35 СОЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ: МАСИРИ СОЗАНДАГИЮ РУШД
Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин неъмат, рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ мебошад. Барои мардуми шарафманди Тоҷикистон Истиқлолият оғози марҳилаи нави зиндагӣ, эҳёи давлатдории миллӣ ва роҳи созандагию бунёдкорӣ ба шумор меравад.
Рӯзи 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст рӯзи муқаддас ва нишонаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ мебошад.
Солҳои аввали Истиқлолият барои Тоҷикистон давраи басо душвор ва пуртаҳлука буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, нооромии сиёсӣ ва мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ба рушди кишвар таъсири ҷиддӣ расониданд. Дар чунин рӯзҳои тақдирсоз фарзандони содиқи миллат барои ҳифзи давлат, барқарор намудани сулҳу субот ва муттаҳид сохтани мардум масъулияти бузургро ба дӯш гирифтанд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсози таърихи миллат ба саҳнаи давлатдорӣ марде қадам гузошт, ки бо ақлу хиради воло, иродаи қавӣ, ҷасорат ва муҳаббати беандоза ба Ватан тавонист роҳи миллатро ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ кунад. Ин марди хирадманду дурандеш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Бо сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи ӯ дар Тоҷикистон сулҳу субот барқарор гардида, Ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи устувори давлатдорӣ таҳким ёфт.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: «Истиқлолият барои мо муқаддастарин неъмат ва бузургтарин дастоварди таърихӣ мебошад».
Воқеан, Истиқлолият ба миллати тоҷик имкон дод, ки роҳи рушди худро мустақилона интихоб намуда, арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва таърихи пурғановати худро эҳё ва ҳифз намояд.
Давоми 35 соли Истиқлолият Тоҷикистон роҳи бузурги созандагӣ ва пешрафтро тай намуд. Дар кишвар роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, корхонаҳо ва дигар иншооти муҳими иҷтимоию иқтисодӣ бунёд гардиданд. Тоҷикистон тадриҷан аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии худ қадамҳои устувор гузошт.
Таҷрибаи 35-солаи давлатдории миллӣ нишон медиҳад, ки танҳо дар заминаи ҳамбастагӣ, сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ метавон ба рушди устувори ҷомеа ноил гардид. Ҳамкорӣ ва ҳамдастӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, иқтисод ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа барои пешрафти кишвар аҳамияти бузург доранд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошад. Сулҳу оромии имрӯза барои ҳар як сокини Тоҷикистон неъмати бебаҳост. Мо бояд ҳамеша қадри сулҳу суботро донем, зеро маҳз дар фазои оромӣ миллат метавонад рушд кунад, ҷавонон дониш омӯзанд ва давлат ба сӯи пешрафт ҳаракат намояд.
Пешвои миллат ҷавононро ҳамчун неруи бузурги ҷомеа ва ояндаи давлат арзёбӣ намуда, ҳамеша ба онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Имрӯз мо, ҷавонони Тоҷикистон бояд бо дониш, фарҳанги баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузорем.
Тавре Пешвои миллат таъкид мекунанд: «Мо бояд Тоҷикистонро дӯст дорем, онро ҳамчун Ватани муқаддаси худ ҳифз намоем ва барои пешрафту ободии он содиқона меҳнат кунем».
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва ташаббускор шинохта мешавад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, махсусан дар масъалаҳои ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо, ба баланд гардидани обрӯ ва нуфузи кишвари мо дар ҷаҳон мусоидат намудаанд.
35 соли Истиқлолият барои Тоҷикистон мактаби бузурги давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ гардид. Дар ин муддат, мардуми тоҷик тавонистанд давлатдории худро таҳким бахшида, барои бунёди ҷомеаи орому осуда ва ояндаи ободу пешрафта заминаҳои устувор фароҳам оваранд.
Мо, тоҷикон бояд ба Истиқлолияти давлатии худ на танҳо ҳамчун як дастоварди таърихӣ, балки ҳамчун арзиши муқаддас ва вазифаи миллӣ муносибат намоем.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар тули 35 соли Истиқлолият роҳи пуршарафу таърихии худро тай намуда, имрӯз бо қадамҳои устувор ба сӯи фардои боз ҳам ободу пешрафта ҳаракат дорад.
Вазифаи ҳар яки мо - шаҳрвандони Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намуда, ба қадри сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон бирасем. Зеро ояндаи Тоҷикистон аз дониш, меҳнат, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии ҳар яки мо вобаста мебошад.
Бигзор, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон ҷовидон бошад, сулҳу Ваҳдати миллӣ пойдор монад ва Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамеша рӯ ба пешрафту шукуфоӣ дошта бошад!
Мукаррама САИДЗОДА,
донишҷӯи факултети молия ва қарзи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng