Ҳар як миллати боғайрату соҳибистиқлол дар масири таърихии худ лаҳзаҳои фараҳбахшро паси сар мекунад, ки дар онҳо қудрату қобилияти худро дар рӯ ба рӯи душвориҳо месанҷад ва пирӯзиву дастовардҳоро ҷашн мегирад. Чунин лаҳзаи пурғурур ва ифтихоромез барои мардуми тоҷик ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он мо бо сари баланд ба дастовардҳои бузурги давлатсозӣ ва ободии кишвари азизамон назар мекунем. 35-соли Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик на танҳо як марҳилаи таърихӣ, балки оғози давраи сифатан нави давлатсозӣ, эҳёи миллӣ ва таҳкими пояҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Роҳи Тоҷикистон ба Истиқлолият ва солҳои аввали соҳибихтиёрӣ аз ҳар гуна душвориву буҳрон холӣ набуд. Пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, қатъ гаштани робитаҳои иқтисодӣ, 

коҳиши истеҳсолот ва буҳрони молиявӣ кишварро дар вазъияти хеле вазнин қарор дода буданд. Ба ин мушкилот ҷанги шаҳрвандӣ афзуд, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро ба ларза даровард ва Тоҷикистонро дар канори партави нобудӣ қарор дод. Дар чунин шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кам нафароне буданд, ки ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон бовар мекарданд. Бо шарофати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талошҳои мардуми тоҷик, сулҳу субот дар кишвар барқарор гардид ва фоҷиаи тақсимшавии миллат пешгирӣ карда шуд.

Барқарор намудани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлол ба шумор меравад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи нодири ҳалли низоъҳо мавриди омӯзиши ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Маҳз сулҳу ваҳдат имконият фароҳам овард, ки ҷомеа неруи худро ба самти созандагӣ ва пешрафти кишвар равона созад. Дар натиҷа, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои бехавфтарини ҷаҳон шинохта шудааст.

9-уми сентябри соли 1991, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон намуд, оғози марҳилаи навин дар рушди таърихи миллати тоҷик гардид. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Ин неъмати бузург имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон бо такя ба арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлатӣ роҳи мустақили рушди худро муайян намояд. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишварро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.

Яке аз устувортарин пояҳои давлатдории навини тоҷикон ташаккули низоми муосири ҳуқуқӣ буд. Дар тули 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон тавонист бо такя ба арзишҳои демократӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон заминаҳои боэътимоди давлати ҳуқуқбунёдро фароҳам оварад. Аввалин ва муҳимтарин дастоварди ҳуқуқии даврони Истиқлолият қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6-уми ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ мебошад. Ин санади сарнавиштсоз пояҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистонро муайян намуд ва арзишҳои олӣ, аз қабили ҳуқуқу озодиҳои инсон, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, тақсимоти ҳокимияти давлатӣ ва мустақилияти ҳокимияти судиро кафолат дод. Дар солҳои минбаъда низоми қонунгузории миллӣ ба таври назаррас рушд кард.

Агар дар оғози Истиқлолият аксари санадҳои ҳуқуқӣ аз давраи шуравӣ боқӣ монда буданд, имрӯз ҳазорҳо қонун, кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро мутобиқ ба талаботи замони муосир танзим менамоянд. Кодексҳои шаҳрвандӣ, ҷиноятӣ, мурофиавӣ, оила, меҳнат, андоз ва замин заминаи ҳуқуқии рушди тамоми соҳаҳоро фароҳам оварданд. Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки дар ин давра ба амал омад, ба таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани эътимоди мардум ба адлия равона гардид.

Солҳои соҳибистиқлолӣ бо ислоҳоти амиқ дар соҳаи иқтисод ва гузариш аз иқтисоди дастурӣ ба иқтисоди бозоргонӣ ҳамроҳ буд. Дар ин давра, саноат яке аз муҳаррикҳои асосии афзоиши иқтисодӣ эътироф гардид. Аз соли 2018 бо ташаббуси Президенти кишвар, саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ муайян карда шуд, ки барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт такони ҷиддӣ бахшид. Дар натиҷа, саноати Тоҷикистон дар тули 35 сол аз ҳифзи иқтидори истеҳсолии асосӣ дар шароити душвори таърихӣ, то ташаккули низоми муосири саноатии гуногунсоҳа ва содиркунанда роҳи тулонӣ тай намуд. Натиҷаҳои ин сиёсат хеле назаррасанд: танҳо дар соли 2025 корхонаҳои саноатӣ, маҳсулот ба маблағи 66 миллиарду 726 миллион сомонӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 13,3 миллиард сомонӣ зиёд аст. Дар давраи солҳои 2019-2025 дар кишвар беш аз 2600 корхонаи саноатии нав сохта ба истифода дода шуда, зиёда аз 87 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтааст.

Дар арсаи иқтисод ва бунёди инфрасохтор Тоҷикистон дар ин 35 сол тавонист аз қаъри буҳрони шадид баромада, ба масири рушди устувор ва созандагӣ қадам гузорад. Сарфи назар аз он, ки дар ибтидои Истиқлолият аксари иқтидори саноатӣ ва инфрасохтори кишвар аз кор монда буд, имрӯз мо шоҳиди бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, роҳҳои муосири байналмилалӣ ва дохилӣ, нақбҳо ва пулҳои муосир мебошем. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар саросари кишвар 26 ҳазор иншооту биноҳо ба истифода дода шудааст, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон бунёд ёфтаанд. Ин нишондиҳандаи баланд будани фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар раванди ободонии кишвар мебошад. Ҳамаи ин дастовардҳо боиси афзоиши назарраси ММД гардиданд, ки то соли 2023 аз 130 миллиард сомонӣ гузашт.

Инчунин, дар солҳои Истиқлолият ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозор аҳамияти ҳаётан муҳим дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногун баргузор мегарданд, ки ҳадафи онҳо таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ мебошад.

Яке аз муҳимтарин самтҳои стратегии рушди кишвар, ки дар солҳои Истиқлолият ба таври назаррас пеш рафтааст, соҳаи энергетика мебошад. Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ яке аз кишварҳои ғанӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, дар ин давра, ба татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ оғоз кард ва иқтидори бузурги энергетикии худро тадриҷан рушд дода, онро ба яке аз самтҳои асосии рушд табдил дод. Аз ҷумла, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 30 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст ва айни замон 18 лоиҳаи дигар ба маблағи 15 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳаҳо зиёда аз 2300 МВт иқтидори нави истеҳсолии неруи барқ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд. Сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои барқии обӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқии обии Роғун ба баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли неруи барқ ва таҳкими заминаи иқтисодии кишвар мусоидат намудааст. Ин раванд на танҳо талаботи дохилиро таъмин мекунад, балки имкониятҳои содироти неруи барқ ба кишварҳои дигарро низ васеъ мегардонад ва Тоҷикистонро ба маркази муҳими энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ табдил медиҳад. Имрӯз дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли миллӣ, рушди соҳаи энергетика ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳими давлатдории навини тоҷикон арзёбӣ мегардад.

Дар соҳаи иҷтимоӣ, махсусан дар илму маориф ва тандурустӣ низ тағйироти куллӣ ба амал омад. Соҳаи таҳсилоти олӣ бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи Истиқлолият ба сатҳи сифатан нав баромад. Агар дар ибтидои солҳои 1990-ум танҳо чанд донишгоҳи анъанавӣ фаъолият мекарданд, имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 40 муассисаи таҳсилоти олии давлатӣ ва ғайридавлатӣ амал мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 200 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамоянд. Таҷдиди куллии барномаҳои таълимӣ ва мутобиқсозии онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ имкон дод, ки сатҳи таҳсилот ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардад. Таъсиси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва даҳҳо муассисаи дигари таълимӣ заминаи устувори илмию кадриро фароҳам оварданд.

Дар ин замина, нақши Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон хеле муҳим аст. Таъсиси ин донишгоҳ соли 1996 ҳамчун Институти ҳуқуқ ва андозбандӣ, ки баъдан соли 2018 ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфт, посухе ба талаботи даврони нав ба кадрҳои соҳаи иқтисод ва молия буд. Имрӯз ин донишгоҳ яке аз марказҳои пешбари кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар он зиёда аз 10 ҳазор донишҷӯ дар 7 факултет ва 60 ихтисоси гуногун, аз ҷумла кори бонкӣ, молия, иқтисоди ҷаҳон, идоракунӣ ва фаъолияти гумрукӣ таҳсил мекунанд. Донишгоҳ бо 157 муассисаи илмию таълимии кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамкории байналмилалӣ дорад ва дар соҳаи тайёр намудани мутахассисони иқтисодӣ яке аз пешрафтатарин муассисаҳои олии кишвар ба шумор меравад.

Дар соҳаи тандурустӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шуда, ба омодасозии кадрҳои баландихтисос ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Қабули барномаҳои давлатӣ имкон доданд, ки дараҷаи фавти модарону кӯдакон коҳиш ёфта, умри миёнаи ҳаёти аҳолӣ аз 63 ба 76 сол афзоиш ёбад. Дар давраи пандемияи COVID-19 Тоҷикистон тавонист системаи тиббиро зуд мутобиқ намуда, истеҳсоли доруҳои ватанӣ ва ташкили марказҳои ваксинатсияро ба роҳ монад.

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба рушди сармояи инсонӣ ҳамчун омили асосии пешрафти кишвар равона гардидааст. Дар тули 35 соли Истиқлолият шумораи зиёди донишгоҳҳои нав, коллеҷу литсей таъсис ёфтааст, ки заминаи рушди иқтидори зеҳнии миллат ва тайёр намудани кадрҳои варзидаро фароҳам овардаанд. Таваҷҷуҳи хоса ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва соҳибкорӣ дар барномаҳои таълимӣ, инчунин, таъсиси марказҳои инноватсионӣ ва технопаркҳо дар донишгоҳҳо, ҷавононро барои иштирок дар равандҳои ҷаҳонии иқтисодӣ ва илмӣ омода менамоянд.

Дар арсаи байналмилалӣ низ Тоҷикистон ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кардааст. Кишваре, ки пеш онро камтар мешинохтанд, имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати фаъол дар соҳаи обу иқлим ва дигар ташаббусҳои созанда шинохта шудааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 180 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви пурраи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои нуфузӣ мебошад. Санаи 25-уми июни соли 2026 бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)”-ро қабул намуд, ки эътирофи баланди иқтидори сулҳдӯстии Тоҷикистон ва саҳми он дар таъмини амнияти ҷаҳонӣ мебошад. Тоҷикистон, инчунин, дар соҳаи об ва иқлим бо ташаббуси “Об барои рушди устувор” ҳамчун давлати ташаббускор шинохта шуда, бо кишварҳои гуногун ва созмонҳои байналмилалӣ дар самтҳои энергетик ва ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ҳамкории самаранок дорад.

Бо вуҷуди ин дастовардҳои назаррас, масъулияти ҳифзи истиқлолу озодӣ, ободии Ватан ва пешрафти давлат дар замони ҳозира аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа ва ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат муайян гардидааст. Ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кӯча ва маҳалли зисти худро таъмир карда, тозаву озода намояд. Зеро ин раванди ободонӣ бояд тамоми қаламрави кишварро фаро гирад.

35 соли Истиқлолият на танҳо оинаи гузашта, балки пуле ба сӯи ояндаи дурахшон аст. Дар ин муддати кӯтоҳ, ки нисбат ба таърихи ҳазорсолаи миллат ҳеҷ аст, Тоҷикистон тавонист аз як кишвари навтаъсис ва бесубот ба давлати мустақил, пойдор ва дорои иқтисоди рушдёбанда табдил ёбад. Ин дастовардҳо самараи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, саъю талоши ҳама мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Ҳар як дастоварде, ки имрӯз мо дорем, самараи Истиқлолият аст. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Истиқлолият моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулият барои ободии Ватан талош намоем, то кишвари азизамон ҳамеша ободу шукуфон бошад ва парчами Истиқлолият бар сари он абадан парафшон монад.

Нилгуна АБДУЛҲАҚОВА,

донишҷӯи ДДМИТ