Ҷавонӣ фасли зеботарин, пуршӯрутарин ва лаҳзаи тиллоии умри ҳар як инсон аст. Баҳорест, ки дар он орзуҳо бол мекушоянд, нерӯ ва ғайрат ба авҷи аъло мерасад ва ҷаҳонбинӣ шакл мегирад. Барои миллати тоҷик, ҷавонӣ танҳо як марҳилаи синнусолӣ нест, балки он рамзи шукуфоӣ, ояндаи дурахшон ва ва кафили амнияту пешрафти давлат ба шумор меравад.

Ҳар сол мо санаи 23-юми май-ро ҳамчун “Рӯзи ҷавонон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирем. Ин сана беҳуда интихоб нагардидааст, зеро маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1997, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтрам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти аввалини расмии худро бо намояндагони ҷавонони кишвар баргузор намуд ва дар ҳамон вақт Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон уфуқҳои навро кушод ва ба онҳо имконияти беназир дод, ки дар фазои сулҳу субот ва озодӣ ба камол расанд. Имрӯз ҷавонони мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа - аз илму маориф ва техникаю технология то варзишу фарҳанг ва сохторҳои низомӣ пешсаф ва ташаббускор мебошанд. Онҳо бо нишон додани маҳорати баланди худ дар арсаҳои байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд ва номи ватани худро дар ҷаҳон машҳур месознад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки чӣ тавр варзишгарони ҷавони мо бо ба даст овардани медалҳо дар бозиҳои олимпию мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, донишҷӯёни мо бо пирӯзӣ дар олимпиадаҳои илмии байналмилалӣ ва ихтироъкорони ҷавони мо бо тарҳҳои нави худ номи Тоҷикистонро баланд мебардоранд. Ин ҳама дастовардҳо нишонаи он аст, ки ҷавонони тоҷик сазовори боварии халқу давлатанд ва хуб дарк мекунанд, ки ояндаи ин сарзамини аҷдодӣ дар дастҳои тавоноӣ онҳо аст.

Дар маркази тамоми ин таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ҷавононро ҳамчун ояндаи миллат ва нерӯи тавонои созандаи кишвар эълон доштанд. Онҳо ҳамеша таъкид менамоянд, ки сармоягузорӣ ба соҳаи ҷавонон ва маорифи онҳо, сармоягузорӣ ба ояндаи ободу сабзи Тоҷикистон аст!

Дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар нисбат ба ҷавонон дар соҳаҳои маориф, варзиш, фарҳанг ва идоракунии давлатӣ баръало намоён аст. Таъсиси стипендияҳои президентӣ, квотаҳои давлатӣ барои таҳсили ҷавонони минтақаҳои дурдаст дар донишгоҳҳои ватаниву хориҷӣ, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат” бо мақсади кашф ва дастгирии истеъдодҳои ҷавонон роҳандозӣ шудаанд.

Пешвои миллат бо ғамхории падаронаи худ шароити мусоидро барои таҳсил, кор ва рушди эҷодии насли ҷавон муҳайё намуда, онҳоро ҳамеша ба омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои нав ҳидоят мекунанд. Зери сояи ин сиёсати бунёдкорона, ҷавонони мо имрӯз ба як қувваи бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфтаанд, ки дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши калидӣ мебозанд.

“Иди ҷавонӣ”-и мо имрӯз дар фазои сулҳу субот таҷлил мегардад. Ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон насли хушҳоле ҳастанд, ки дар шароити озодӣ, дастрасӣ ба технологияҳои муосир ва имкониятҳои фарохи ҷаҳонишавӣ ба воя мерасанд.

Бо вуҷуди ин, “Иди ҷавонӣ” -и мо на танҳо тантанаи хурсандӣ, балки фурсати муносиб барои андеша ва хулосабарорӣ дар мавриди вазифаҳои оянда мебошад. Дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки бо таҳдидҳои нави глобалӣ аз қабили экстремизм, терроризм ва коҳиши арзишҳои ахлоқӣ рӯ ба рӯ аст, масъулияти ҷавонон чандин баробар афзоиш меёбад. Ҷавонони мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба зиракӣ ва дониши худ такя кунанд, то ба доми фиреби гуруҳҳои манфиатҷӯй наафтанд. Зиёд намудани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таъриху замони гузашта, ҳифзи забони модарӣ ва урфу одатҳои миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддасе мебошанд, ки ҳар як ҷавон бояд онҳоро вазифаи худ қарор диҳад.

Мо - ҷавонони саодатманди ин диёр хуб дарк мекунем, ки ояндаи ин кишвар дар дасти мост ва мо бояд парчами истиқлолиятро ба наслҳои баъдӣ парафшон бисупорем.

Бо шарофати дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо имрӯз тамоми шароити лозимаро барои рушд дорем ва вазифадорем, ки ин имкониятҳоро барои боло бурдани нуфузи давлатамон дар ҷаҳон, самаранок истифода барем.

Садоқати ҷавонон ба Ватан - Модар дар лаҳзаҳои ҳассос ҳамеша собит шудааст ва ин неруи бузург кафолати он аст, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба гузашта барнамегардад ва ҳамеша дар роҳи рушду шукуфоӣ хоҳад буд.

Саодати ҷавонии мо дар он аст, ки мо соҳиби Ватани озод ва ҷомеаи рӯ ба рушд ҳастем ва вазифаи муқаддаси мо ҳифзи ин неъматҳо ва супоридани Тоҷикистони боз ҳам ободтару зеботар ба наслҳои оянда аст.

Иди ҷавонӣ муборак, насли созанда ва ояндасози Тоҷикистон!

 

Нилгуна АБДУЛҲАҚОВА -

узви созмони ҷамъиятии

“Пайравони Пешвои миллат”