Маълумотномаи кафедра

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ АУДИТ ВА РЕВИЗИЯ

Тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбии муассисаҳои олии таълимӣ» ва банди 4 Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бо қарори Шӯрои Олимони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, таҳти № 11/15 аз 26 майи соли 2014 сохтори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳайати факултети ҳисобдорӣ ва омор кафедраи аудит ва ревизия таъсис дода шуд ва дар ин замина мувофиқаи фармони ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, таҳти № 114/И аз 08 июли соли 2014 кафедраи аудит ва ревизия ҳамчун кафедраи тахассусӣ таъсис дода шуд. Мудири кафедраи аудит ва ревизия номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Орзуев П.Ҷ. интихоб гардид. Аз 01-феврали соли 2019 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Садриддинов Манучеҳр Исломиддинович ба уҳда дошт. Инчунин аз моҳи июни соли 2020 то моҳи апрели 2025 н.и.и., дотсент Тилабов Ёрибек Эмомназарович интихоб гардид. Ва аз 2-юми марти соли 2025 н.и.и., ассистент Баротов А.Х. кафедраи мазкуро роҳбарӣ мекунад.

Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти №169 мақоми худро иваз намуд ва он ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд, ки кафедраи аудит ва ревизия бо ҳамин ном дар зерсохтори факултети ҳисобдорӣ ва омор нигоҳ дошта шуд.

Ҳайати кормандону омӯзгорони кафедра аз 10-нафар иборат мебошанд, ки аз онҳо: 5-нафарашон номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсентон, 1-нафар муаллими калон ва 3-нафарашон ассистентон ва 1-нафар оператор-ҳуҷҷатнигор мебошад. Инчунин дар соли ҷорӣ 1 нафар ба ҳайси ҳамкори дохилӣ ва 1 нафар ба ҳайси ҳамкори беруна дар кафедра фаъолият менамоянд.

Кафедраи аудит ва ревизия, яке аз муҳимтарин ҷузъи таълимӣ-илмии сохтори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДДМИТ) ба шумор рафта, аз аввали таъсисёбиаш фаъолияти таълимӣ-илмӣ-методӣ ва тарбиявии донишҷӯёнро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саннадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи ДДМИТ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ ба роҳ монда таълиму тарбияро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот ва нақшаҳои таълимии тасдиқшуда амалӣ намуда, дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда дорад.

Фаъолияти кафедраи аудит ва ревизия айни замон аз руйи як ихтисос дар зинаҳои бакалавариат (рӯзона ва фосилавӣ) ва магистратура ба роҳ монда шудааст, ки он: 1-250111-аудит ва ревизия мебошанд.

Кафедраи мазкур кафедраи тахассусӣ буда, соли 2015 нахустин донишҷӯёнро аз рӯйи ихтисоси 1-250111- аудит ва ревизия қабул намудааст ва соли таҳсили 2018-2019 бори аввал кафедраро донишҷӯён дар зинаи бакалавриат аз рӯи ихтисоси аудит ва ревизия хатм менамоянд. Ҳамчунин устодони кафедра ба донишҷӯён зиёда аз 22 - фанни таълимӣ дарс мегӯянд. Яке аз мақсадҳои ниҳоии устодони кафедра ин таъмини донишҷӯён бо маводҳои таълимӣ мебошад. Инчунин оид ба фанҳои таълимии кафедра маҷмӯаи барномаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ (силлабусҳо) барои бахшҳои низоми таҳсилоти кредитӣ, тестҳо барои қабули имтиҳоноти фосилавию имтиҳоноти ҷамъбастӣ, мавзӯҳои лексионӣ дар шакли слайд, мавзӯҳои корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм ва рисолаҳои магистрӣ, барномаи таҷрибаомӯзӣ, нақшаи дурнамои корҳои илмию амалии устодони кафедра дар намуди чопӣ ва электронӣ аз тарафи ҳайати дотсентон ва устодони кафедра тайёр карда шудаанд.

Дар кафедраи аудит ва ревизия гузаронидани мизҳои мудаввар низ анъана шудааст. Одатан дар ин сӯҳбатҳои илмӣ оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз олимони шинохта ва мутахассисони соҳа аз мақомотҳои олии назоратӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад мекунанд.

Дар солҳои 2014-2019 дар ташкил ва рушди кафедра олимон ва устодони зерин саҳмгузор ва фаъолият намудаанд.: профессор Уроқов Д.У, дотсентон Исматов А.Ҳ., Орзуев П.Ҷ., Алиев О.М., Садриддинов М.И., Бобиев И.А., Барфиев Қ.Х., Зиёев С.С., Расулов Т.М.,Тоҳирова Р.С., Шоймардонов С.Қ., муаллимони калон Аҳмадҷонова С.Ю.,Ҷабборова П.Ҷ. Маҳмадов М.Г., Юнусов А.Қ., Ҳакимов З.Р., Досиев ва ассистентон Саидов Р.Н., Сафаров С.Ҳ., Раҳмонов А.А., Мирзозода Д. ва Абдуллоева Ш.Ф.

Ҳоло бошад дар кафедра устодон ва кормандони зерин кору фаъолият намуда истодаанд: номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсентон Тилабов Ёрибек Эмомназарович, Саидов Р.Н., Ҳомидов А.У.,  Баротов А.Х., Оев А,Д., муаллими калон Абдулхайров Ф.М., Саёраева Р.Ш., Шаҳнозаи С., ва оператор-ҳуҷҷатнигор.

Кафедра бо Вазорату идораҳои мамлакат, ба монанди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи Ҳисоби ҶТ, КВД «Тоҷиксуғурта», ширкати аудитории ҶДММ «Шарқ-аудит» ва як қатор муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ аз ҷумла, бо кафедраҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, ва аудити Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  робитаи зичи ҳамкорӣ дорад.

Кафедра бо васоитҳои техникӣ пурра таъмин буда, дорои ду адад компютери пайваст бо хати интернет ва ду адад принтер мебошад, ки устодон аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.

Инчунин кафедра дар тайёр кардани мутахассисон, устодони пуртаҷриба барои дарёфти дараҷаи илмӣ саҳми арзанда дорад, ки ҳоло дар кафедра ду нафар унвонҷӯён: Шаҳнозаи С., ва Абдуллоева Ш.Ф. бо кори илмӣ машғул мебошанд, ки рисолаи номзадии устодони номбурда омода шудааст ва дар арафаи ҳимоя қарор доранд.

Самти илмии кафедра аз соли 2018 то соли 2022 дар мавзӯи «Самтҳои такмили баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит ва омор дар субъектҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва масоили «Роҳҳои мукамалнамоии аудит ва назорати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардидааст, ки устодони кафедра аз рӯи марҳилаҳои он ҳамасола корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ мемонанд. Кафедра дар тӯли фаъолияти худ ҳарсол конфронсҳо, мизҳои мудаввар, маҳфилҳои илмӣ ва семенари илмӣ-амалӣ мегузаронад. Мунтазам аз тарафи устодони кафедра дарсҳои кушод гузаронида мешавад, ки дар ин бора дар ҷаласаҳои кафедра муҳокима карда мешавад. Устодони кафедра дар тамоми чорабиниҳои сиёсии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва тарбиявию умумидонишкадавӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Фанҳои таълимӣ

РАВАНДИ ТАЪЛИМ 

Фанҳои тадрисшавандаи кафедра бисёре аз ихтисосҳои донишгоҳ омӯзонида мешаванд. Дар кафедра аз рӯйи 19 фанни таълимӣ дарсҳо гузаронида мешаванд. Аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ барномаи таълимӣ ва барномаи корӣ (силлабус) таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Аз рӯйи 12 фанни таълимӣ маводҳои таълимӣ рӯйи чоп омадаанд, ки барои азхудкунии донишҷӯён кӯмак менамоянд.

 Фанҳои таълимӣ:

1.Муқаддимаи ихтисос

2.Асосҳои аудит

3.Аудит

4.Аудити бонкӣ

5.Аудити андозбандӣ

6.Аудити дохилӣ

7.Аудит дар мамлакатҳои хориҷӣ

8.Аудити самаранок истифодабарии воситаҳои буҷетӣ

9.Аудити ширкатҳои суғуртавӣ ва фондҳои сармоягузорӣ

10.Аудити бахши давлатӣ

11.Аудит дар идораи молияи давлатӣ

12.Аудит дар корхонаҳо

13.Аудит дар муассисаҳои буҷетӣ-илмӣ

14.Аудит дар ҷамъиятҳои саҳомӣ

15.Стандартҳои байналмилалии аудит

16.Асосҳои фаъолияти ревизионӣ

17.Аудит ва ревизия

18.Назорат ва тафтиш

19.Назорати давлатии молиявӣ 


Ҳайати кормандони кафедра