Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки дар шохиси ҷаҳонии «Қонун ва тартибот»-и Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» мақоми аввалро ишғол менамояд. Тибқи Гузориши ҷаҳонии амният барои соли 2026 (Global Safety Report 2026), ки аз ҷониби ин пажуҳишгоҳ нашр шудааст, Тоҷикистон бо касби 96 хол аз 100 холи имконпазир дар байни 140 кишвару қаламрави ҷаҳон пешсаф гардида, дар маводи пажуҳишгоҳ ҳамчун яке аз кишварҳои амнтарини минтақаи Авруосиёи пасошӯравӣ муаррифӣ шудааст. Барои давлате, ки ҳамагӣ се даҳсола пеш аз офати ҷанги шаҳрвандӣ гузаштааст, чунин натиҷа аҳамияти хос дорад. Зеро он гувоҳи он аст, ки сулҳу субот дар ин сарзамин ба ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии ҳаррӯзаи мардум табдил ёфтааст.

Шохиси мазкур бар асоси омори мақомоти милитсия ё судҳо тартиб дода намешавад. Дар соли 2025 дар 140 кишвар беш аз 143 ҳазор нафар аҳолии 15-сола ва аз он болоро мавриди пурсиш қарор додаанд. Аз ҷумла, ба онҳо савол дода шудааст, ки оё шабона дар маҳалли зисти худ танҳо гаштанро бехатар меҳисобанд, то кадом андоза ба мақомоти милитсияи маҳаллӣ эътимод доранд ва оё дар давоми як соли охир қурбони дуздӣ ё ҳамла шудаанд.

Аҳамияти ин усул дар он аст, ки дар он садои худи шаҳрвандон ба инобат гирифта мешавад ва ҳатто ҳодисаҳое, ки эҳтимолан ба мақомоти дахлдор расонида нашудаанд, аз мадди назар дур намемонанд. Ба ибораи дигар, шохиси мазкур вазъи амниятро аз нигоҳи модаре инъикос мекунад, ки фарзандашро ба мактаб гусел менамояд, коргаре, ки бегоҳ аз ҷойи кор ба хона бармегардад ва деҳқоне, ки шабона дар ҳавлии худ худро дар амон эҳсос мекунад.

Мақоми аввалини Тоҷикистон натиҷаи нишондиҳандаи маҷмуӣ буда, на танҳо ба як саволи алоҳида асос меёбад. Аз рӯи нишондиҳандаи эҳсоси амният ҳангоми шабона танҳо гаштан, 93 фоизи сокинони кишвар ҷавоби мусбат додаанд ва Тоҷикистон аз ин лиҳоз низ дар қатори даҳгонаи пешсафи ҷаҳон қарор гирифтааст. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон эҳсоси амният ва эътимод ба муҳити иҷтимоӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Зеро амнияти воқеӣ танҳо дар сурати ҳамоҳангии эҳсоси бехатарӣ, таҷрибаи рӯзмарраи шаҳрвандон ва эътимод ба ниҳодҳои давлатӣ пойдор мегардад.

Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки дар қатори кишварҳои пешсаф давлатҳое қарор доранд, ки аз ҷиҳати низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва тарзи зиндагӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз ҷумла, Сингапур, Амороти Муттаҳидаи Араб бо 95 хол, Ветнам бо 94 хол, инчунин Баҳрайн ва Исландия бо 93 хол аз ҷумлаи кишварҳои дорои нишондиҳандаҳои баланди амниятӣ мебошанд. Ин воқеият бори дигар собит месозад, ки амният танҳо ба сатҳи сарватмандӣ ё мавқеи ҷуғрофии кишвар вобаста нест. Омили муҳим дар ин самт эҳтиром ба қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва фаъолияти самараноки ниҳодҳои давлатӣ мебошад.

Решаҳои таъмини амнияту суботи Тоҷикистонро метавон дар чанд омили муҳим ҷустуҷӯ намуд.

Аввалан, сулҳу ваҳдати миллӣ. Бо иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санади таърихӣ барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва оғози марҳилаи нави рушди кишвар заминаи устувор фароҳам овард. Тоҷикистон аз марҳилаи низоъ ба давраи созандагию бунёдкорӣ ворид гардид.

Дуюм, анъанаҳои неки миллӣ ва арзишҳои иҷтимоӣ. Маҳалла, ҳамсоягӣ, эҳтироми калонсолон, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти мутақобила аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар таҳкими суботи ҷомеа нақши муҳим доранд. Дар муҳите, ки ҳамсоя аз аҳволи ҳамсоя огоҳ аст, калонсолон ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунанд ва аъзои ҷомеа нисбат ба якдигар бетараф нестанд, барои пешгирии рафторҳои номатлуб заминаи мусоид фароҳам меояд.

Сеюм, сиёсати ҳуқуқии давлат ва фаъолияти ниҳодҳои дахлдор. Татбиқи барномаҳои пешгирии ҷинояткорӣ, таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва мубориза бо зуҳуроти номатлуб аз омилҳои муҳими таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба шумор мераванд.

Чорум, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ. Бо дарназардошти вазъи мураккаби геополитикӣ ва таҳдидҳои фаромиллӣ, ҳифзи сарҳад, мубориза бо терроризму экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз самтҳои муҳими сиёсати амниятии кишвар ба ҳисоб мераванд.

Натиҷаи бадастомада аҳамияти муҳими ҳуқуқӣ низ дорад. Ҳуқуқи ҳар инсон ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ дар моддаи 3-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва моддаи 9-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ муқаррар гардидааст. Ин ҳуқуқҳо дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кафолат дода шудаанд.

Ҳамчунин, Ҳадафи 16-уми Рӯзномаи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид бо номи «Сулҳ, адолат ва ниҳодҳои қавӣ» ба ташаккули ҷомеаҳои осоишта, таъмини дастрасӣ ба адолат ва таҳкими ниҳодҳои давлатӣ равона шудааст. Аз ин лиҳоз, натиҷаи назарсанҷии байналмилалии «Gallup»-ро метавон яке аз нишондиҳандаҳои муҳими арзёбии эҳсоси амният дар ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Дар ин замина, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳу субот ва рушди фарҳанги сулҳ низ қобили зикр мебошанд. Аз ҷумла, ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ гардидааст, идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёнаи кишвар ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон бо таҷрибаи таърихии худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ барои рушди устувори давлату ҷомеа заминаи асосӣ мебошанд.

Амният на танҳо арзиши иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, балки сармояи муҳими иқтисодӣ низ мебошад. Сармоягузорону сайёҳон пеш аз ҳама ба кишварҳое таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, ки дар онҳо суботи сиёсӣ, амнияти шаҳрвандон ва шароити мусоиди фаъолият таъмин гардидааст. Тибқи маълумоти омории пешниҳодшуда, соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 8,4 фоиз афзуда, ба 173 миллиард сомонӣ расидааст. Дар ҳамин давра ба Тоҷикистон 2 миллиону 104,7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ташриф овардаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 31,3 фоиз зиёд мебошад.

Бешубҳа, чунин натиҷаҳо барои муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон аҳамияти муҳим доранд. Мақоми кишвар дар шохиси ҷаҳонии «Gallup» метавонад ҳамчун яке аз нишондиҳандаҳои мусбати муҳити амниятӣ дар маъракаҳои муаррифии сайёҳӣ ва сармоягузорӣ истифода шавад.

Бо вуҷуди ин, нигоҳ доштани мақоми бадастомада аз расидан ба он осонтар нест. Ин масъулияти на танҳо як насл, балки тамоми ҷомеа мебошад. Ба андешаи мо, барои ҳифзу таҳкими дастовардҳои мавҷуда таваҷҷуҳ ба чанд самти муҳим зарур аст.

Пеш аз ҳама, бояд ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ ва сохторҳои ҷамъиятӣ боз ҳам густариш ёбад. Дуюм, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, омӯзиши таърихи сулҳу ваҳдати миллӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун бояд дар муассисаҳои таълимӣ тақвият дода шавад. Сеюм, бо назардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ, масъалаи пешгирии ҷиноятҳои киберӣ, қаллобии интернетӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. Чорум, зарур аст, ки дар муассисаҳои илмии кишвар таҳқиқоти мунтазам оид ба омилҳои таъмини амнияти шахсӣ гузаронида шуда, натиҷаҳои назарсанҷиҳои байналмилалӣ бо нишондиҳандаҳои омори расмӣ муқоиса ва таҳлил карда шаванд.

Ҷавононе, ки имрӯз дар фазои сулҳу субот ба камол мерасанд, бояд ин мероси гаронбаҳои таърихиро бо дониш, маърифат, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун идома диҳанд. Зеро ҳифзи сулҳу ваҳдат танҳо вазифаи давлат нест, балки қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад.

Хулоса, ченаки воқеии амният на танҳо рақамҳо ва нишондиҳандаҳои оморӣ, балки оромии қалби инсонҳост. Ин оромиро метавон дар чеҳраи модаре дид, ки фарзандашро бегоҳирӯз бе нигаронӣ ба кӯча гусел мекунад; дар эътимоди падаре, ки аз ояндаи фарзандонаш хотирҷамъ аст ва дар зиндагии ҷомеае, ки бо умеду боварӣ ба фардо менигарад.

Имрӯз натиҷаи назарсанҷии байналмилалии «Gallup» ин эҳсоси амниятро бо рақами 96 ифода кардааст. Аммо ҳифзи ин дастоварди арзишманд аз ҳар яки мо масъулияти бештар, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳми фаъолона дар таҳкими сулҳу суботро тақозо менамояд. Зеро сулҳ танҳо дастоварди дирӯза нест, балки масъулияти имрӯза ва кафолати фардои дурахшони наслҳои оянда мебошад.

 

Ҷовидон ХАЛИФАЗОДА,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ