АҲАММИЯТИ ТАЪРИХИИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЁТИ СИЁСИВУ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ
Таърихи ташаккул ва рушди ҳар як давлати соҳибистиқлол бо рӯйдодҳои сарнавиштсозе алоқаманд аст, ки дар марҳилаҳои муайяни таърихӣ самти минбаъдаи инкишофи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии онро муайян менамоянд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи аввали соҳибистиқлолӣ яке аз марҳилаҳои мураккаб ва ҳамзамон тақдирсози таърихи давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро истиқлолияти давлатӣ, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омад, дар шароити дигаргуниҳои амиқи сиёсиву иҷтимоӣ, буҳрони низоми идоракунӣ ва мушкилоти иқтисодӣ амалӣ гардид.
Дар чунин шароит масъалаи ташаккули низоми устувори давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолияти миллӣ, таъмини ягонагии давлат ва барқарор намудани суботи сиёсӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо намуд. Равандҳои мазкур зарурати ташаккули ниҳодҳои нави давлатӣ ва такмили механизми идоракунии ҷомеаро ба миён оварданд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад, аз ҷумлаи санаҳои муҳими сиёсӣ ва таърихии кишвар мебошад. Ин сана на танҳо як рӯзи тақвимӣ, балки имконияти муносиб барои бознигарии роҳи тайкардаи давлат, омӯзиши сабақҳои таърихӣ, таҳлили равандҳои давлатсозӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар назди Ватан ба шумор меравад.
Аҳаммияти ин рӯз пеш аз ҳама дар робитаи он бо воқеаҳои муҳими таърихи навини Тоҷикистон ифода меёбад. Аз ин рӯ, омӯзиши моҳияти таърихии Рӯзи Президент на танҳо барои дарки равандҳои сиёсӣ, балки барои таҳкими худшиносии миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрвандӣ низ муҳим мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки барои дарки амиқи аҳаммияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки ба шароити таърихии ташаккули институти президентӣ дар кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намоем.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид. Ин марҳила бо зарурати ташаккули низоми мустақили сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, таъсиси ниҳодҳои нави давлатӣ ва муайян намудани самтҳои стратегии рушди кишвар тавсиф мешуд. Вале оғози соҳибистиқлолӣ бо мушкилоти ҷиддии сиёсиву иҷтимоӣ ва муноқишаи дохилӣ ҳамроҳ гардид.
Дар чунин вазъият масъалаи нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи тамомияти арзии кишвар ва таъмини ваҳдати ҷомеа ба яке аз вазифаҳои асосии давлат табдил ёфт. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар раванди минбаъдаи ташаккули низоми давлатдории миллӣ мавқеи муҳим касб намуд. Дар ин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Ин рӯйдод дар шароити мураккаби сиёсӣ сурат гирифта, оғози марҳилаи нави ташаккули сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли буҳрони сиёсиро ифода мекард. Иҷлосияи мазкур аз нигоҳи таърихӣ ҳамчун яке аз рӯйдодҳои муҳими раванди барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон арзёбӣ мегардад.
Дар ин замина, 16 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории Тоҷикистон рӯйдоди муҳим ба амал омад. Баъди интихоботи умумихалқӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XXI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда, расман ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ карданд. Ин воқеа бо ташаккули низоми нави конститутсионӣ ва муайян гардидани мақоми институти президентӣ дар сохтори ҳокимияти давлатӣ алоқаманд буд.
Ҳамин тариқ, 16 ноябр дорои ду паҳлуи муҳими таърихӣ мебошад: аз як тараф, ин сана бо оғози марҳилаи нави роҳбарии сиёсӣ дар соли 1992 ва аз ҷониби дигар, бо савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 алоқаманд аст. Ин робитаи таърихӣ барои дарки аҳаммияти имрӯзаи Рӯзи Президент заминаи муҳим фароҳам меорад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими давлати соҳибистиқлол мавҷудияти низоми муайяни ҳуқуқӣ ва сохтори муназзами мақомоти давлатӣ мебошад. Институтҳои конститутсионӣ заминаи асосии фаъолияти давлатро ташкил дода, муносибатҳои байни мақомоти ҳокимият, давлат ва шаҳрвандонро танзим менамоянд.
Мақоми ҳуқуқии Президент дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар боби чорум, муқаррар гардидааст.
Мутобиқи моддаи 64-и Конститутсия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия мебошад. Ҳамчунин, Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат ва мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ эътироф шудааст.
Моддаи 67-и Конститутсия бошад, тартиби савгандёдкунии Президентро муайян намуда, мазмуни масъулияти конститутсионии ин мақомро инъикос менамояд. Савганд ёд кардан дар назди халқ ва давлат ифодаи уҳдадории конститутсионӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, риояи қонун ва хизмат ба мардум мебошад.
Аз ин ҷиҳат, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муайяни сиёсиву ҳуқуқӣ дорад. Он имконият медиҳад, ки ҷомеа ба масъалаҳои эҳтиром ба Конститутсия, волоияти қонун, масъулияти мансабдорони давлатӣ ва нақши институтҳои конститутсионӣ таваҷҷуҳ намояд.
Истиқлолияти давлатӣ арзиши олӣ ва дастоварди бузурги таърихии ҳар як миллат ба шумор меравад. Аммо ҳифзи истиқлолият танҳо бо эълони он маҳдуд намешавад. Барои таҳкими воқеии истиқлолият мавҷудияти низоми устувори сиёсӣ, сохтори самараноки идоракунӣ, қонунгузории мукаммал, иқтисодиёти рушдёбанда ва ҷомеаи муттаҳид зарур мебошад.
Дар таърихи навини Тоҷикистон солҳои аввали истиқлолият бо мушкилоти ҷиддии сиёсиву иҷтимоӣ ҳамроҳ буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ расонида, сохторҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва идории кишварро заиф гардонида буд. Дар чунин вазъият барқарор намудани сулҳу субот, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи якпорчагии давлат вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт.
Раванди сулҳофарӣ ва музокироти байни тоҷикон, ки ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 оварда расонид, дар таърихи кишвар марҳилаи муҳим гардид. Ин раванд барои барқарорсозии ҳаёти осоишта, таҳкими эътимоди ҷамъиятӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи давлат замина гузошт.
Аз ин рӯ, ҳангоми баррасии аҳаммияти Рӯзи Президент зарур аст, ки он дар робита бо равандҳои умумии таърихии таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ таҳлил карда шавад. Моҳияти таърихии ин сана дар он зоҳир мегардад, ки он ҷомеаро ба омӯзиши таҷрибаи давлатсозӣ, арзёбии дастовардҳо ва дарки мушкилоти роҳи тайкардаи кишвар ҳидоят менамояд.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши бунёдии ҷомеаи Тоҷикистон бояд ҳамеша ҳифз ва таҳким дода шавад. Зеро рушди устувори кишвар бе ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми манфиатҳои умумимиллӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамкории созандаи тамоми қишрҳои ҷомеа имконнопазир аст.
Дар ин замина, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳамчун воситаи муҳими таҳкими ҳувияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумимиллӣ хизмат намояд.
Омӯзгори ДДМИТ
Шарипов Вайсиддин
Тоҷ
Рус
Eng