АҲАМИЯТИ СТРАТЕГИИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Иқтисодиёт асос ва гарави ҳастии давлат аст. Фаъолияти иқтисодӣ бошад, ба қонеъ гардонидани талаботи мардум аз ҳисоби истеҳсол ва истифодаи неъматҳои моддӣ равона шудааст. Дуруст ва самаранок ба роҳ мондани фаъолияти иқтисодӣ омили муҳимтарини расидани дилхоҳ ҳукумат ба мақсади олии он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар мебошад.
Ҳадафи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва муҳайё намудани шароит барои зиндагии шоистаи мардуми кишвар буда, дар тамоми стратегияю барномаҳои рушди кишварамон ба иҷрои ин мақсад эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Таҳти мафҳуми баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо мақсади муҳайё кардани шароити мусоид барои баланд бардоштани савияи донишу барқарор кардани саломатӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ва имкониятҳои баробар барои меҳнаткашон ва ташаккули заминаҳои дигаре фаҳмида мешавад, ки мусоидаткунандаи болоравии сифати зиндагианд.
Расидан ба ин ҳадафи олӣ аз ташкил ва таъмини рушди иқтисодиёт, мутобиқ кардани он ба тағйироти сохторию муносибатҳои иқтисодӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ташкили низоми омодакунии мутахассисон ва ҳалли боз чандин масъалаҳои дигар аз кордонию сатҳи баланди роҳбар вобаста аст. Барқарорнамоӣ ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистони баъдиҷангӣ дар муддати кӯтоҳ шаҳодати сатҳи баланди кордонию ватандӯстии Сарвари давлат аст, ки омӯзиши алоҳидаро талаб мекунад.
Масъалаи аз нуқтаи назари илмӣ дарк намудани нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон, барқароркунандаи иқтисодиёти миллӣ ва мусоидаткунандаи рушди минбаъдаи он дорои моҳияти хоса мебошад. Замони истиқлоли давлатии мамлакати азизи мо собит месозад, ки ҳаёт ва фаъолияти Пешвои муаззами миллат ба таърихи Тоҷикистони навин ва мардуми он робитаи ногусастанӣ дорад.
Дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самтҳои гуногуни ҷомеа аз меҳнату заҳмати мардуми шарифи тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаю дурандешонаи Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф баъди расидан ба Ваҳдати миллӣ марҳала ба марҳала ба рушду пешрафт ноил гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълиму тарбия тадбирҳои муҳимму саривақтӣ меандешанд. Дар натиҷа, шароити муассисаҳои таълимӣ тадриҷан беҳтар гардида, имкониятҳои нав барои омӯзишу тарбия фароҳам оварда мешаванд. Замони муосир ва рушди босуръати технологияҳо тақозо менамояд, ки таваҷҷуҳ ба омӯзиши фанҳои бунёдӣ бештар гардад, зеро омӯзиши ин фанҳо имкон медиҳад, ки дар самти технология, ихтироъкорӣ ва навоварӣ ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ ноил гардем. Ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар эълон гардидааст, ки он талаб мекунад, ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ диққати махсус дода шавад.
Дар ин замина, омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ки бояд ба онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат дар кишвар “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”-ро эълон намуданд, ки дар доираи он корҳои муҳим ба анҷом расиданд.
Таҷдиду муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои таълимӣ бо тамоми шароити зарурӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва баргузор намудани озмунҳои гуногун далели равшани ин гуфтаҳост.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки рақобати давлатҳо на танҳо дар арсаи сиёсат ва иқтисод, балки дар соҳаи дониш ва технология низ ба амал меояд, илмҳои табиатшиносӣ барои ҳар як давлати соҳибистиқлол хислати стратегӣ пайдо мекунанд. Барои Тоҷикистон, ки дар шароити мураккаби кӯҳӣ ҷойгир аст ва бо мушкилоти хоси амнияти обӣ, энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ рӯбарӯст, ин аҳамият махсусан барҷаста зоҳир мегардад. Илмҳои табиатшиносӣ - геология, гидрология, глятсиология, биология, сейсмология ва экология воситаи таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувори кишвар мебошанд.
Тоҷикистон беш аз 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказиро дар ҳудуди худ ташаккул медиҳад ва беш аз ҳазор пиряхи Помиру Олой манбаи асосии ин захираҳо ба ҳисоб мераванд. Дар шароити тағйирёбии иқлими глобалӣ, ки боиси обшавии шадиди пиряхҳо мегардад, тадқиқоти глятсиологӣ на танҳо масъалаи илмӣ, балки масъалаи амнияти обӣ, озуқаворӣ ва энергетикии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақа гардидааст.
Маҳз аз ин рӯ, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи пешсафро дар ин соҳа ишғол намудааст. Бо ташаббуси Тоҷикистон, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 қатъномаи соли 2025 – “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро қабул намуд. Дар доираи ин қатънома 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид ва дар назди СММ Фонди боварии байналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Аз 29 то 31 майи соли 2025 бошад, пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мизбони Конфронси сатҳи баланди байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо гардид.
Ин мисол равшан нишон медиҳад, ки илми табиатшиносии тоҷик, дар ин маврид глятсиология ва гидрология на танҳо ба таҳқиқи дохилӣ маҳдуд намондааст, балки ба воситаи дипломатияи илмии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Захираҳои азими гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки аз ҳамин пиряхҳо ва дарёҳои кӯҳӣ сарчашма мегиранд, пойдевори стратегияи амнияти энергетикии кишварро ташкил медиҳанд. Тадқиқоти гидрологӣ, геологӣ ва иқлимшиносӣ барои лоиҳакашии дурусти иншооти неруи барқи обӣ, пешбинии обхезиҳо ва ба нақша гирифтани истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар дарозмуддат заруранд. Бе дониши амиқи илмӣ дар бораи реҷаи дарёҳо ва динамикаи пиряхҳо, банақшагирии дурусти энергетикии кишвар ғайриимкон аст.
Дар шароити релефи кӯҳии Тоҷикистон, ки танҳо қисми ками замин барои кишоварзӣ мувофиқ аст, илмҳои биологӣ, хокшиносӣ ва ботаникӣ аҳамияти махсус пайдо мекунанд. Таҳқиқи навъҳои маҳаллии растаниҳои тобовар ба хушксолӣ, беҳдошти ҳосилнокии хок ва идоракунии оқилонаи захираҳои обӣ дар соҳаи кишоварзӣ бевосита ба амнияти озуқавории миллат хидмат менамоянд.
Тоҷикистон дар минтақаи фаъолияти баланди сейсмикӣ ҷойгир аст ва ҳамасола аз заминҷунбӣ, обхезӣ, тарма ва фурӯравии кӯҳҳо зарар мебинад. Илми сейсмология ва геология дар ин шароит хислати комилан стратегӣ пайдо мекунад: натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ бевосита ба сохтмони бехатари биноҳо, банақшагирии шаҳрсозӣ ва системаи маърифатнокии ҷомеа асос мегузоранд ва ҷони ҳазорон нафарро наҷот медиҳанд.
Мисоли ташаббуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо нишон медиҳад, ки илмҳои табиатшиносӣ метавонанд ба воситаи баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ табдил ёбанд. Пеш аз ин ташаббус, роҳбарияти Тоҷикистон боз панҷ ташаббуси ҷаҳонии дигар дар мавзуи об пешбарӣ карда буд аз “Соли байналмилалии оби тоза” то “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор””. Ин пайдарпаӣ гувоҳӣ медиҳад, ки илми табиатшиносӣ, бахусус дар соҳаи об ва иқлим ба яке аз самтҳои асосии дипломатияи илмии Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст, ки боиси эътирофи байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорию ҳамкории технологӣ мегардад.
Аҳамияти стратегии илмҳои табиатшиносӣ дар замони Истиқлолият дар он аст, ки онҳо аз соҳаи танҳо академӣ ба воситаи бевоситаи таъмини амнияти миллӣ, обӣ, энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ табдил ёфтаанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол собит намуд, ки маҳз тавассути дониши илмии ватанӣ дар бораи табиати нотакрори кӯҳии худ метавонад на танҳо мушкилоти дохилиро ҳал кунад, балки дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ аз тағйирёбии иқлим то ҳифзи пиряхҳо нақши пешсафро бозӣ намояд. Ин далели равшани он аст, ки барои давлатҳои хурду кӯҳӣ мисли Тоҷикистон, сармоягузорӣ ба илмҳои табиатшиносӣ на танҳо барои баланд бардоштани, балки шарти зарурии мавҷудияту рушди дарозмуддат мебошад.
О. АБДУЛЛОЗОДА,
омӯзгори ДДМТ
Тоҷ
Рус
Eng