Ҳамасола 23 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин сана барои ҷавонон рамзи эҳтирому эътимоди давлат нисбат ба насли ҷавон ба шумор меравад. Зеро ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа, идомадиҳандаи роҳи бузургони миллат ва ояндасозони давлату миллат мебошанд. Маҳз ба ҳамин хотир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.

Бо мақсади бозгӯи андеша ва мавқеи ҷавонони донишгоҳӣ кормандони нашрияи донишгоҳии “Молия ва иқтисод”-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи ҷавонон бо раисони созмонҳои ҷавонони факултаҳои донишгоҳ суҳбат анҷом дода, назари онҳоро оид ба масъалаҳои муҳими ҷавонон, таҳсил, фаъолияти ҷамъиятӣ, технологияҳои нав ва худшиносии миллӣ пурсон шуданд:

РАИСИ СОЗМОНИ ҶАВОНОНИ ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ БЕҲРӮЗ НАСРИДДИНОВ

зимни посух ба савол дар бораи муҳим будани дипломи аъло ё таҷрибаи амалӣ иброз дошт, ки ҷаҳони имрӯз аз ҷавонон ҳам дониш ва ҳам таҷрибаро талаб мекунад. Дипломи аъло заминаи қавии назариявӣ фароҳам оварда, сатҳи дониш ва қобилияти омӯзиши шахсро нишон медиҳад. Аммо таҷрибаи амалӣ ба ҷавонон имкон медиҳад, ки бо муҳити воқеии корӣ ошно гардида, малакаҳои касбӣ, роҳбарӣ ва муоширатро аз худ намоянд.

- Имрӯз бисёре аз корфармоён, пеш аз ҳама, ба таҷрибаи амалии довталабон таваҷҷуҳ мекунанд. Аз ин рӯ, донишҷӯён бояд ҳанӯз дар давраи таҳсил барои такмили малакаҳои касбӣ ва иштирок дар таҷрибаомӯзиҳо кӯшиш намоянд. Танҳо ҳамоҳангии дониш ва таҷриба метавонад ҷавонро ба мутахассиси рақобатпазир табдил диҳад, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

 

ШУКРУЛЛО ЗОКИРЗОДА, РАИСИ СОЗМОНИ ҶАВОНОНИ ФАКУЛТЕТИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ ВА АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ,

фаъолияти ихтиёрӣ ё волонтёриро яке аз роҳҳои муҳими ташаккули шахсияти ҷавонон арзёбӣ намуд: “Волонтёрӣ на танҳо кори ҷамъиятӣ, балки мактаби воқеии зиндагӣ мебошад. Донишҷӯён тавассути иштирок дар чорабиниҳо ва корҳои ҷамъиятӣ малакаҳои муошират, масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва кор дар гурӯҳро аз худ мекунанд.

Фаъолияти волонтёрӣ барои донишҷӯён имкон фароҳам меорад, ки пеш аз ворид шудан ба бозори меҳнат бо муҳити воқеии корӣ шинос шаванд. Ҳамчунин, таҷрибаи волонтёрӣ метавонад ҳангоми дарёфти ҷойи кор ба ҷавонон кумак намояд, зеро имрӯз бисёре аз корфармоён ба фаъолияти ҷамъиятии ҷавонон таваҷҷуҳ мекунанд”.

 

РАИСИ СОЗМОНИ ҶАВОНОНИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ ҲОШИМҶОН БОБОЕВ

зимни шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” иброз дошт, ки давлат барои ҷавонон ва донишҷӯён шароити мусоиди таҳсил ва рушдро фароҳам овардааст. Дар доираи ин қонун ҷавонон аз имтиёзҳои гуногун, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ, дастгирии ташаббусҳои илмӣ ва фарҳангӣ, мусоидат ба шуғл ва омӯзиши касбу ҳунар бархӯрдор мебошанд.

- Имрӯз дар назди ҷавонон имкониятҳои зиёде мавҷуданд ва ҳар як ҷавон бояд аз онҳо самаранок истифода барад. Сиёсати давлатии ҷавонон барои ташаккули насли донишманд, ватандӯст ва соҳибкасб заминаи устувор гузоштааст, - мегӯяд ӯ.

 

АКМАЛ САФАРОВ, РАИСИ СОЗМОНИ ҶАВОНОНИ ФАКУЛТЕТИ МЕНЕҶМЕНТ ВА ҲУҚУҚИ ИҚТИСОДӢ

зимни шарҳи шиори Пешвои миллат “Ҷавонон ояндаи миллатанд” гуфт, ки ин сухан рамзи эътимоди давлат ба ҷавонон мебошад. Ӯ иброз дошт, ки ҳар як ҷавон бояд масъулияти худро дар назди Ватан эҳсос намояд ва барои ободии кишвар саҳм гузорад.

Имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногун, илм, варзиш, фарҳанг ва технология дастовардҳои назаррас доранд. Ин муваффақиятҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон воқеан қодир ҳастанд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.

 

ТАБРЕЗ АЗИЗМУРОДЗОДА, РАИСИ СОЗМОНИ ҶАВОНОНИ ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

пешниҳод намуд, ки барои ҷолибтар ва пурмазмун гардидани ҳаёти донишҷӯён лоиҳаи “Сайёҳати донишҷӯён” амалӣ карда шавад. Тоҷикистон дорои мавзеъҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ мебошад ва ҷавонон бояд аз таърихи миллат ва ёдгориҳои ниёгон огоҳ бошанд.

Ба гуфтаи ин донишҷӯи фаъол, сафар ба ҷойҳои таърихӣ метавонад ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҷаҳонбинии ҷавононро тақвият бахшад. Чунин сафарҳо на танҳо истироҳат, балки як дарси зиндаи таърих ва фарҳанг барои ҷавонон мебошанд.

 

АБДУМУҲАЙМИН МИРЗОЗОДА, РАИСИ СОЗМОНИ ҶАВОНОНИ ФАКУЛТЕТИ ҲИСОБДОРӢ ВА ОМОР

дар мавриди нақши зеҳни сунъӣ (AI) дар ҷомеаи муосир иброз дошт, ки технологияҳои рақамӣ имрӯз ба як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти инсон табдил ёфтаанд. Зеҳни сунъӣ метавонад бисёре аз корҳои техникиро осон намояд, аммо ҷойи инсонро пурра гирифта наметавонад.

Инсон ҳанӯз дар масъалаҳои эҷодкорӣ, ахлоқ, масъулият ва муносибатҳои иҷтимоӣ бартарӣ дорад. Ҷавонон бояд омӯзиши технологияҳои нав, забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дақиқро ҷиддӣ гиранд, то дар оянда мутахассисони рақобатпазир бошанд.

 

ПАЙҒОМ ТУҲУРЗОДА, РАИСИ СОЗМОНИ ҶАВОНОНИ ФАКУЛТЕТИ МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

нақши созмонҳои ҷавононро дар пешгирии ифротгароӣ ва таассуб муҳим арзёбӣ намуд. Имрӯз баъзе гурӯҳҳои ифротӣ кӯшиш доранд ҷавонони ноогоҳро ба роҳҳои нодуруст ҷалб намоянд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар байни ҷавонон хеле муҳим аст.

Ба гуфтаи ӯ, созмонҳои ҷавонон метавонанд тавассути баргузории семинарҳо, вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ донишҷӯёнро ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд. Ҳамчунин, машғул будан ба варзиш, илм, фарҳанг ва фаъолияти ҷамъиятӣ ҷавононро аз таъсири ақидаҳои ифротӣ дур нигоҳ медорад.

Ҳамсуҳбатон дар фарҷоми суҳбат таъкид намуданд, ки имрӯз донишҷӯёни ДДМИТ ҳамчун неруи бузурги созанда дар пешрафти ҷомеа саҳми назаррас доранд. Онҳо дар озмунҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва корҳои илмӣ муваффақона иштирок намуда, номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардоранд.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки ҷомеа бо пешрафти босуръати технология, ҷаҳонишавӣ, рақобати иқтисодӣ ва таҳдидҳои гуногуни иттилоотӣ рӯ ба рӯ мебошад, нақши ҷавонон боз ҳам муҳимтар мегардад. Аз ҷавонони имрӯз талаб карда мешавад, ки босавод, ҷаҳонбин, ватандӯст, худогоҳ ва дорои малакаҳои муосир бошанд. Ҳамзамон, ҷавонон бояд арзишҳои миллӣ, фарҳанги аҷдодӣ ва манфиатҳои давлатро ҳифз намуда, барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Дар ҳақиқат, ояндаи ҳар як миллат аз ҷавонони он вобаста аст. Агар ҷавонон донишманд, худогоҳ, ватандӯст ва дорои ахлоқи ҳамида бошанд, давлат низ рушд намуда, ҷомеа ба пешрафту субот мерасад. Аз ин рӯ, дастгирии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу фаъолият ва ҷалби онҳо ба корҳои созанда вазифаи муҳими ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд мебошад.

Мусоҳиб: Тағоймурод ЭШЗОДА