо орзуву умедҳои мардум барои бунёди давлати мустақил бо мушкилоти сангини сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, нооромии сиёсӣ, буҳрони иқтисодӣ ва парокандагии ҷомеа ба ҳастии давлатдории навини тоҷикон хатари ҷиддӣ эҷод мекарданд.

Дар чунин шароити ҳассос масъалаҳои ҳифзи истиқлолият, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти мардум ва ба ҳам овардани неруҳои гуногуни ҷомеа ба вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат табдил ёфта буданд.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб оғоз гардида, то 2 декабр идома ёфт, дар таърихи давлатдории тоҷикон мавқеи махсус дорад. Дар ҷараёни он, 19 ноябри соли 1992, Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин рӯйдод ба оғози марҳилаи нави сиёсӣ ва талошҳои пайгирона барои барқарорсозии давлатдории миллӣ замина гузошт.

Аз минбари ҳамин иҷлосия садои умед ба ояндаи осоишта баланд гардид. Суханони машҳури Сарвари давлат: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» дар он рӯзҳои душвор ифодагари ормони бузурги мардум буданд. Ин суханон на танҳо як изҳороти сиёсӣ, балки таҷассумгари зарурати таърихии хотима бахшидан ба низоъ, барқарор намудани субот ва расидан ба ҳамдигарфаҳмӣ буданд.

Пас аз расидан ба сулҳу субот дар кишвар барои эҳёи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам омад. Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатсозӣ, барқарорсозии иқтисодиёт ва бунёдкории созанда ворид гардид.

Дар ин давра таҳкими пояҳои давлатдорӣ, такмили низоми ҳуқуқӣ, барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ва татбиқи барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор мерафтанд.

Дар саросари мамлакат роҳҳои мошингард, нақбу пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, иншооти истеҳсолӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд ва таҷдид гардиданд. Рушди инфрасохтор, беҳтар гардидани имкониятҳои ҳамлу нақл, афзоиши иқтидори энергетикӣ ва тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ барои пешрафти минбаъдаи кишвар аҳаммияти калон пайдо карданд.

Дар ин миён соҳаи маориф ва илм ҳамчун омили асосии рушди сармояи инсонӣ мавқеи муҳим касб намуд. Зеро ояндаи ҳар як давлат на танҳо бо захираҳои табиӣ ва имкониятҳои иқтисодӣ, балки пеш аз ҳама бо сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, касбият ва маърифати шаҳрвандони он муайян мегардад.

Имрӯз низ таҳкими иқтидори иқтисодӣ, рушди саноат, истифодаи самараноки захираҳои миллӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми рушди Тоҷикистон мебошанд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳо нақши ҷавонон дар пешрафти давлат беш аз пеш меафзояд. Ҷавонон на танҳо ояндаи миллат, балки неруи фаъоли имрӯзу фардои кишвар мебошанд. Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд барои насли ҷавон пеш аз ҳама имкони омӯзиши таърихи давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба истиқлолият ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ бошад.

Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд бо омӯзиши амиқи илмҳои муосир, аз худ намудани технологияҳои рақамӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию иқтисодӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзӣ дар рушди Ватан саҳми арзанда гузоранд.

Махсусан, барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин масъулият аҳаммияти хос дорад. Зеро ташаккули иқтисодиёти рақобатпазир, таъмини устувории низоми молиявӣ, идоракунии самараноки захираҳои давлатӣ ва рушди соҳибкорӣ аз дониш, малака ва ҷаҳонбинии иқтисодчиёни оянда вобастагии зиёд доранд.

Мутахассиси асри нав бояд на танҳо соҳиби диплом, балки дорои тафаккури таҳлилӣ, ҷаҳонбинии васеъ, масъулияти баланди касбӣ ва ҳисси ватандӯстӣ бошад. Танҳо бо ҳамин роҳ метавон дар таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар ва бунёди ҷомеаи пешрафта саҳми воқеӣ гузошт.

Мо, аҳли ҷомеа, бахусус омӯзгорону донишҷӯён, бояд арзишҳои муқаддаси миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ҳифз намуда, бо дониш, маърифат, меҳнати созанда ва ҳисси баланди масъулият дар ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми муносиб гузорем. Зеро ояндаи дурахшони Ватан аз имрӯз оғоз меёбад ва бунёди он рисолати ҳар яки мост.

 

Неъматуллои МИРЗОШОҲ,

Х. ШАМСИДДИНЗОДА,

омӯзгорони ДДМИТ